Нашрияи Омӯзгор

Вазъи мураккаби Афғонистон

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

 

Новобаста аз кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти ба эътидол овардани вазъ ва иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ миёни Толибон ва ИМА рӯз ба рӯз дар ин кишвари ҳамсоя вазъи амниятӣ мураккаб гардида, неруҳои тундрави исломӣ, Толибон ва ташкилотҳои террористӣ куштори шаҳрвандони мулкиро афзоиш медиҳанд.  Мувофиқи иттилои расмии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон танҳо дар давоми ду ҳафтаи охир 90 нафар шаҳрванди ин кишвар бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои исломии ифротӣ кушта шуданд. Ғайр аз ин, дар ҳоле ки ҳукумат пешбурди сулҳро идома медиҳад, ҳатто дар давоми моҳи рамазон ва баъд аз он низ гурӯҳҳои террористии исломӣ зӯровариро нисбат ба мардуми бегуноҳ тақвият бахшида, 150 нафарро дар 29 вилоят маҷрӯҳ карданд.

Ҳамзамон, тӯли як ҳафтаи охир исломгароёни террорист дар 2 масҷиди шаҳри Кобул ва дар масҷиди вулусволии Чоҳи Оби вилояти Тахор амалҳои террористиро роҳандозӣ карда, 3 имомхатиб ва даҳҳо нафарро куштаву захмӣ карданд.

Коршиносони сиёсию амниятии ин кишвар вазъро таҳлил намуда, бар он назаранд, ки сабаби аслии нооромии вазъ дар Афғонистони ҳамсоя фаъолияти гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ буда, омили асосии беш аз 40 сол идома ёфтани ҷангу хунрезӣ ва террор дар ин кишвар динситезӣ ва сиёсӣ намудани ислом ба ҳисоб меравад.

 

Аз ифротгароён ҳазар бояд кард

Ҷаҳони имрӯз гирифтори гурӯҳҳои ифротиву тундгаро гардидааст ва ҳамарӯза дар гӯшаҳои  гуногуни сайёра амалҳои террористиву экстремистӣ анҷом дода мешаванд ва хусусан, ҷавононро хавфу хатари печидан ба низоъҳо таҳдид мекунад.

Терроризму экстремизм ба хатари даҳшатовари ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабор ба бар оварда истодаанд. Аз ин рӯ, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишварҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як инсони бошараф аст.

Дар чанд соли охир беш аз 100 давлати дунё ҳадафи амалҳои террористон қарор гирифта, дар натиҷа садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк карда, вориди дигар кишварҳо шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир талошҳои ҷиддӣ дорад. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик моҳияти сулҳу ваҳдатро ба хубӣ дарк намудаанд ва намегузоранд, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба сулҳу амнияти кишварро халалдор сазанд. Тоҷикон нисбат ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу  Сурия, Яману Афғонистон ба вуқӯъ мепайванданд, эътироз баён мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу оромӣ дар тамоми сайёра талошҳои бобарор доранд. Пешвои миллат батакрор таъкид менамоянд, ки имрӯз  мардуми тамоми сайёра хуб дарк кардаанд; ҳадафу мақсади гурӯҳҳои ифротгарҳо ноором кардани ҷомеа, нобудсозии мардуми бегуноҳ мебошад. Худованд дини исломро қосиди сулҳ офаридааст, ифротиён бошанд, номусулмонона исломро ба асбобу  абзори ҷанг табдил додаанд.

Террористон дар кирдорҳои манфури худ аз боварии мардум, калавиши ҷавонон, омилҳои динию мазҳабӣ, ихтилофоти байни давлатҳову қавму миллатҳо ва амсоли онҳо хеле маккорона истифода мебаранд.

Махсусан, ба доми фиребу  фитна кашидани ҷавононе, ки камтаҷрибаву ноустуворанд, аз ҷониби террористон амали хеле хатарнок аст.  Ҷавонон аз пайи ваъдаҳои назарфиребу пучи ифротгароён рафта, сахт пешпо мехӯранд ва ҳаёти хешро доғдор  мекунанд. Террористон дар бисёр минтақаҳои олам сабабгори ғӯрамаргии ҷавонон гардидаанд. Як омили ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгарон, террористон дучор омадани ҷавонон маълумоти кофии сиёсӣ надоштани онҳост. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони ҷумҳурии мо низ гирифтори доми фиреби террористон шудаанд ва ҷавонии зебоии худро бо шоми тор даромехтанд. Гурӯҳе аз ҷавонон хатои худро фаҳмиданд ва аз  нимароҳи фано баргаштанд, вале чанде аз онҳо аз тори анкабути террористон то ҳол наҷот наёфтаанд.

Ин вазъ тақозо дорад, ки ҷавонон дар таълимгоҳҳо ба омӯзиши амиқ фаро гирифта шаванд, дорои донишҳои сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ бошанд  ва ба воқеоти замон дуруст сарфаҳм раванд, сафедро аз сиёҳ, душманро аз дӯст фарқ кунанд ва баҳри пойдории сулҳу амният дар ҷумҳурӣ талош намоянд.

 

Сарварой Хидирова,

директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии

 №70-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш