Нашрияи Омӯзгор

Устоди аввалин

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 56        Шарҳ: 0

 

Устоди арҷманди мо Шавкат Муродов яке аз муаллимони соҳибтаҷриба, пешқадаму нуктасанҷ, сахтгиру ҷиддӣ, серталаб ва методисти соҳибистеъдоди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 ба номи Чӯлибой Комилови деҳаи Оби Зулоли шаҳри Истаравшани бостонӣ буд. Шогирдони зиёдеро савод омӯхтаву дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудааст.

Айни ҳол онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳоҷагии халқ ва сохторҳои гуногунии давлатӣ кору фаъолият доранд. Банда низ ҳамчун шогирди ӯ дар мактаби номбурда, ки худи устод ба мо дарс дода буд, фаъолияти педагогӣ дорам. Хислатҳои неки инсонии устоди мо дар хотирҳо нақш бастааст, ки бароямон ҳамчун дарси ибрату ифтихор, шаъну шараф аст.  Мо, 18 нафар  ҳамсинф, аз ин устоди забардаст дар муддати чаҳор сол сабақ омӯхтем. Ӯ омӯзгори таҷрибаноке буд, ки ҳаргиз ба хонанда сухани таҳқиромез намегуфт, этҳтиёткорона ва дурандешона муносибат мекард. Баъзе ҳамсинфонамон супоришҳои додаашро иҷро накарда омада бошанд ҳам, ӯ асабӣ намешуд, балки, пас аз дарсҳо хонандаеро дақиқае чанд боздошта, мавзӯъро барояш иловатан шарҳ медод. Ягон маротиба надида будем, ки устод моро ранҷонда бошад. Бо дили гарм ва дурандешона рафтор мекард. Машғулиятҳоро доимо шавқовару босифат мегузаронд, ба дарсҳо бо тайёрии пухта меомад, серталабу ҷиддӣ буд. Ҳатто дар ҳазлу шӯхиҳо маҳорати баланд дошт. Вақте ки мо аз дарс хаста мешудем, зуд ин ҳолати моро пайгирӣ намуда, бо латифаҳои ҷаззоби худ хурсандамон мекард. Ҳатто мегуфт, ки: “Шогирдони азиз, вақте ки аз дарс хаста мешавед, ман ҳам хаста мешавам, чунки дили ман ба шумо месӯзад...” Устод сайругашти табиатро бисёр дӯст медошт,  зимни дарсҳои табиатшиносӣ гоҳо моро ба саҳро, боғ ва  соҳили дарёҳо ба сайругашт мебурд. Дар бораи олами атроф ва табиати зинда нақл мекард ва аз олимони фанҳои дақиқ ва педагогика оид ба нақшу мақоми табиат ва олами атроф иқтибосҳо меовард. Ҳамеша кӯшиш мекард, ки мо бештар дониш омӯзему илм азхуд намоем. Химики машҳури рус ва асосгузори системаи давраи элементҳои химиявӣ Д.И.Менделеев гуфта буд: «Фақат муаллиме, ки донишманд аст ва фаннашро дӯст медорад, ба талабагон таъсир расонида метавонад». Устодамон Шавкат Муродов ин хислатҳоро доро буд. Мо, шогирдон, заҳматҳои устоди азизро қадр менамоем. Устод Шавкат Муродовро тамоми ҳамдеҳагон, омӯзгорону шогирдони мактаб иззату эҳтиром мекарданд. Устоди мо содиқона ва софдилона заҳмат мекашид, ҳақгӯю ҳақҷӯ, мушоҳидакор ва нуктасанҷ буд. Дар дилаш орзую ниятҳои бисёр дошт, афсӯс, ки на ҳамаашон амалӣ гардиданд. Устод 16 январи соли 2010 дар 42 - солагӣ аз олам даргузашт.

Ҳар насле, ки ӯ аз мактаб соҳиби илму адаб мегардад, набояд ҳеҷ гоҳ заҳмату талошҳои устоди аввалини худро фаромӯш созад, балки хидматҳои ӯро қадр намояд ва эҳтиром гузорад.  Агар ҳаққу заҳмат ва меҳнати устоди аввалинро ба ҷо наорем, дар оянда ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расиданамон амри муҳол аст...

Ёди неки устод Шавкат Муродов ҳамеша бо мост.

Шерзод Комилов,

омӯзгори омодагии ибтидои ҳарбии мактаби № 24 –и ба номи Чӯлибой Комилов,

шаҳри  Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш