Нашрияи Омӯзгор

Қарори ситод оид ба аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 ба тасвиб расид

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

 

Таҳти раёсати Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор  шуд, ки дар он вобаста ба аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул гардид:

1. Аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон баргузор карда шавад.

2. Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад:

- раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ,  зери назорат қарор диҳад;

- бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои апеллятсионӣ таъсис дода шавад.

4. Аттестати аъло ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ тибқи «Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» дода шавад.

5. Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи «Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм  тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар 7309 синф аттестатсияи хатми 162026 нафар хонандаи синфи 9 ва дар 5517 синф аттестатсияи хатми 123565 нафар хонандаи синфи 11 дар назар дошта шудааст.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш