Нашрияи Омӯзгор

Нишасти онлайнии маорифчиёни Тоҷикистону Беларус

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

18-уми июни соли ҷорӣ нахустин ҷаласаи муштараки онлайнии гурӯҳи кории Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Қодирзода, муовини раиси Кумитаи давлатии илм ва технологияи Ҷумҳурии Беларус С.Шербаков ва масъулини маориф ва илми кишарҳо ширкат варзиданд.

Зимни нишаст ҷонибҳо вобаста ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои илмию техникии Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки илмию техникии ҳамкориҳо, эълони озмунҳои муштарак дар самти лоиҳаҳои илмию техникӣ барои солҳои 2021-2022, баргузор намудани ҳамоишҳои муштараки илмӣ ва илмӣ-техникӣ, аз ҷумла, конфронс, семинар, намоишгоҳ, ба роҳ мондани мубодилаи таҷрибаи олимону муҳаққиқон, рушди имкониятҳо дар самти мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, аъзои гурӯҳи кории Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология ба мувофиқа расиданд, ки барои танзими фаъолияти минбаъда Низомномаи гурӯҳи корӣ ва Барномаи иҷрои ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2020-2021 таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш