Нашрияи Омӯзгор

Аз ризокорон розианд

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хоруғ ва ҳамаи деҳаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон назорати ҷиддии ризокорон (Волонтёрон) оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии KOVID - 19 ба роҳ гузошта шудааст. Тибқи дастури мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ситоди амалкунанда, табибони минтақавӣ ва кумитаҳои деҳотӣ дар даромадгоҳи деҳаҳо хаймаҳо зада, дар он ризокорон шабонарӯзӣ бо навбат аз омаду рафти одамон, санҷиши ҳарорати бадан, риояи қоидаҳои  дигари санитарӣ, аз ҷумла, бо ниқоб будан назорати қатъӣ мебаранд.

Дар сафи ризокорон хонандагони синфҳои 9-11-и таълимгоҳҳои вилоят низ шомиланд. Онҳо тибқи дархости телефонӣ ба хонаводаҳо маводи ғизоӣ, маҳлулҳо, дору ва дигар намуди маҳсулоти ниёзи мардумро дастрас мекунанд.

Гурӯҳи табибони Полша, ки чанд вақт дар вилоят қарор доранд, бо вазъи беморони гирифтори KOVID - 19 шинос шуданд.  Ҳамзамон,   табибони Полша аз фаъолияти хуби табибон ва ризокорон оид ба табобати дурусти беморон, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ қаноатманданд. Ба қавли табиби поляк Анна Беномбекова, чунин амали саривақтии ризокорон ва табибон омили камшавии беморон дар вилоят шудааст.

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш