Нашрияи Омӯзгор

Байтулғазали маърифат

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 85        Шарҳ: 0

 

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали

маърифат аст,

Офарин бар нафаси дилкашу лутфи

суханаш.

Миллати тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём ба шеъру шоирӣ, китобдорӣ ва фарҳанги мутолиа майлу рағбати беандоза дошт ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ бо фарзандони шеърдӯсту шеърхон, маърифатдӯсту хирадоини худ фахр мекунад. Аз давраҳои қадим хонаи мардуми тоҷикро бе китоб тасаввур кардан номумкин буд, махсусан, китобҳои «Гулистон» ва «Бӯстон»-и муаллими панду ахлоқ Шайх Саъдӣ, «Девони ғазалиёт»-и ибратомӯзи Хоҷа Ҳофиз, осори Бедилу Соиб ва достонҳои безаволи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро дар ҳар хонадон дидан мумкин буд.

Яке аз чунин сухансарои нобиға, шоири «лиссонулғайб» Ҳофизи Шерозӣ мебошад.

Албатта, ҳар шахсе, ки ашъори безаволи Хоҷа Ҳофизро мутолиа мекунад, аз ҳар байту ғазал, аз ҳар мисраву ибораи он ғизои маънавие ба худ мегирад, чунки ғазалҳои шоир бо як самимияти ошиқонаву орифона суруда шудаанд. Чашмасори ғазалҳои эҷодкардаи Ҳофиз аз ишқу муҳаббат, панду насиҳат, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ, гуманизму зебоишиносӣ ва тасвири зебоиҳои табиати биҳиштосо мужда медиҳад. Бемуҳобо, гуфта метавонем, ки ғазалҳои шӯрангезу диловези шоир дили ҳар хонандаро нисбат ба шеъру шоирӣ гарм месозаду ба ӯ нерую илҳоми тоза мебахшад.

Дар бораи мақому манзалат, обрӯю эътибор, шаъну шукӯҳ, умеду орзуҳо, нангу номус ва ақлу хираду заковати Хоҷа Ҳофиз яке аз муҳаққиқони бузурги Эрон Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ мегӯяд: «Ҳофиз ҳофизаи мост, зеҳну забони зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест. Номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф (чуқур) зистану шод зистанро меомӯзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ӯ зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест».

Воқеан, пандномаву зиндагиномаи Хоҷа Ҳофиз хонандаро ба сабру тоқат, таҳаммулпазирӣ, якрӯиву якдилӣ, ҳақгӯиву ҳақшиносӣ ва некбахтиву некрӯзӣ раҳнамун месозад. Шоири дурандешу зебосухан дар баробари ин ҳама доноиву зиракӣ, ростию росткорӣ, хушгуфторию озодандешӣ дар ғазалиёти равону оммафаҳми худ аз зарбулмасалу мақолҳои намакини халқӣ низ истифода бурдааст:

Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми

сабр,

Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.

 

Аслон Раҳмонзода,

омӯзгори забон ва адабиёти мактаби №117, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш