Нашрияи Омӯзгор

Туҳфаҳои раиси вилоят

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мактаб-интернати шаҳри Бӯстон ташриф оварда, тарбиятгирандагони ин муассисаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд.

Раиси вилоят зикр кард, ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва давлат соябону парастори онҳо мебошад.

Р.Аҳмадзода наврасонро даъват намуд, ки бо баҳои аъло таҳсил карда, оянда соҳиби касбу ҳунар гарданд. Тавсия дода шуд, ки тарбиятгирандагони мактаб-интернат бояд мунтазам ба китобхонӣ машғул шуда, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад, иштирок намоянд.

Аз тарафи раиси вилоят ба наврасон китобҳои гуногун, либосҳои мавсимӣ ва дигар туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Ҳамчунин, ба тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоӣ барои истифода дар вақти сайру саёҳат микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Sprinter туҳфа карда шуд.

 

Ваҳдат – кафили сулҳ

Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар коҳиши бемории сироятии коронавирус навъи COVID- 19 бо  иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи вилояти Суғд озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи  “Ваҳдат - кафили сулҳ” баргузор карда мешавад. Ҳамзамон,  бо мақсади ба машғулият фаро гирифтани мактабиён дар давраи таътили тобистона ва талқини дар хона ба корҳои фоиданок ҷалб шудани хонандагон бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам” ва “Тозагӣ - манбаи саломатӣ”  баргузор мегардад.

Ғолибони озмун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдат бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

 Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш