Нашрияи Омӯзгор

Ба дониш тавон риштану бофтан

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин дар рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули зеҳнии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошанд. Гузаштагони мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор ва устод аст. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони бонангу бономус ва шуҷоатманд мебошад. Ҳамаи мо бояд дарк кунем, ки имрӯзҳо тарзи илмомӯзӣ дар байни хонандагони мамолики Осиёи Шарқӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯйи тести  байналмилалии PISA, ки ҳамасола дар байни тамоми хонандагони  ҷаҳон баргузор мегардад, давлатҳое, ба мисли Хитой, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ дар қатори  ғолибонанд.

Сабаби пешрафти кишварҳои Осиё дар заҳматқаринии мардуми он аст. Барои мисол, дар Кореяи Ҷанубӣ ҳаёти  кӯдаконро бидуни омӯзиши пайваста тасаввур кардан аз имкон берун аст. Хонандагон то нисфирӯзӣ дар мактаби давлатӣ таҳсил мекунанд, баъди зуҳр, одатан, ҷониби мактабҳои хусусӣ мешитобанд. Ин низоми сегона  ба кӯдакон ва наврасони Кореяи Ҷанубӣ имкон медиҳад, ки дар қатори беҳтарину лаёқатмандтарин хонандагони ҷаҳон бошанд. Дар ин кишвар ҳатто хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ду баст таълим  мегиранд. Тасаввур кунед, ки тифлакони мо рӯйи бистари ноз кайҳо ба хоби ширин рафтаанду кӯдакони Кореяи Ҷанубӣ дар айни омӯзишанд.

Табиист, ки дар кишвари номбурда аксари хонандагон  аз ин тарзи зиндагӣ эҳсоси хастагӣ мекунанд, вале онҳо вақте натиҷаи талошҳои хешро мебинанд, хурсанд мешаванду азобҳоро фаромӯш месозанд. Мактаббачагон дар ин мамлакат дар як шабонарӯз 13 соат дарс мехонанд. Яъне, онҳо соати 2-и шаб хоб мераванду шаши саҳар аз хоб мехезанд. Метавон гуфт, ки дар Кореяи Ҷанубӣ манбаи даромад вуҷуд надорад. Онҳо ҳатто барои зист замини кофӣ надоранд. Манбаи ягонаи даромад худи одамҳоянд. Агар хоҳанд, ки дар байни дигарон муваффақ бошанд, бояд ҳар чӣ бисёртар омӯзанд. Воқеан, ин муваффақият беасар нест.

Марде аз молдорону тавонгарон Суқротро айб кард. Суқрот ба вай гуфт, агар ман хоҳам, ки ҳамчун ту зиндагонӣ кунам, битавонам. Агар ту хоҳӣ, ки чун ман зиндагонӣ кунӣ, натвонӣ.

Суҳроб  БОБОКАЛОНОВ,

Гулсара МАСТОВА,

муаллимони калони кафедраи

информатика ва фанҳои табиӣ – риёзии Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш