Нашрияи Омӯзгор

Душмани кисагӣ

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 66        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон ба системаи ягонаи ҷаҳонишавӣ ворид гардид. Вале баъзан шахсони хиёнаткор ва душмани  миллату давлат ба амнияту истиқлолияти миллии худ аз хориҷ истода халал мерасонанд. Тавассути расонаҳои гурӯҳҳои ифротгаро қасдан кӯшиш менамоянд, ки оромию осудагиро дар ҷомеа халалдор созанд. Ба мисли Мирзои Салимпур!

Сомонаи “Ахбор.ком”, ки дар фазои интернетӣ ва идеологӣ гардиш мекунад, бо иғвоҳои сардабираш ва матлабҳои бадномкунандаи Мирзои Салимпур нисбат ба давлат ва миллати мо маводи сиёҳро нашр ва пахш мекунад. Ҳар як инсон бо ақли солим худ дар замони муосир аз рӯи ҳақиқат хулосабарорӣ намуда метавонад, ки дар паси ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва сомонаҳои ифротӣ манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ қарор дорад.

Номбурда дар матлабаш бо чандин ҳарфи дашном якчанд нафару гурӯҳро маҳкум кардааст. Ҳамчунин, дар матлаби ӯ зикр мегардад, ки “сомонаи “Ахбор” ҳамчун як расонаи мустақил, холис ва бетараф ташкил ёфтааст”. Хуб, савол ба Салимпур ин аст, ки ӯ худ дар Прага ҳаст ва дар матлабҳояш ҳамеша зикр мешавад, ки “як манбаи “Ахбор” иттилоъ дод”. Кадом манбаи “Ахбор”? Чаро ягон манбаи “Ахбор” ақаллан ном надорад? Шояд Салимпур даъво мекунад, ки ҳифзи манбаъ аз муҳимтарин вазифаи журналист маҳсуб мешавад? Хуб бошад, аммо ба забони худи ӯ иттилооти “Ахбор” аз маълумоти “занҳои лаби ҷӯй” чӣ фарқият дорад? Мо бе дашному бе таҳқир мегӯем. Салимпур дар раддияву ҷавобҳо далелро хостгор аст. Саволи дигар. Дар хабарҳои худи “Ахбор” оё ягон далели воқеӣ мавҷуд аст?

Дар кадом матлаби “Ахбор” риояи тавозун ба назар мерасад? Ақаллан як матлабаке ҳаст, ки бо дарназардошти принсипҳои байналхалқии журналистика навишта шуда бошад? Сомонаи “Ахбор” фақат аз куштору хунрезӣ, садамаву фаҳшкорӣ мегӯяд? Дар сомона ягон матлабе, ки беғараз бошад, магар вуҷуд дорад? Ва ниҳоят, дар мавриди пул гирифтан ва нагирифтани Салимпур. Якчанд саволи сода. Фаъолияти “Ахбор” аз кадом ҳисоб аст? Зиндагии Салимпур аз кадом ҳисоб мегузарад? Маблағҳо барои манобеи “Ахбор” аз кадом ҳисоб пардохт мешавад?

Салимпур даъвои бо далел ҳарф заданро дорад. Инак, чанд саволе, ки дар боло гузошта шуд, бо далели қотеъона ба он ҳама худи Мирзои Салимпур ҷавоб гуфт, ки чанд мисоли овардашуда ҳақиқат дорад ва худаш ҳам инро тасдиқ хоҳад намуд.

 Парвиз БАҲРИДДИНЗОДА,

ходими илмии АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш