Нашрияи Омӯзгор

Ҳамдаму ҳамдарди халқи хештан

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 152        Шарҳ: 0

 

Ман шоиронро дӯст медорам.

Эмомалӣ Раҳмон

Адабиёти бадеӣ неруи муқтадиру беназиру оламгир аст ва ин нуктаро тамоми халқу миллату давлатҳо дар саросари олам эътироф менамоянд. Ҳамбастагии ҳамешагиву ногусастанӣ бо абадият дорад адабиёт. Асари бамағзу дилписанд мондагору бегазанд аст.

Ҳар қадар сухан судбахшу рангину маънирез бошад, ҳамон қадар корагари дилҳову чорагари мушкилҳо мешавад. Каломи шоирон ҳамин гуна аст; «сар занад аз дил, ба дил коре кунад». Аз ин рӯ, ҳама ҷо мардум ба шоирон ихлосовару эътиқодманданд, сухани эшонро ба ҷон мепазиранд, арҷ мегузоранд ва мекӯшанд, ки дар рафтору гуфтор он гуна бошанд, ки муҳтавои шеъри шоирон тақозо дорад. Ҳамбаста ба ин, офаридгорони каломи волою зебо ҳамвора бар он кӯшидаанду мекӯшанд, ки суханашон, чакидаҳои хомаашон созандаву ҳидоятгар ва раҳнамои ҷодаҳои ростини зиндагӣ буда, мусоидат ба шукуфо будани рӯзгорон ва муаттару мунаввар будани ҳар хонадон бошад.

Шоирон дар ҳама замону ҳама ҳолат ҳамрозу дамсози халқи азизи хеш, шарики ғаму шодӣ, бурду бохти аҳли Ватани маҳбубанд. Сайре андак ба паҳнои таърих кофист, то ба воқеияти ин гуфтаҳо бори дигар имон биоварем. Аслан ин нуктаи ҳикматрез дар нигоштаҳои аҳли адабу аҳли таҳқиқ борҳо таъкиду собит (бо ҳошиябандии далелу мисолҳои фаровон) шудааст.

Ин ҷо мехоҳем зикр намоем, ки ҳодисаи мағшушу нохушоянди навпадид – домангустарии коронавирус (СОVID-19) боз ҳам таъйид сохт; шоирони дилогоҳу истеъдодманди халқи тоҷик боз ҳам меҳру муҳаббати самимии хешро ба ҳамдиёрони арҷмандашон собит бинмуданд, бо каломи дилрасу муассир иброз доштанд, ки дар ин рӯзҳои андуҳбор ва вабохез дар паҳлуи мардуманд, дарду доғи аҳли кишварро мефаҳманд ва аз ин боб сухани худро мегӯянд. Бубинед, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Камол Насрулло, ки аз қаламкашони мумтози ватансаросту тору пудаш ба Ватан пайвасти устувор дорад, зимни мақолае дар нашрияи «Ҷумҳурият» (№98, 28.05.2020) чӣ гуна саҳеҳу қотеъона ва бо камоли садоқат мегӯяд: «Нисбат ба халқи азизу сарзамини худ дар ин вазъияти душвор бетафовут буданро хиёнат нисбат ба Ватан ва халқи худ меҳисобам». Дар умқи ин суханон, ки савгандгуна садо медиҳанд, муҳаббат ва садоқат ҷӯш мезанад, иртиботи фарзанду падарро ба ёд меоварад каломи шоири маҳбуб.

Дар солҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ба сари Ватан хатари ҷиддӣ омаду халқ ба вартаи муҳлик дучор гашт, шоири шӯридадилу ватансаро Ҳабиб Юсуфӣ садо дардода буд:

Ба роҳи Ватан ҷон фидо

мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо

мекунем.

Устод Камол Насрулло миёни аҳли сухан аз аввалинҳо шуда, хатари ҷиддии вабои коронавирусро ба халқи азизаш дарк намуд, вазъи мавҷударо амиқ ба мушоҳида гирифт, хуб эҳсос кард, ки ин балоро ба чашми кам набояд дид; вазъ гарону хатарзост, вале худро ба даст бояд гирифту ба воҳимаву тарс набояд дода шуд. Ва бо забони шеър, шеъри муассиру андарзниҳод муроҷиат ба мардум карду ҳамагонро ба истодагарию эҳтиёткорӣ ва хушбоварӣ даъват намуд. Як не, якчанд шеъри ҳадафгир навишт дар ин мавзӯъ. Шоири инсонпарварро, ба вижа, иродатмандиву ҷасорату шафқати табибони ғамхор ба ваҷд овард, мамнуну сипосгузор кард ва ӯ бо арзи эҳтирому бо оҳанги ҳамду сано барои чунин шифокорон шеърҳои таҳсинбор гуфт, ки «Дар ҳифзи ҷони миллат» ва «Ҷоннисорони миллату меҳан» аз ин силсилаанд. Дар пешсухани фишурдае ба шеъри «Ҷоннисорони миллату меҳан» шоир чунин овардааст: «Новобаста ба хатарҳои марговар табибони ҷоннисор, онҳое, ки ба қасами касбии худ то ба охир ҷавонмардона садоқат доранд, имрӯзҳо дар беморхонаҳои мамлакат барои наҷоти беморон аз ин вабои аср мубориза мебаранд. Ҳаббазо бар чунин табибон! Худованди карим ба онҳо саломатӣ, неру ва пирӯзӣ бубахшад!» Шоири воқеиятбин корномаи ворисони Синоро дар мубориза бар зидди вабои навпадид ҳамсанг ба қаҳрамонӣ дониставу шеъри пурмаҳдашро чунин ибтидо бахшидааст:

Қаҳрамонони миллату меҳан,

Эй табибони ҷоннисори мо!

Рамзи сидқу шуҷоату мардӣ,

Ҳиммату нанги рӯзгори мо!

Дар поёни шеъри «Дар ҳифзи ҷони миллат» шоир табибон, ҳамшираҳои шафқатро боз ҳам қаҳрамони миллат мехонад ва онҳоро маҳбубтарин ашхоси айём медонад:

Имрӯз чун шумо кист

Дар ҳифзи ҷони миллат!?

Валло, шумо, шумоед

Худ қаҳрамони миллат!

Устод Лоиқ дар ғазале гуфтаанд, ки «Ҷони одам ташнаи мадҳу ситоиш будааст». Воқеан ҳам, мадҳу ситоиш, саногӯӣ ва таҳсин касро мамнуну шукуфтахотир месозад, барояш рӯҳу илҳому неруи тоза мебахшад ва ба идомаи фаъолият ҳидоят менамояд. Албатта, шеърҳои фавқуззикри устод Камол Насрулло нисбат ба табибони ҳозиқ ҳамин рисолатро хоҳанд дошт ва бешубҳа, ба равнақи мубориза алайҳи марази коронавирус ва амрози дигар мусоидат хоҳанд кард.

Сухани гарму самимию пурэҳсос ва дилнишини Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар «Ниёиш» ном шеъраш хотирҳои озурдаро навозиш мекунаду ба қалбҳо фараҳ эҳдо менамояд ва ҳар хонандаи ин шеъри муассир беихтиёр бо шоираи ниёишгар даст ба рӯ мекашад:

Худоҷон, аз бало моро нигаҳ

дор,

Замину осмонҳоро нигаҳ дор.

Балорову ваборо дур андоз,

Тамоми пиру барноро нигаҳ

дор…

Бароям Тоҷикистон тоҷи

дунёст,

Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ

дор.

Шеъри хеле муҳтавоманди Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар бо номи шиоргунаву базарби «Мо ношикастем», ҳамчунин, дар иртибот ба воқеаи тазйиқи вируси корона иншо шудааст ва рӯҳи бешикасти халқи моро дар лобалои ҳама гуна балою вабо тавсиф мебахшад.

Коронавирус – хасми муҳаббат,

Доми рафоқат, дори садоқат.

Хоҳад, ки бошад дарҳои

баста,

Пӯяндагонро пойи шикаста,

Аммо ҳаросад аз ваҳдати мо,

Аз сабру тамкин, аз шавкати

мо.

Шоири маъруф омили асосии пирӯзӣ бар зидди ваборо дар мададгори ҳам будан, сабру тамкин доштан ва дар таҳаммулгароӣ мебинад ва ӯ комилан ҳақ аст, зеро иттиҳоди ҳамдилону нерумандон заволнопазир аст:

Дар роҳи мақсуд дасти ба

дастем,

То бо ҳам астем, мо

ношикастем!

Маснавии «Баҳори умед»-и Шоири халқии Тоҷикистон, устод Аскар Ҳаким ба истиқболи гарми хонандагон дучор омад ва дар чанд нашрияи даврии ҷумҳурӣ рӯи чоп дид. Ин шеър дарунмояи башардӯстонаву хушбинона дорад ва бо ибораи «баҳори умед» ҳамбастагиаш қавист.

Шоири накуниҳоду хушбовар қотеъона бар он ақида аст, ки бар заминаи «шеваи гардуни гардон» баҳори дигар, баҳори орӣ аз ғаму ғусса, дарду ҳасрат дармерасад ва «хорҳоро гул мегардонад», баҳоре дармерасад, ки одаме дигар «Наёрад ёд аз номи куруно, Ки шуд соф аз даруну аз буруно». Ниёиши шоири миллат ифодагари ормону хостаҳои мардумист:

Баҳоро, хокро афлок месоз,

Заминро аз кудурат пок месоз.

Ҳар ҳарбае пешсафону қаҳрамонони худро дорад ва ин қазия дар воқеияти марбут ба коронавирус низ собит гардид. Дар ин ҳарбаи даҳшатзо табибони тоҷик нақши муҳим бозиданд ва яке аз омилҳои пирӯзӣ нисбат ба вируси манҳуси анчаргуна гардиданд. Аз ин ҷост, ки шоирони қадршиносу воқеиятбин батакрор рӯй ба ин мавзӯъ оварда, саногӯии табибон карданду ононро рӯҳбаланд бинмуданд, таҳнияташон гуфтанд. Шоири хушсалиқаи тоҷик Давлат Сафар низ дар радифи ҳамин гуна шоирони ҳақшинос буду ҳаст. Ӯ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷумҳурӣ ҳамбаста ба мубориза алайҳи коронавирус чанд шеър навишта, ҳамагонро ба устувор будан ва риояи тартиботи муқарраргардида даъват намуд. Инак, порае аз шеъри «Сипоснома»-и ин шоири дардошнои мардум:

Зи табу тоб табибед,

табибон, бошед,

Хасм донад, ки ҳабибед,

табибон, бошед…

Дар гулуву даҳани даҳр нафас

месӯзад,

Ин «вабо»-ро, ки рақибед,

табибон бошед…

Дар ситоиши корномаи инсондӯстонаи табибони дардафкан шоири шинохта Парда Ҳабиб низ бо номи «Сангари тандурустии Сино» шеъре гуфта, ки ҷавҳар аз ҳарфи сипос дорад ва басо рӯҳнавоз аст.

Гашта барпо ба ҳар шифохона

Сангари тандурустии Сино,

Сангари тандурустии Розӣ,

Сангари тандурустии барҷо,

Сангари тандурустии тоҷик,

Чобукиву дурустии тоҷик.

Ҳар амал шарту шароити худро дорад, ҳар ваборо низ подош силсилаи аксуламалҳост. Ва дар ҳама ҳолат нахусттадбир эҳтиёткорист. «Эҳтиёт - ними ҳаёт», - гуфтаанд дар урфият. Ин ҳикматро шоири номвари тоҷик Ато Мирхоҷа дар мавриди муҳориба бо коронавирус ва пешгирии ин вабо муҳим дониста, бо номи «Эхтиёт» шеъри ҳушдордеҳе эҷод бинмудааст, ки махсус «барои ризокорон – донишҷӯёни мактабҳои тиббии Тоҷикистон, ки ҷасорат нишон дода, ба хонаҳои беморон рафта, ба онҳо мадад мерасонанд» (аз пешнависи шеър), бахшида шудааст. Сатре чанд аз ин шеър иқтибос меоварем:

Мушкили моро бувад

мушкилкушояш эҳтиёт,

Дард бе дармон агар бошад,

давояш эҳтиёт…

Каш ба рӯи худ ниқобу дур

бош аз издиҳом,

Аз ҳавояш эҳтиёту аз садояш

эҳтиёт!..

Чун шаби торик дорад рӯзи

равшан дар бисот,

Хештанро боядо кардан

барояш эҳтиёт.

Дар ҳама ҳолат умеди сабз доштан, ба оянда хушбин будан ва дар паси пардаи сиёҳ равшанӣ дидан зиндагии ҳар фардро, рӯҳияи ҷомеаро таровату назокат мебахшад. «Дунё ба умед», - ҳикматест ҳамеша вирди забони халқи шарафманди мо. Шеъри «Фирӯзрӯзи фардо»-и шоири тозабаёни тоҷик Салими Зарафшонфар дар ҳамин замина нигошта шудааст ва ҳамагонро бовар мекунонад, ки ин ҳама дарду азият чун бод даргузаранд ва:

Бар бедавоии худ ёбем мо даво

боз,

Бар захмҳои худ мо ёбем

мӯмиё боз.

Садди сукути сарди афлокро

шикаста,

Аз ҷомҷанг созем онро пур аз

садо боз.

Дилдода боз дилпур бо

дилбараш нишинад,

Аз рӯи беҳиҷобаш гулбӯсаҳо

бичинад.

Меҳнатзада муҳоҷир,

ҳасратзада мусофир

Раҳ бар Ватан бигирад, дидори

мом бинад…

Чунин некниятиву хуш-боварии шоир ҳамагонро хушоянду мақбулу умедафзо хоҳад буд.

Дар мавзӯи мубориза бо вабои навпадид (коронавирус) ва пешгирии густариши ин вабо шоирони шинохта Алимуҳаммади Муродӣ, Хайрандеш, Исмоил Зарифӣ, Кароматулло Олимзода, Султонмурод Одина, Раҷаби Мусулмониён, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин... низ ашъори ҳикматрезу дилрас ва таскинбахшу умедпарвар эҷод кардаву худро ҳамқисмату дилбастаи ҳамешагии халқи кишвар донистаанд.

Ва ончунонки дар оғоз гуфтем, шоирӣ ҳамнавою ҳамқисмату ҳамдарди миллат будан ва бо каломи мавзун гуфтугӯ бо халқи маҳбуб кардан аст. Ҳақ бар ҷониби устод Лоиқ аст, ки «нони шоир нони халқ аст» гуфта. Ҳоло вақти бештар сухани хушу таскинбахшу рӯҳафзо гуфтан ва гиребони мардумро аз қабзаи воҳимаю тарсу ҳарос вораҳонидану дар марзи дилҳо донаи умед парваридан аст. Ин рисолати пурсавобу башардӯстонаро бештар аз ҳама шоирон ба сомон мерасонанд ва иртиботи хешро бо халқи азиз қавитару комилтар месозанд. Барҳақ:

Шоирӣ ҳамдарди миллат

будан аст,

Дар ҳамин раҳ як даме

н-осудан аст.

Абдурауф МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш