Нашрияи Омӯзгор

Шеър – ёвари омӯзгор

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 50        Шарҳ: 0

 

Барои он ки дарси таърих рангину ҷолиб ва пуртаъсир бошад, омӯзгорони ин фан аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд. Усулҳои таълими тафриқа, ҳамгиро ва босалоҳият, ки аз ҷониби муаллимони аксари фанҳо истифода мешаванд, ҳар кадоме ба андозаи муайян ба болоравии сатҳи таҳсилоти шогирдон мусоидат мекунанд. Омӯзгор бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад ва барои такмили мазмуну мундариҷаи машғулиятҳояш бо хонандагон аз сарчашмаҳои гуногун истифода намоянд. Ман дар баробари омилҳову воситаҳои дигари мақбулу пурсамар дар ҷараёни таълиму тарбия аз эҷодиёти адибони номвари ҷумҳуриамон ба таври васеъ истифода менамоям. Хушбахтона, дар осори адибони мо ба таърихи миллат таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад ва қаламкашони тоҷик дар бозгӯи бадеии таърихи кишвар хеле мумтозанд.

Махсусан, дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эътибор ва муроҷиати аҳли эҷод ба таърихи миллат ба маротиб афзуд. Дар адабиёти тоҷик асарҳое, ки дар ҳошияи ҳодисаву рухдодҳои марҳилаҳои гуногуни таърих офарида шудаанду асарҳои таърихӣ ном доранд, хеле зиёданд. Эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ саропо ҳамбаста бо таърих аст. Асарҳои таърихии адибони маъруфи тоҷик С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ. Р.Ҳодизода, Кӯҳзод… дар сатҳи баланд ва бо риояи ҳақиқати таърих навишта шудаанд ва донишафзои шогирдони мо оид ба рӯйдодҳои мухталифи таърихи миллат мебошанд.

Шоирони тоҷик низ дар инъикоси саҳнаҳои таърихи миллат дар ашъорашон дасти гиро ва табъи баланд доранд. Масалан, достони «Ҳасани аробакаш»-и устод Мирзо Турсунзода дар бораи таърихи халқи тоҷик дар солҳои аввали Инқилоби Октябр ба хонандагон маълумоти ҷолибу хотирмон медиҳад. Ашъори таърихии М.Миршакар, М.Қаноат, Ғ.Мирзо, Ҳ. Ғоиб, Қ.Киром, Б.Собир ва дигаронро ҳаводорони каломи бадеъ бо шавқ мутолиа мекунанд ва истифода аз ин гуна ашъори шоирон низ дарси таърихро мукаммалтар месозад.

Миёни шоирони муосири тоҷик устод Лоиқ Шералӣ дар эҷодиёти хеш ба таърих нисбат ба ҳампешагонаш бештар, пурмаҳсултар ва ҳадафмандтар рӯй овардаву дар ин замина як силсила ашъори дилангезу пуртаъсир ва ибратомӯз иншо бинмудааст. Агар устод дар як қатор шеърҳояш зимни мавзӯъҳои дигар ба таърих ва лаҳзаву рухдодҳои таърихӣ ишораҳо кардаву суханашро тақвият бахшида бошад, дар силсилаи дигари шеърҳояш таърихро дар меҳвари мавзӯъ гузоштааст. Шеърҳои машҳуру пурмазмуни ӯ, аз қабили «Кӯҳистон» «Араб гӯянд Синоро гурӯҳе», «Айнӣ», «Таърих гувоҳ аст», «Оли Сомон», «Хоки Ватан», «Аҳмади Дониш», «Тиллои Бухоро», «Дар Бухорою Самарқанд», «Гӯри Дониш дар куҷост?», силсилаашъори «Илҳом аз «Шоҳнома»… равшангару инъикоскунандаи таъсиргузори лаҳзаҳои мондагори паҳнои таърихи пурҳаводиси халқи тоҷик мебошанд. Аз ин шеърҳои баландмазмун ман зимни дарсҳоям вобаста ба мавзӯъ васеъ истифода менамоям. Барои мисол пораеро аз шеъри «Оли Сомон» меоварем:

Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон,

Бӯстоне дар миёни шӯразорон,

Гулхане дар лобалои кӯрдуд,

Паҳлавоне дар миёни нотавонон –

Оли Сомон!

Ҳангоми тавзеҳи мавзӯи «Давлати Сомониён» ин шеър боиси муассиру ҳадафгир шудани баёни омӯзгор мешавад, зеро сухане, ки бо назми олӣ гуфта шудааст, таъсири дигару бештар дорад. Шарҳи калимаю ибораҳои «маснад», «ҳалқаи саҳронишинон», «бӯстон», «шӯразорон», «гулхан», «кӯрдуд»… ба амиқтар азхуд шудани мавзӯъ аз ҷониби хонандагон мусоидат мекунад.

Идомаи ин шеър боз ҳам фарогиртар аст. Ба ин гуна бо шеърҳои дигари устод Лоиқ Шералӣ низ метавон шарҳи мавзӯъҳои алоҳидаро аз дарси таърих фарогиртар ва шавқангезтар сохт. Ба фикри ман, эҷодиёти ин шоири тавонои миллат дар маҷмӯъ замимаест ба китоби таърихи Ватани маҳбуб.

 

Махфират ШАРИФОВА,

омӯзгори таърихи

мактаби №37-и ноҳияи Сино 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш