Нашрияи Омӯзгор

Боргоҳи меҳру муҳаббат

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 60        Шарҳ: 0

 

Баробари ворид шудан ба ин маърифатгоҳ, ки дар девори даромадгоҳаш лавҳе зебо бо набиштаи «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи  Шаҳринав» насб шудааст, баҳри дили кас кушода мешавад. Ҳама ҷо рӯфтаву обзада, тозаю озода ва назаррабо. Қитъа-қитъа гулзор, раста-раста дарахтон ва ҷӯя-ҷӯя зироат, ки аз байнашон роҳравҳо кашида шудаанд, ҳуснафзои саҳни ин дабистонанд.

Ҳини гаштугузор дар ин мавзеъ ҳар фард худро басо болидарӯҳу шукуфтахотир эҳсос менамояд…

Мо бо сарвари мактаб-интернат Намозхон Бобоев, ки устоде соҳибмаърифату самимист, соате байни растаҳои саҳни донишкада қадам задем, суҳбате озоду бетакаллуф ба миён овардем. Яқин, бар ангезаи муҳтавои фаъолияти мактаб-интернат буд, ки мавзӯи навозишу парвариш, ғамхорию меҳрубонӣ ва  ятимпарварӣ дебочаи суҳбатамон гашт. Сарвари таълимгоҳ аз ин боб бо ҳарорат, бо дилгармӣ ва бо истифода аз ҳикоёту андарзҳои муассир сухан гуфту зимнан чанд шоҳбайт низ ба забон овард, ки якеаш ин буд: «Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор, Кас аз дасту забони худ маёзор». Намозхон Бобоев аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки тоҷикон табиатан мардуми раҳмдилу ятимпарвар ва дастгири вомондагонанд ва қотеъона бар он боваранд, ки «Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро, Боз ёбад ҷаннати дарбастаро».

-Мо, кормандони мактаб-интернате, ки гурӯҳе ятимонро дар оғӯш дорад, ин хислати мардуми кишварамонро бештар эҳсос менамоем,-гуфт дар идомаи суханаш Н.Бобоев.-Ба таълимгоҳи мо зуд-зуд ашхоси саховатпешаву накукор ва дилсӯзу ғамхори ятимон меоянду иброз медоранд, ки омодаанд кӯдакон ва маъвои онҳоро аз ягон ҷиҳат (дастрас намудани хӯрокворӣ, мадад ба таъмиру ободонӣ, харидории ашёи хониш…) дастгирӣ намоянд. Дар арафаи ҷашнвораҳо, аз ҷумла, идҳои қурбону рамазон сафи чунин саховатмандон боз ҳам меафзояд. Қисмати зиёди онҳо ҳатто имкон намедиҳанд, ки мо ному насабу ҷои корашонро ёддошт кунем, «айб аст, кори хайрро «реклама» намекунанд» мегӯянд. Дар заминаи хайру эҳсону эҳдои инчунин ҷавонмардон таълимгоҳ, ба вижа, дар давоми солҳои охир хеле такмил ёфту ободу муҷаҳҳаз гашт.

Роҳбари мактаб-интернат таъкид бар он кард, ки сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки як шохаи қавии он дастгирии ятиму бепарасторон, маъюбону шикастаҳолон аст, мусоидат ба афзудани сафи одамони дилсӯзу ғамхори эҳтиёҷмандон бинмуда. Бо ин ҳама масруфияту серкориашон Сарвари кишвар дар давоми 10-15 соли охир ду маротиба ба мактаб-интернати Шаҳринав омада, сари ятимонро падарвор навозиш карданд, ба онҳо суханони рӯҳнавозу умедафзо гуфтанд, барояшон ҳадяҳо доданд ва дар такмили таҷҳизоти таълимию маишии таълимгоҳ ҳиссаи шоиста гузоштанд. Бо ибтикори Президенти мамлакат соле чанд қабл аз ин сенафарон – шогирдони ҳамхуни таълимгоҳи мо (як бародару ду хоҳар) соҳиби хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Ҳисор шуданд.

Аз суҳбат бо Н.Бобоев огаҳӣ пайдо кардем, ки дар мактаб-интернат айни замон 213 нафар кӯдаку навраси ятиму бепарастор аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳайати омӯзгорону мураббиёни дабистон 27 нафарро ташкил медиҳад. Аксари устодони таълимгоҳ соҳибтаҷриба, рӯзгордида, ғамхору меҳрубон ва дорои тахассуси олии омӯзгорианд. Дар ин боргоҳи маърифат ва меҳру муҳаббат илова ба дарсҳои пурсамари ҳамарӯза, мунтазам ҷашнвораву маҳфилҳои гуногун, вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, намояндагони мақомоти ҳифзи тартибот, мусобиқаҳои варзишӣ, саёҳатҳо ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ… созмон дода мешаванд. Таълимгоҳ дорои синфхонаҳои муҷаҳҳазу ороста, дарсгоҳи компютерӣ, тахтаи электронӣ, китобхона, варзишгоҳ, ошхона, хобгоҳ, толору гӯшаҳои фароғатӣ ва дармонгоҳ мебошад.

Хонандагон ҳар рӯз чаҳор маротиба хӯроки серғизову болаззат тановул мекунанд. Ба шарофати кордонии сарвари таълимгоҳ қитъаҳои замини ҳудуди мактаб-интернат хеле пурсамар истифода бурда мешаванд. Солҳои охир аз ин қитъаҳои замин дар як мавсим беш аз 500 кг пиёз, беш аз 1 тонна картошка, зиёда аз 2 тонна помидору бодиринг, ба миқдоре караму қаламфури булғорию кабудӣ дастрас менамоянд, ки ин ҳама боиси ғанитар гаштани дастархони хонандагон мешавад. Масъулин мекӯшанд, ки аз баъзе қитъаҳои замин соле ду-се ҳосил ба даст оранд. Таълимгоҳ дувоздаҳ сар гови ҷӯшоӣ ҳам дорад, ки шахсони  алоҳида  онро нигаҳбонӣ мекунанд ва ба ин васила хонандагон ҳар субҳ бо шири тоза ва хӯрокҳои ширӣ таъмин мешаванд.

Имсол ин боргоҳи маърифатбори ятимону бепарасторонро 18 нафар хонанда (синфи 11) хатм мекунанд ва ҳама ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанду ҳамчун имтиёз қаблан ҳар яке 150 хол дар ихтиёр доранд. Сарвари мактаб-интернат аз он сипосгузор аст, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи давлатии замин ва геодезии назди Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Шаҳринав (раисаш Нусратулло Аюбзода) ба шогирдони ин парваришгоҳ  таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва онро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамоянд…

Мо бо сарвари мактаб – интернат, ҳамчунин, перомуни фаъолияти омӯзгорон, махсусиятҳои таълиму тарбияи  кӯдакони ятиму бепарастор, фароғати тарбиятгирандагон, корбасти усулҳои навини таҳсилот, тақдири бархе аз ятимон, пешгирии сироят аз бемориҳо… идомаи суҳбат намудем. Намозхон Бобоев оид ба ҳар яке аз ин масоил ба таври муфассал ва бо далелҳои ҷолибу аҷиб сухан гуфт. Воқеан, ин омӯзгори варзида дар соҳаи маорифи кишвар пурдидаву таҷрибаандӯхта аст. Дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар вазифаҳои масъул (аз ҷумла, дар вазифаи сардори раёсати таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ) кор кардааст.

Солҳои зиёд (16 сол) дар таълимгоҳҳои махсус: мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони душвортарбия дар шаҳри Душанбе, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино дар шаҳри Ҳисор ба сифати директор бомуваффақият кор кардаасту ҳамакнун соли дуюм аст, ки директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав мебошад. Роҳбари оқилу кордон, сахтгиру самимист, кӯдаконро хеле дӯст медорад ва ҳамарӯза дар паҳлуи онҳо буданро бахти бузург барои худ медонад… Бо чунин роҳбар ҳар муассисаву коргоҳе ҳамеша пешраву муваффақ хоҳад буд.

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш