Нашрияи Омӯзгор

Ҷузвдони барқӣ

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Ширкати «Помир энерҷи» баробари сохтмон, таъмир ва истеҳсоли барқ корҳои хайру савобро низ анҷом медиҳад.

Чанде пеш ба сад нафар толибилми дурдасти Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб, Бартанги ноҳияи Рӯшон ва Язғуломи ноҳияи Ванҷ ҷузвдони махсусеро туҳфа кард, ки дар он батареяи офтобӣ насб шудааст. Ин ҷузвдони тавлидкунандаи барқ имкон медиҳад, хонандагон бе ягон мушкилӣ аз равшании он ба таври доимӣ истифода карда, дарс тайёр кунанд.

Ҷузвдон, инчунин, дорои ашёи илмӣ-хатнависӣ буда, чароғаки он равшании комил медиҳад. Мавзеъҳое, ки ба толибилмон ҷузвдони махсус туҳфа карда шуд, ба барқ дастрасӣ надоранд. Хоҳару бародарони соҳиби ҷузвдонҳо низ бемалол дарсҳои худро дар рӯшанӣ омода месозанд.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш