Нашрияи Омӯзгор

Вилояти Хатлон: таълими забонҳои хориҷӣ беҳбудӣ мехоҳад

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

 Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, барои иҷро ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас гардонидааст.

 Тибқи маълумоти оморӣ, соли хониши 2019-2020 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 2797 нафар, аз ҷумла, 1604 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 1193 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд. 9 нафар омӯзгор аз фанни забони русӣ ва 14 нафар аз фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии минтақа намерасанд. Дар ноҳияҳои Ш. Шоҳин 3, Темурмалик 2, Балҷувон 5, Ховалинг 2 ва Муъминобод 2 нафар омӯзгорони  забони  англисӣ  намерасанд. Норасоии омӯзгорони фанни забони русӣ дар ноҳияҳои Муъминобод 2, Темурмалик 1, Ш. Шоҳин 3 ва Балҷувон 3 нафарро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб 358 нафар омӯзгор аз фанни забони русӣ ва 267 нафар аз фанни забони англисӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Дар муассисаи таълимии №1-и шаҳр гурӯҳи синфҳо ба забони русӣ фаъолият доранд, ки 560 нафар хонандаи синфҳои 1-11- ро фаро мегиранд. Ба онҳо 21 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар асоси нақшаи кории кабинети методии раёсати маорифи шаҳр барои солҳои 2019-2020, моҳи феврали соли ҷорӣ санҷиши сифати дониши хонандагон аз фанни забони русӣ ва англисӣ дар синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб муайян намуд, ки сатҳу сифати дониши хонандагон ба 3,7 балл баробар аст. Бо дастгирии кабинети методӣ дар муассисаҳои таълимии №№2,16,39 ва 52 семинари дурӯзаи омӯзгорони фанни забони русӣ ва англисӣ гузаронида шудааст, ки дар он зиёда аз 83 нафар омӯзгор иштирок намудаанд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи донишандӯзии хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни «Забондони беҳтарин» аз фанни забони русӣ гузаронида шудааст. Дар муассисаҳои таълимии №№ 5,7,10,11,12,22,27,30,51,52 ва 53 бо дастгирии маъмурияти мактаб ва омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ кабинетҳои хуби замонавӣ ташкил гардида, бо воситаҳои навини техникӣ, гӯшаю овезаҳо, аксҳои шоирону нависандагони рус ва ғайраҳо  муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар муассисаи таълимии №51-и шаҳр 9 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 8 нафар забони англисӣ бо маълумоти олӣ ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд. Дар муассиса 3 кабинети фанни забони русӣ ва 3 кабинети забони англисӣ бо тамоми воситаҳои техникии муосир таҷҳизонида шудааст. Новобаста ба ин, сатҳи пасти дониши хонандагон аз фанҳои мазкур ба мушоҳида мерасад. Аз тарафи дигар, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибкасб дар муассиса суст ба роҳ монда шуда, омӯзгорони ҷавон ба худомӯзӣ машғул намешаванд. Дафтарҳои даврии хонандагон сари вақт аз тарафи омӯзгорон санҷида намешавад. Омӯзгорон дар машғулиятҳо аз воситаҳои аёнӣ ва дидактикӣ кам истифода мекунанд.

Аз 48 муассисаи таълимӣ танҳо дар муассисаҳои таълимии №4 ва 34 кабинети лингофонӣ фаъолият мекунаду халос. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар баъзе муассисаҳои таълимии деҳот дар таълиму омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ проблемаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. Набудани кабинети лингофонӣ, воситаҳои аёнӣ ва техникӣ, китобҳои бадеӣ ва маводи дидактикӣ бо забони русӣ ва англисӣ боиси коста шудани сифати таълим ва суст шудани донишу саводнокии хонандагон мегардад. Омили дигаре, ки дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон сабаб мегардад, фаъолияти дурусти гурӯҳҳои сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Боиси нигаронист, ки гурӯҳҳои назорати сифати таҳсилот дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дуруст фаъолият намекунанд ва ба сифати таҳсилот ба таври шаффоф баҳо дода наметавонанд. Бояд қайд кард, ки паст будани фарогирии хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ (аз ҷумла, фанҳои забони русӣ ва англисӣ), сатҳи нокифояи худомӯзии хонандагон боиси дониши пасти онҳо гардидааст.

Мушкилоти дигаре, ки боиси коста гардидани сатҳу сифати таълими хонандагон аз фанҳои мазкур гардидааст, ин аз як тараф, нарасидани омӯзгорони соҳибкасб бошад, аз тарафи дигар, суст будани назорати дохилимактабӣ дар таълимгоҳҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб мебошад.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар ноҳияи Темурмалик ба таълими ин фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ 86 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 46 нафар омӯзгори забони англисӣ ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар ноҳия 12 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 10 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардиданд.

     Барои баланд бардоштани нутқи шифоҳии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои мактабӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар назди 43 муассисаи таълимӣ синф – кабинетҳои забони русӣ ва англисӣ ташкил карда шуда, синф-кабинетҳо бо асбобҳои аёнӣ ва дигар дастурҳои методӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбии омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ, мувофиқи нақша 134 нафар аз фанҳои мазкур дар филиали ҷумҳуриявии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб аз курси бозомӯзии такмили ихтисос гузаштаанд.

 Дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ мерасад. Бо ҳамаи ин пешравиҳо нигоҳ накарда, сатҳи дониши хонандагон (ҳам ба таври хаттӣ ва ҳам ба таври шифоҳӣ) ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии №№ 4, 12, 17, 18, 37 ва 50-и ноҳияи Муъминобод ҷараёни саниҷиш маълум намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълими фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ синф - кабинетҳои фаннӣ бо қувваи омӯзгорони мактаб бо таҷҳизоти дастӣ омода гардида, барои хонандагон шароити хуби таълимӣ муҳайё карда шудааст. Дониши аксари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар сатҳи паст қарор дошта, хонандагон нутқи буррои шифоҳӣ надоранд. Бояд қайд кард, ки донишу саводнокии хонандагон аз фанни забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои зикргардида ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад ҳам, беҳбудӣ мехоҳанд. Санҷиш дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия нишон дод, ки ба сабаби норасоии омӯзгорони соҳибмаълумот ва муҳайё набудани шароити мусоиди таълим дониши хонандагон аз фанҳои мазкур қаноатбахшкунанда нест.

Ташкили кабинетҳои линго-фонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашудааст. Мутаассифона, аз 58 муассисаи таълимии ноҳия дар 2 муассисаи таълимӣ кабинети лингофонӣ мавҷуд буда, бо таҷҳизот пурра таъмин мебошаду халос. Дар муассисаҳои таълимии № 24 ва 28 кабинетҳои забони русӣ ва англисӣ фаъолият намекунад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ш. Шоҳин норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии №№ 12, 14, 7, 17, 23, 38, 53 ва 57 аз фанни забони русӣ ва дар муассисаҳои таълимии №№6, 17, 39, 40, 47 ва52 аз фанни забони англисӣ дида мешавад.

Дар муассисаҳои таълимии мазкур мутолиаи китобҳои бадеиро бо забонҳои русиву англисӣ дар байни хонандагони синфҳои 2-11 ба роҳ мондаанд, то шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши ин забонҳо зиёд гардад. Айни ҳол дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия маҳфилҳои забони русӣ ва англисӣ фаъолияти босамар доранд. Дар 57 муассисаи таълимии ноҳия 36 синф-кабинети забони русӣ ва 25 синф-кабинети забони англисӣ ҷиҳозонида шудаанд ва дар муассисаи таълимии №1 кабинети лингофонӣ мавҷуд мебошад. Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар сатҳи паст қарор дошта, беҳбудиро тақозо дорад. Мавҷуд набудани кабинетҳои лингофонӣ дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия ва дастрасӣ надоштани омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ ба васоити техникии таълим яке аз омилҳои рушд наёфтани забономӯзии хонандагони ноҳия гардидааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш