Нашрияи Омӯзгор

Султон Маҳмуд кӣ буд?

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

(Нигоҳе ба таърих)

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ парвардаи Сомониён буду кӯрнамакӣ карда, дар суқути ин хонадон саҳмгузор гашт, «Шоҳнома»-и ба хуни дил навиштаи Ҳаким Фирдавсии Тӯсиро пушти по зад, даҳҳо маротиба ба Ҳиндустон  лашкар кашидаву миллати ҳиндуи бечораи бепушту паноҳро куштаву боигариашро кашонда, хазинаи худро ғанӣ гардондааст.

Аммо тайи чанд соли охир, баъди мутолиаи бештари асарҳои гузаштагон нисбат ба шахсияти султон Маҳмуд ақидаам дигаргунтар гардид. Як сарчашмаи муътамаде, ки таърихи миллати тоҷик чун оина дар он акс ёфтааст ва оид ба Маҳмуди Ғазнавӣ низ маводи нисбатан ҷиддитареро фаро гирифтааст, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ин олими номвар оид ба Маҳмуди Ғазнавӣ чунин меоварад: «Дар аҳди султон Маҳмуд аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои зиёде ситонида мешуд. Ин тариқа андозҳо то дараҷае зиёд буд, ки халқи заҳматкаш пас аз адо кардани он, ҳатто, аз воситаҳои рӯзгузаронии худ низ тамоман ҷудо мегардид…

Султон Маҳмуд марди хеле хасис ва дар масъалаи ҷамъ кардани молу сарват бағоят ҳарис буд. Ӯ он ҳама сарвате, ки аз Ҳиндустон ва дигар гӯшаву канори мамлакат ба роҳҳои гуногун ҷамъ карда буд, дар хазина нигоҳ медошт”. Ҷои дигар Бобоҷон Ғафуров менависад: «Султон Маҳмуд сарлашкари бузург ва ҳокими ғаюру соҳибиродае буд. Ӯ дар бораи ҳашамат ва шавкати зоҳирии давлати худ ғамхорӣ карда, биноҳои зебову муҷаллал месохт, ба шоирону уламои дарбор сарпарастӣ менамуд».

Фаромӯш набояд кард, ки қисмате аз шоирон, чун Ҳилоливу Биноӣ, Ҳозиқу Гулханӣ ва даҳҳои дигар аз дасти шоҳону зимомдорони давр ба қатл расидаву бадарға гардиданд. Аммо султон Маҳмуд дар дарбори худ гурӯҳи аъзами шоиронро ҷамъ оварда, эшонро пуштибонӣ мекард ва ҳатто, назар ба гуфти Сотим Улуғзода, малик-уш-шуарои дарбори султон – Унсурӣ аз силаи додаи ӯ соҳиби кӯшку боғу бӯстон гашта, ҳатто сутунҳои хонааш зарандуда буданд.

Ба чигунагии давлатдорӣ ва шахсияти Маҳмуди Ғазнавӣ се манбаъ баҳо додаанд: яке таърихнигорон, дигаре адибон ва савумӣ мардуми одӣ.

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ, мутахаллис ба Низомулмулк дар ягона асари худ «Сиёсатнома» дар фасли даҳум «Андар соҳибхабарону мунҳиён ва тадбири кори эшон» дар хусуси адолати султон Маҳмуд чунин меорад:

«…Чун султон Маҳмуд вилояти Ироқро бигирифт, тоифаи дуздон колои занеро ба ғорат бурданд. Дуздон аз Кӯчибулӯч буданд ва Кӯчибулӯч пайваста ба вилояти Кирмон буд. Ва ин зан пеши султон Маҳмуд рафт ва тазаллум карду гуфт: -Дуздон молу амволи ман бурданд, колои ман аз эшон биситон ва ё тавони колои ман бидеҳ…

Маҳмуд гуфт: -Он ҷо дурдаст аст ва аз беруни вилояти мост ва ман бо эшон нотавонам.

Зан гуфт: - Ту чӣ кадхудои ҷаҳон бошӣ, ки дар кадхудоии хеш тасарруф натавонӣ кард ва чӣ гуна шубонӣ, ки меш аз гург нигоҳ натавонӣ дошт?

Маҳмудро об дар чашм омад. Гуфт:

- Рост мегӯӣ, чунин аст. Тавони колои ту бидиҳам ва тадбир чунон ки метавонам, бикунам…» (Низомулмулк, «Сиёсатнома»).

Аз ин мунозара бӯи ноуҳдабароӣ дар кори салтанат аз ҷониби султон ба димоғ ояд ҳам, аз ҷониби дигар, султон Маҳмуд чун роҳбари адолатпарвар, ҳомии мазлумон, чорасози бечорагон, бахусус, занони бепушту паноҳ намоён мегардад. Аз гуфтахои муаррихони гузашта, чун Мирхонд, ки зиёда аз 500 сол баъд аз салтанати Маҳмуд зистааст, баҳои Низомулмулк мақбултар менамояд. Зеро Низомулмулк ҳамасри султон буда, шояд аз чигунагии афкору аъмоли ӯ дақиқтар бохабар бошад. Дуруст аст, ки қисмате аз шоирону таърихнигорон ба хотири инъом ва ҷоҳу ҷалол чеҳраи ҳақиқии ин ё он шоҳро ба таҳриф нишон додаанд. Аммо гумон аст, ки Низомулмулк барин шахсият, ки тавонгару саховатпеша буду аз маблағҳои шахсии худ дар чандин шаҳри Эрону Ироқ мадрасаҳо кушода буд, барои подоши ночизе қалами хешро қурбони ёваву риё гардонида бошад.

Дар «Сиёсатнома»-и хеш, ки ғояи асосии онро тарзи давлатдорию насиҳати шоҳону вазирон ташкил медиҳад, Низомулмулк якчанд бобро маҳз ба кирдорҳои шоистаи султон Маҳмуд бахшидааст. Ба ин монанд чанд тан аз шоиронро метавон номбар кард, аз қабили Убайди Зокониву Самандархоҷаи Тирмизӣ, ки аз адлу доди Маҳмуди Ғазнавӣ ёдовар шудаанд.

Яке аз омӯзгорони соби-қадору барнодили мо Темур Ҳасанзода, ки ихтисосманди илми ҳисоб буда, аз фанҳои дигар баҳраи комил дорад, оид ба Маҳмуди Ғазнавӣ ҳикояи аҷибе кард.

Дар аҳди султон Маҳмуд марде пеши султон омад ва гуфт:

-Чандест, ки яке аз сарлашкарони шумо шомгоҳон ба хонаи ман зӯран даромада, маро аз хонаам бадар карда, маҷбурӣ бо ҳамсарам машғули ишрат мешавад.

Султон чун ин сухан бишнид ғазабаш омад ва ба он мард гуфт:

-Манзилат дар куҷост ва чаро дар ифшон ин роз таъхир кардӣ? Мард манзили хешро ба султон нишон дод. Султон гуфт:

-Ман мунтазир меистам, чун он нобакор омаду вориди хонаат гашт ба рамзи огаҳӣ фонусе даргирон, то ман ҳозир шавам ва анҷоми кори он палид кунам. Интизории султон дер накашид ва дар шоми дуюм аз ҷониби хонаи марди мазлум оташе фурӯзон гашт. Султон сабук аз ҷой ҷаста, либоси айёрӣ ба бар кард ва шамшери буррое дар наём басту ҷониби матлаб роҳӣ гашт.Чун ба назди хонаи мард расид, ба ӯ гуфт: - Дарро кушо, бо ҳам якҷоя вориди хона мегардем ва даромадан замон фонусро хомӯш кун. Марди соҳибхона фармонро ба ҷо овард ва султон ба хона ворид гаштан замон бо шамшери ҷонситон сари он нобакорро бо як зарб аз тан ҷудо гардонд. Бо супориши султон соҳибхона фонусро фурӯзон кард.

Маҳмуд ба сари аз тан ҷудогашта назар афканд ва даст ба гиребон бурда, шукрона кард. Сипас соҳибхонаро фармуд баҳри ман хӯроке омода соз, ки гуруснаам. Соҳибхона, ки марди нодору қашшоқе буд, аз ин фармоиши султон ҳам хиҷолат кашид ва ҳам тааҷҷубаш омад, ки наход, султон дар хонаи фақиронаи  ӯ хӯрок тановул намояд. «Ҳар чӣ бодо бод» гӯён дарҳол дастархон густурда, чой ва пораи нони қоқе овард. Маҳмуд нони қоқро ба чой тар карда, бо иштиҳои тамом хӯрд. Чун хонро фотеҳа кард ва омодаи рафтан шуд, соҳибхона аз ӯ пурсид: - Эй шоҳи ҷаҳон, арзу сипоси хешро ба шумо барои ҷавонмардиатон арза медорам, ки маро ва номуси хонадонамро аз душмани ғаддоре халос намудед, аммо дар ин амали мубораки шумо якчанд ҳолат бароям чун сир ва муаммои сарбасте боқӣ монд, ки агар онҳоро тафсир мекардед, сарафроз мебудам. Султон гуфт: - Кадом аъмоли ман дар назари шумо муаммомонанду сирри нокушодае намуданд? Мард гуфт: - Фармони ба хона даромадан замон фонусро хомӯш кардан, баъди қатли он нобакор шукрона кардан ва билохир, нони қоқи бандаро бо иштиҳои том хӯрдан.

Султон Маҳмуд табассуме кард ва гуфт:

- Аз оне, ки  фонусро куштӣ, ба он хотир буд, ки рӯи он зинокорро набинам, мабодо ки он ноҷинс аз зумраи хешон ва наздикони ман бошад, ки аз шамшер задан худдорӣ намоям. Шукрона карданам аз он буд, ки дидам мақтул аз аҳли ёрону дӯстон ва хонадони ман нест ва дар охир, нони қоқи туро бо иштиҳо хӯрданам он буд, ки ду рӯз боз (аз лаҳзаи ин хабарро ба ман расондан) бо андешаи «мабодо он зинокор аз наздикони ман набошад» обу нон ба даҳон нагирифта будам. Соҳибхона чун ин сухан бишнид, худро пеши пои султон афканд ва ба ҷавонмардии ӯ аҳсан  гуфт.

Қиссаи мазкур, агар ҳақиқат дошта бошад, пас он ба мо паҳлуҳои дигари ногуфтаи хислатҳои султон Маҳмуд – шарму ҳаё номусу нанг, дар қавл устуворӣ, далериву нотарсии ӯро ҷилвагар менамояд. Шояд барои гурӯҳе ин ҳикоят бофта намояд, аммо ман бар онам, ки халқ ҳеҷ гоҳ барои шахси нолоиқу золим ва пастфитрат чунин қиссаҳои ҷолиби хонданбоб нахоҳад бофт.

Ба ростӣ, ҳамчун омӯзгор ҳайронам, ки вобаста ба симои ҳақиқии султон Маҳмуд ба шогирдон чӣ гӯям. Чун сухан аз Фирдавсию «Шоҳнома»-и ӯ равад, пасттарин алфозро ба унвони султон раво мебинам ва гӯё бо ин суханони нолоиқ аз Фирдавсӣ пуштибонӣ карда, аз султон Маҳмуд ниқор мегирам ва чун ба тадриси «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тусӣ  мепардозам, султонро аз зумраи шоҳони раиятпарвару адолатхоҳ тасвир менамоям. Дар тааҷҷубам, ки чун шогирде бипурсад, ай устод, дирӯз султон Маҳмудро ба хоки сиёҳ яксон кардеду имрӯз ӯро ба осмони ҳафтум баровардед, ба ӯ чӣ посухе медода бошам.

Агар салтанати ин султони муаммофеъл як ё ду солро фарогир мебуд, боке набуд, зеро як-ду сол дар пеши таърихи садсолаву ҳазорсола заррае беш нест, аммо сарварии ӯ беш аз 32 сол (998-1030)-ро фаро гирифтааст. Албатта, тафсилоти ин мавзӯъ ба таҳқиқ ниёз дорад ва итминони комил дорам, ки муаррихони мо дар ояндаи наздик мӯйро аз хамир ҷудо карда, чеҳраи ҳақиқии султон Маҳмуди Ғазнавиро возеҳтар муаррифӣ месозанд.

Қиёмиддин ИДИЕВ,

омӯзгори забон ва адабиёт,

ноҳияи Рашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш