Нашрияи Омӯзгор

Сабаби ҳалокати Наполеон

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

 

Дар музоядаи дар Шотландия доиргашта шахси номаълум ҳуҷҷатеро фурӯхтанист, ки аз  замони лашкаркаши фаронсавӣ Бонапарт Наполеон боқӣ мондааст. Он сирри чӣ тавр ба ҳалокат расидани Наполеонро ошкор менамояд. Санади  муҳими таърихӣ будани дастхатро бостоншиносон тасдиқ  намудаанд, ки дар он ташхиси тиббии яке аз табибони  шахсии Наполеон бобати сирри марги ӯ ифшо шудааст. Аз рӯи дастхати таърихии соли 1821 навишташуда  сарлашкар  на бо роҳи сӯиқасди  заҳрдиҳӣ, балки аз бемории саратони меъда фавтидааст.

 Ҳамон замонҳо барои бовар ҳосил намудан табиб пинҳонӣ Наполеонро ҷарроҳӣ карда, будаасту бемориро пурра муайян сохтааст. Ин ташхиси тиббиро дар музояда бо нархи гарон фурӯхтанианд.

 

 

Серангушттарин шахси сайёра

 

Донишмандони соҳаи тиб писарчаи даҳсолаи ҳиндустониро ҳамчун серангушттарин шахси сайёра ба китоби рекордҳои Гиннес дохил карданианд. Дасту пои ин писарчаи деҳотӣ дорои 25 ангушт будааст. Ҳар панҷаи дасти ӯ шашангуштӣ ва як пояш шашу пойи дигар ҳафт ангушт дошта, онҳо низ чун ангуштони муқаррарӣ хуб фаъолият менамудаанд.

Мутаассифона, ангуштони пой дар ҳолати пӯшидани пойафзол мушкилӣ пеш меовардаанд. Табибон хостаанд, ки ангуштони зиёдатиро ҷарроҳӣ намуда гиранд, аммо падари писарча розӣ нест. Ангуштони зиёдатиро модараш туҳфаи Худованд шуморида, намехоҳад, ки ғазаби Парвардигорро орад.

 

 

Донистан  мехоҳед?

Қасри куҳантарини дунё  дар шаҳри Хумдони Ҷумҳурии Яман воқеъ гардидааст. Он аз бист ошёна иборат буда, дар асри якуми пеш аз милод сохта шудааст.

***

Меҳмонхонаи «Россия» (дар шаҳри Москва), ки соли 1967 сохта шуда, 3200 ҳуҷра дорад, бо сабаби мувофиқат накардан ба меъёри  умумиҷаҳонӣ ба рӯйхати меҳмонхонаҳои калонтарини дунё ворид нашудааст.

***

Китоби  аз ҳама қадим соли 350 – и пеш аз милод таълиф шудааст. Онро дар яке аз ибодатхонаҳои Фива дарёфтаанд. Алҳол ин китоби нодир дар яке аз китобхонаҳои миллии Париж нигаҳдорӣ  мешавад.

***

Археологҳои Донишгоҳи Аргентина ашёи қадимро дарёфт намуданд, ки тақрибан 500 сол умр доранд. Дар байни лавозимот гарданбанди чормағздоре пайдо карданд. Олимон ду донаи чормағзро дар замин шинонданд. Пас аз чанд вақт якеаш навда карду се сантиметр баланд шуд, аммо баргҳои ниҳоли чормағз ба аслиаш монанд набуданд.

***

Дар  маҳаллаи  наздишаҳ-рии  Перм даҳсолагии автомобили нодир ҷашн гирифта мешавад. Қисмҳои вай дар асоси автомобили ГАЗ – 69 аз чӯб сохта шудааст. Муаллиф ва соҳиби автомобили чӯбин сокини деҳаи Мулянки мебошад, ки дар сохтани мошин чор моҳ вақт сарф кардааст. Автомобили чӯбин ҳамеша мукаммал карда мешавад. Ҳоло вай қодир аст, ки суръаташро то ба 80 километр дар як соат расонад. Ғайр аз ин,  дар хоҷагии автомобилдӯстдори пермӣ чанаи парвозкунанда ва тайёраи ҳақиқӣ ҳаст. Вай минбаъд ният дорад, ки қаиқи чархдор созад.   

***

Дар ҳудуди боғи миллӣ – истироҳатии Гунунг – Мулумми иолати Сараваки Малайзия ғори калони дар дунё машҳуртарин ҷойгир шудааст. Ғор ба номи ҳамноми  иолат, яъне ғори Саравакро дорад. Дарозии  ғор 700 метр, баландиаш 70 метр, бараш ба ҳисоби миёна 300 метрро ташкил мекунад.

***

Хизмати тиббии  ҳавоии Австралия соли 1928 ташкил шудааст. Соли 1998  53 табиб, 103 ҳамшира ва 95 лётчик ба 181621 нафар мизоҷон ёрии таъҷилии тиббӣ расониданд. 21604 нафар беморро ба ҷойи бехавф кӯчониданд. Нақлиёти  тиббии  ёрии ҳавоӣ дар вақти чунин хизмат 1335 миллион километр масофаро тай намуданд. 

Таҳияи Ҳотами  ҲОМИД.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш