Нашрияи Омӯзгор

Толиби илмро адаб бояд

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Тарбияи маънавию ахлоқӣ сароғози ҷумла тарбияҳост ва дар камолоти шахсият нақши калон мегузорад. Ҳама самтҳои тарбия идомаи тарбияи маънавию ахлоқӣ ба ҳисоб рафта, аз он реша мегиранд.

Инсони комил  парвардаи тарбияи фарогир аст. Маънавияти инсон ҳама ҷо муаррифгари ӯст:

Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол

аст,

Баҳоре дар камоли эътидол

аст.

Тарбияи маънавӣ саркӯб кардани хислатҳои зишт ва тақвият додани хислатҳои нек мебошад. Ҳар фард, чун хешро шинохт, дар сари дуроҳа қарор мегирад: роҳи нек ва роҳи бад. Хонандагон дар мактаб бояд дар бораи ин ду роҳ ё ду неру тасаввуроти комил ҳосил намоянд, бадро аз нек фарқ кунанд. Аввал волидайн ва пасон устодони мактабҳо бояд тамоми тадбирҳоро ба кор баранд, ки дар ботини шогирдон неруи некӣ ғолиб ояд ва онҳоро ба роҳи нек раҳнамун созад. Ин кор чандон осон нест. Муаллимонро лозим аст, ки дар ин роҳ заҳмати бисёре кашанд, кӯшишу талоши зиёде ба харҷ диҳанд, ҳар як хонандаро дар алоҳидагӣ зери назорати қатъӣ бигиранд, рафтору кирдору пиндори ӯро бо камоли диққат омӯзанд ва вобаста ба ин тадбирҳо андешанд. Хислатҳои зишт назарфиреб ва ҷонсахтанд, бо ҳар васила дар вуҷуди кас макон мегиранд ва ба осонӣ ӯро тарк наменамоянд. Фақат ба василаи тарбияи бардавом, таъкиду талқини ҳамешагӣ ва панду андарз метавон  хислатҳои бадро аз ниҳоди бачаҳо дур андохта, хислатҳои некро дар вуҷуди онҳо парвариш намуд. Дар ин ҷода ба насиҳату андарзи ҳакимону донишмандони гузашта бештар рӯ овардан зарур аст. Омӯзгорону шогирдони мактабҳои мо барои такмили тарбияи маънавӣ имконияти беназир доранд. «Калила ва Димна», «Қобуснома», ашъори Рӯдакӣ, «Сад панд»-и Аттор, «Зафарнома»-и Ибни Сино, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, асарҳои безаволи Саъдии Шерозӣ «Бӯстон» ва «Гулистон» ва ғайра панду насиҳатҳои гаронбаҳоро шомиланд ва дар тарбияи маънавии насли наврас аслиҳаи гиро мебошанд. Агар шогирдон дар мактаб ин асарҳо ва боз асарҳои сершумори дигарро такрор ба такрор хонанд, агар панду андарзҳои ин бузургон дар тану ҷони онҳо сахт ҷой бигиранд, бо итминони комил метавон гуфт, ки онҳо моҳияти неку бадро хубтар дарк мекунанд ва аз корҳои зишт худро канор мегиранд. Танҳо омӯзгори дилсӯз лозим аст, ки ин панду насиҳатҳоро ҳамеша ба хотири шогирд расонад ва ӯро аз бадӣ дур дорад, ҳамдами накукорӣ бисозад.

Хислатҳои зишт бисёранд, вале хавфноктаринашон, аз назари бузургон,  инҳоянд: бухл, ҳирсу худбинӣ, макр, шаҳват, хиёнат, кибр ва ҳасад. Ин хислатҳо агар дар ниҳоди кас ҷой гиранд, ӯро аз лиҳози маънавӣ хароб сохта,  ба дараҷаи зиштӣ паст мефароранд. Ба қавли сухангустарон, хислатҳои ношоиста неруи шерро доранд ва омӯзгори асилро мебояд, ки шогирдро аз чанголи оҳанини шер раҳо созад. Шахс дар сурате ба мартабаҳои баланди инсонӣ мерасад, яъне ҳамчун инсон камол меёбад, ки ин хислатҳои зиштро  аз худ дур сохта, вуҷудашро бо хислатҳои нек-шарму ҳаё, карам, қаноат, беозорӣ, парҳез, саховат, меҳру муҳаббат, инсофу адолат ва ғайра оро диҳад. Муаллим ё роҳбари синф бояд баҳри он талош варзад, ки хислатҳои бад аз хонандагон дур раванд ва дар ниҳоди онҳо одобу сифати хуҷаста нумӯ бинмояд. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд ҷанбаи тарбиявии дарсҳо (аз тамоми фанҳо) қавию фарогир бошад. Адаб ва хулқи неку мададгору дастгири шогирдон дар илмомӯзӣ мебошанд.  Беадабе ҳаргиз соҳибмартабаю комёб буда наметавонад. Шоири тавоно Камолиддини Биноӣ ин маъноро чунин ифода бинмудааст:

Толиби илмро адаб бояд,

Бо адаб саъй дар талаб бояд.

Дар талаб ҳар касе, ки

беадаб аст,

Гар ба мақсуди худ расад,

аҷаб аст!

 

Гулбаҳор Убайдова,

омӯзгори забони русӣ,

Аълочии маориф ва илми ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш