Нашрияи Омӯзгор

Луғатомӯзӣ ва аҳамияти он

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 62        Шарҳ: 0

 

Луғатомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ дар инкишофи нутқи хонандагон нақши калон мебозад. Дар ин самт муаллим бояд чунин корҳоро иҷро намояд:

а) Барои ҳар чӣ бештар ғанӣ гардидани захираи луғавии кӯдак кӯшиш кунад, мувофиқи донишҳои наве, ки хонандагон мегиранд, нутқашонро ҳам бо калимаҳои нав пурра намояд.

б) Хонандагон бисёр калимаҳои медонистагиашонро аз ҷиҳати маъно аниқ аз худ накардаанд, аксари онҳо ин калимаҳоро нодуруст кор мефармоянд. Маънои ин гуна калимаҳоро бояд аниқ кунанд.

в) Аксаран чунин мешавад, ки шогирдон захираи нисбатан калони луғавӣ доранд, вале онро истифода карда наметавонанд, ҳамаи онҳоро дар гуфтугӯ ба кор намебаранд. Муаллим бояд ба роҳҳои гуногун хонандагонро ба он водор намоянд, ки он калимаҳоро кор фармоянд.

г) Барои тозагии забон ба муқобили калимаю ибораҳои вайрон ва диалектизм (калимаю ибораҳои лаҳҷавӣ) мубориза баранд.

Манбаъҳои асосии луғати хонандагон инҳо мебошанд: Китоб (китоби дарсӣ, китоби иловагӣ, нашрияҳо, суратҳои гуногуне, ки аз рӯйи он дар синф кор мекунанд. Мазмуни онро мегӯянд, номи ашёи тасвиршударо меёбанд ва ғайраҳо), (нутқи муаллим, радио, кино, кӯшишҳои худи бачагон барои ифодаи фикр), дар машқҳои инкишофи нутқ истифода мешаванд.

 Инак, чанд намуди кори хонандагон вобаста ба луғат:

Тақсим кардани ашё ба гурӯҳҳо

 Дар ин ҷо бевосита муайян карда мешавад, ки кадом ашё ба кадом гурӯҳ дохил мешавад. Масалан: Лаклак-паранда, аммо шер-ҳайвон. Аз рӯи ҷой: дар боғ чӣ аст? Дар дарё чӣ ҳаст? Аз рӯи замон: дар зимистон-хунукӣ: барф ях. . . . дар баҳор-гул, ҳавои форам

 Муносибати ҷузъ ба кулл

Мақсади ин гуна машқҳо қисмҳои як чизеро, ки нисбатан бутун, пурра (том) ҳисоб мешавад, муайян кардан аст. Масалан: бом, девор, тиреза қисми чист? (қисми хона ё бино) Ё ин ки даст қисми чист? Девор қисми чист? Баъд чизи том дода мешавад, хонандагон қисмҳои (ҷузъҳои онро меёбанд:) Қисмҳои хона----. . . . . .

 Қисмҳои дарахт-----....

 Сипас, ин машқ боз ҳам мураккабтар мешавад. Худи он чизе, ки пул ҳисоб шуд, боз чун ҷузъи чизи дигар нишон дода мешавад. Масалан: Шоха қисмҳои тана аст, аммо тана қисми дарахт аст. Ё ки баръакс: қисми дарахт тана аст, аммо қисми тана чист?

Муқоисаи ашё ва ҳодисаҳо

Ашёро аз рӯи чигунагӣ ва нишонаашон муқоиса кардан мумкин аст: қанд ширин аст, аммо қаламфур тунд аст. Аз рӯи ранг: Аз рӯи ранг зардолу зард аст, аммо гелос сурх аст. Ашё аз рӯи ҳаракаташон низ муқоиса карда мешаванд. Чунончӣ: Мор мехазад, аммо муши парон мепарад.

Ёфтани антонимҳо:

 Антонимҳо калимаҳое мебошанд, ки маънои ба ҳам муқобил доранд: нағз-бад, шодӣ-хафагӣ, Аз синфи якум хонандагон ашёро ба воситаи ин гуна муқоисакуниҳо меомӯзанд. Ин хона калон аст, аммо он хона хурд аст. Дар ин бобат чунин машқ додан мушкил аст:

 Хурд-калон              Дур-наздик

 Баланд-паст            Арзон-киммат

 Гарм-хунук              Дароз-кӯтоҳ

Тағайгул ҲАЛИМОВА,

Шаҳригул ЯҚУБОВА,

омӯзгорони литсейи

инноватсионии “Душанбе”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш