Нашрияи Омӯзгор

Рухи фарзанди навзодам бидидам

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 135        Шарҳ: 0

 

Ҳар сол якуми июн чун Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Тифл аз рӯзи ба дунё омаданаш ба падару модар фараҳ ва шодӣ мебахшад, чунки вай барои волидон давомдиҳандаи умр, бахшандаи умеду орзуҳо мебошад.

Ба дунёи зиндагӣ ворид шудани тифлро бисёр шоирон дар шеърҳояшон тасвир кардаанд.

Аз ҷумла, Эраҷ Мирзо аз номи кӯдаке ба олами ҳастӣ ворид шудани ӯро ба ёд оварда, гуфтааст:

Гӯянд маро чу зод модар,

Пистон ба даҳан гирифтан

омӯхт…

Шоири машҳури тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода дар достони «Чароғи абадӣ» дар фасли баҳор, дар яке аз рӯзҳои моҳи апрел ба бемористон рафтани худро ин тавр оғоз бахшидааст:

…Фитодам дар ҷаҳони

серҷанҷол,

Ба дунёи пур аз фарёди

атфол.

Шоир ба таваллудхона қадам ниҳода, аз роҳрави он овози зиёдеро мешунавад:

…Яке фарёд лӯлакпеч мезад,

Дигар поро ба по бе ҳеч мезад.

Гӯянда мебинад, ки тифле ҳоло чашмонашро накушодаасту вале дар ҷустуҷӯи ғизо аст:

Яке чашмони худ накшода

ҳоло,

Ғизо меҷуст во карда

даҳонро…

Шоир ба таваллудгоҳ дохил шуда, тифлони гуногунро мебинад:

Яке бе мӯй буду сап-сафедак,

Дигар мӯисияҳ буд

печ-печак.

Яке ором, дигар бесаранҷом,

Яке шакле гирифта, дигаре

хом…

Шоир дар таваллудгоҳ ба шодию хурсандӣ мепечад, чунки момодоя ба вай чунин хабар мерасонад:

…Рухи момо ба чашм осуда

бинмуд,

Нигоҳе карду лаб бо ханда

бикшуд:

«Падар гаштед як

тиллописарро,

Муборакбод мегӯям

падарро.

Саломат модараш, ҷонаш

раҳо ёфт,

Ба бахташ кӯдаки олампано

ёфт».

Шоир ин хабари хушро шунида, аз ҷойи нишасташ парида мехезаду ба дидори кӯдаки навзодаш мешитобад ва мебинад:

…Ман аз шодӣ зи ҷо ҷастам,

паридам,

Рухи фарзанди навзодам

бидидам.

Нахустин бор бишнидам

садояш,

Дари дилро кушодам ман

барояш.

Даҳон во карда меҷунбонд

лабро,

Ба дил мекард ҷо ишқу

насабро…

 

Шарифи МИРЗОҲОТАМ,

собиқадори маориф,

ноҳияи Хуросон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш