Нашрияи Омӯзгор

Суол медиҳаму посух…

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Солҳои 80-уми асри гузашта ман дар мактаби иттифоқҳои касабаи ИҶШС таълим мегирифтам ва моро бо усулҳои гуногуни мубориза бо бемориҳои сироятӣ шинос менамуданд. Бо паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар кишвари мо маро эҳсоси нигаронӣ барои наздикон ва аҳолии Тоҷикистон фаро гирифт. Аммо аз он ки вирус ба Тоҷикистон низ ҳамлавар шудааст, баъзе нафарони кӯрдил, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни ӯ изҳори хушнудӣ намуданд. Онҳо бар он ақидаанд, ки ин вабо ба онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон, яъне халалдор кардани авзои ҷомеа мусоидат менамояд.

Фаъол шудани М.Кабирӣ дар ин давра аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ  роҳи дуюм, роҳи душманӣ ва хиёнатро ба халқу ватани худ интихоб намудааст. Ӯ  илоҷи дигар ҳам надорад ба ҷуз он ки итоат намояд ва ҳар фармудаи саркардагонашро филфавр иҷро кунад. Маълум гардид, ки Кабирӣ дар тахтаи шоҳмот ҳеҷ гуна афсар нест, балки донаи қаторист дар бозии аҷнабиён бо нияти суст намудани пояҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон. Итминони комил дорам, ки истифода аз мушкилоти ба вуҷуд омада вобаста ба пандемияи коронавирус аз ҳадафҳои стратегии онҳо дар ин давра мебошад. Яқин аст, ки бо мурури маҳдуд шудани пандемияи коронавирус дар кишвар пойдеворе, ки Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ  дар болои он бинои хаёлии худро сохтанӣ буданд, барбод меравад, зеро он пойдевор бебунёд аст. Мо медонем, ки ғояҳои экстремистии ҳизбӣ дар Тоҷикистон мамнуъ дар саросари ҷумҳурӣ, алалхусус, дар ноҳияҳои Фархор, Бохтар, Вахш, шаҳрҳои Кӯлоб, ва Душанбе чӣ фоҷиаеро ба бор оварда буданд. Бар хилофи Кабирӣ ва аъзои тими ӯ  дар бисёр кишварҳо неруҳои солими оппозитсионӣ бар он мекӯшанд, ки на дар сухан, балки дар амал ба пешрафти кишварҳои худ мусоидат намоянд, то ин ки одамон зиндагии беҳтар дошта бошанд. Сарварони неруҳои оппозитсионӣ аз Кабирӣ хеле боақлтару хирадманду дурбинтаранд, маълумоти хуб, одобу услуб ва фарҳанги сиёсӣ доранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ фоҷиаи инсонҳоро ба мақсадҳои сиёсии худ истифода намебаранд.  Дар робита ба ин, мехоҳам ба сад суоле, ки маро ва дӯ стонамро ба ташвиш оварданд посух пайдо кунам. Инак, он суолҳо:

1. Кӣ аз сарварони ҷаҳонии оппозитсия мансубияти худро ба хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ пинҳон намекунад ва ба таври ошкоро бар алайҳи кишвари худ ва халқи худ фаъолияти харобкунанда мебарад? Ҷавоб: ҳеҷ кас ба ҷуз “сиёсатмадори” миқёси ҷаҳонӣ ва на миқёси ҷумҳуриявӣ – Кабирӣ.

2. Кадоме аз сарварони неруҳои оппозитсионӣ дар ШМА, Аврупо ё Россия бо истифода аз фоҷиаи умумиинсонӣ – паҳншавии коронавирус дар кишвар ҳокимияти иҷроияи кишвари хешро гунаҳкори ҳама нокомиҳо эълон менамояд? Ҷавоб: ягон нафар сиёсатмадор дар ягон гӯшаи ҷаҳон.

3. Кадоме аз неруҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон дар чунин давраи барои халқҳо ва кишварҳо ниҳоят гарон фоҷиаи инсониро барои татбиқи ҳадафҳои ночизи ҳизби хеш, барои амалӣ сохтани ғояҳои душманона, ки бештар табиати хусусӣ доранд, истифода мекунанд. Ҷавоб: касе ва ҳеҷ гоҳ, ба ҷуз М. Кабирӣ.

4. Кадоме аз неруҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон бо истифода аз фоҷиаи инсонӣ халқи худро ба саркашию эътироз ва ошӯб даъват менамояд? Ҷавоб: ҳеҷ кас, ба ҷуз М. Кабирӣ.

5. Кадоме аз сарварони оппозитсия дар ҷаҳон дар хориҷа пинҳон шуда ва ба истифода аз пандемия модарон ва хоҳарони худро ба амалҳои зидиконститутсионӣ даъват менамояд? Ҷавоб: ҳеҷ кас, ба ҷуз М. Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ .

6. Кӣ аз сарворони оппозитсия дар ҷаҳон ҳамарӯ за дар воситаҳои ахбори оммавӣ як зайл ҳамон як туҳматро ба ҳокимияти сиёсии кишвари хеш интишор месозад? Ҷавоб: ягон сиёсатмадоре, ки ба худ эҳтиром дорад, намегузорад, ки аз ӯ  тӯ тӣ созанд, инро ба худ фақат Кабирӣ раво мебинад.

7. Кӣ аз ҷонибдорони неруҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон камераи видеоӣ дар даст фоҷаи инсонӣ, гӯри фавтидагонро сабт менамояду онро бо мақсади бадном сохтани ҳокимият дар кишвар чун маводи ҳангомаҷӯ ёна  истифода мебарад? Ҷавоб: ҳеҷ нафар аз сарварон, ба ҷуз Кабирӣ ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ. Барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон ин амали ношоиста мамнуъ ҳисоб мешавад, ба ҷуз ТТЭ ҲНИ.

8. Ба ман ягон ташкилоти сиёсиеро дар ҷаҳон номбар кунед, ки ба элитаи сиёсии кишвари худ ягон иртибот надошта, бе иҷозати ИН ЭЛИТАИ СИЁСӢ аз номи он ҳарф мезанад? Ҷавоб: фақат Кабирӣ! баҳои ниҳоӣ додан ба нақшаҳои стратегии Кабирӣ ва иброз доштан, ки ин нақшаҳо пурра барҳам хурданд, ҳанӯз барвақт аст. Мо дар вазъияте ҳастем, ки агар оқилона ва ба манфиати шаҳрвандони кишвар кор барем, пас нақшаҳои Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ  ба мисли коронавирус маҳв ва ҷовидона гумном мешаванд.

 

Дилшод Муллоев,

мудири шуъбаи Институти

фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ , номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш