Нашрияи Омӯзгор

Мақсад: тарбияи инсони комил

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

 

Муносибати нав дар таълим талаб менамояд, ки пеш аз ҳама, салоҳиятҳои умумитаълимӣ муқаррар карда шаванд. Салоҳиятҳо ҳамчун натиҷаи таълимии фанҳои гуногун шинохта шуда, дар раванди таълими ҳар як фан такмил дода мешаванд.                               

Вазифаи фанни таълимӣ дар баробари инкишоф ва рушди системаи донишу малака ва маҳорати фанни таълимӣ ривоҷ додани маҳорату малакаи умумифаннӣ мебошад.       

Муносибати босалоҳият дар таълиму тарбия ин падидаест, ки бо пешрафт иртибот дорад. Раванди салоҳиятнокӣ чунон аст, ки ин диққати асосӣ ба ташаккули баланди фикрронӣ, гуногунии зеҳн ва фардикунонии таълим равона мегардад. 

Барои он ки шогирдон доно,закӣ ва хушзеҳн ба камол расанд, омӯзгоронро лозим аст, ки дар раванди таълим тарзу усулҳоеро истифода баранд, ки ба фаъолнокӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон сабаб шуда тавонанд.

Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳанда ба омӯзгорон имкон медиҳад,ки раванди таълимро назорат карда, тавассути маслиҳату роҳбаладӣ онро ба самти муайян барои расидан ба мақсадҳои таълим равона созанд. Ин навъи арзёбӣ ба шогирдон имкони инкишофи тафаккури зеҳниро ташаккул дода, малакаву маҳорати онҳоро дучанд менамояд.

Мақсади таълиму тарбия ба камол расондани инсони комил барои ҷамъият аст.

Мақсади асосии дарс ҳангоми тартиб додани банақшагирии мавзӯъҳо муайян карда мешавад. Дар дарс бояд ба кори инфиродӣ, гурӯҳӣ диққат дода шавад. Устод бояд ба гузаронидани кори мустақилона ва тавзеҳи он диққат диҳад. Истифодабарии аёниятҳои гуногун ва ранга сифати дарсро беҳтар мегардонад. Равиши дарс аз маҳорат, малака ва дониши устод вобастагӣ дорад. Дар раванди дарс қобилияти шогирдонро ба назар гириф-та, донишомӯзии онҳоро сайқал додан лозим аст. Барои он, ки дарс дар хотири хонандагон нақш бандад, онро бо шакл ва усулҳои гуногун гузаронидан лозим аст. Истифодаи бозиҳо дар дарсҳои фаннӣ усули бисёр хуб аст.

Методи бозӣ ба фаъолияти маърифатнок шудани кӯдакон мусоидат намуда, шавқу ҳаваси онҳоро барои зоҳир намудани қобилиятҳои эҷодии шахсӣ зиёд мегардонад. Ин метод ҳамкории ду ва ё зиёда талабагонро дар назар дорад. Шаклҳои бозӣ вазифаи таълимро хеле хуб ба ҷо оварда, назарияро бо амалия омехта, талабагонро фаъол менамояд. Бозӣ муҳити хуби мусобиқаро фароҳам оварда, кӯдаконро хушҳол мегардонад. Ин усулро метавон дар ҳама категорияҳои синусолӣ истифода бурд.

 Гулнисо  Ҷӯрақулова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш