Нашрияи Омӯзгор

Вожаҳои нав ба нав дар луғатҳои миллӣ

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 85        Шарҳ: 0

 

 Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи забоншиносӣ ба вожаҳои нав он қадар фаро гирифта шудааст, ки баъзеи онҳо, ҳатто, ба мутахассисони соҳа ба дараҷаи бояду шояд фаҳмо нестанд. Аз тарафи дигар, истилоҳҳои дар забон истифодамешуда бояд ҳам дар илм ва ҳам дар муоширати байни одамон то дараҷаи зарурӣ фаҳмонида шаванд.

Бо рушди илм ва техника  ва соҳаҳои нав  дар бахши забон низ вожаҳои мухталиф низ пайдо мешаванд. Аз ин хотир, истилоҳоти забон яке аз соҳаи нав ва муосир буда, бо пайдо шудани  вожаҳои нав ба нав дар луғатҳои миллӣ низ тағйиротҳои зарурӣ ворид мешаванд.

Дар ҳақиқат, ҳар як илм бо вожаҳои худ ва истилоҳоти дар он истифодашуда аз якдигар фарқ мекунад. Танҳо дарк бояд кунем, ки мо дар кадом маврид  вожаи забониро истифода бурдем ё ин ки мафҳуми илмии соҳавиро. Вожа (термин) бояд як маъноро ифода намояд. Яъне, як вожа наметавонад  дар илм як соҳаро  бо якчанд мафҳум маънидод намояд. Яъне, вожа бояд соҳаи конкретӣ ва муҳити алоҳидаро маънидод намуда, онҳоро маҳз бо ҳамин вожа тасвир намояд.

Барои ташаккул ёфтани истилоҳот усули калимасозӣ  истифода бурда мешавад.  Вожаҳои аз дигар забонҳо истифодашаванда дар ин система нақши асосиро мебозад. Аз давраҳои қадим қисми зиёди вожаҳои ҳоландӣ ва  англисӣ дар ифодаҳои баҳрӣ ва киштисозӣ истифода мешаванд; аз вожаҳои фаронсавӣ ва итолиёвӣ дар рушди санъати мусиқӣ, дар соҳаи фарҳанг ва адабиёт вожаҳои лотинӣ ва юнонӣ бештар истифода бурда шудаанд. Ҳамчунин, вожаҳое мавҷуданд, ки ба дигар забон дуруст ва фаҳмо тарҷума карда намешаванд ва истифодаи онҳо танҳо аз шеваи мардуми чунин калимаҳоро истифода мекарда вобаста аст. Чунин истилоҳотро истилоҳоти байналмилалӣ меноманд, ки қисми зиёди онҳоро дар ҳаракати нақлиёти обӣ дидан мумкин аст:

Қобили қайд аст, ки истилоҳоти забони барои омӯзиш қарордошта якчанд маъно доранд. Чунин омилҳоро ба мафҳумҳои зерин дучор шудан мумкин аст: дар забони англисӣ вожаи киштӣ, заврақ: chip, vessel; мебошад, вале нақлиёти обие, ки мунтазам ба хатсайр мебарояд, liner фаҳмида мешавад.

Истилоҳоти илмӣ аз вожаҳои одӣ ва ифодаҳои ҳамарӯзаи гуфтугӯӣ  фарқ мекунанд, чунки дар онҳо ба таври дақиқу фаҳмо оварда шудаанд ва моҳиятан дар худ сарбории иловагӣ, ба монанди аломатҳои математикӣ  касб намудаанд. Агар чунин омил дар истилоҳоти соҳаи нақлиёти обӣ низ вуҷуд медошт, пас ба ин масъала ҳоҷати баҳс намудан  ҳам набуд.

Таркиби истилоҳоти соҳаи нақлиёти обӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ хеле гуногун аст. Ба ин истилоҳот калимаҳои руҷӯъ ба ин ё он забони асил, калимаҳои аз дигар забонҳо воридгардида ва инчунин, калимаҳои сирф хориҷӣ мансубанд. Лекин бо дарназардошти гуногунмаъноии этимологӣ ва семантикӣ тамоми номинҳои лексикӣ мавқеи хоси худро дар ин система ба таври яклухт нигоҳ медоранд.

Дилхоҳ системаи забонҳо тағйиротҳои экстралингвистикиро аз худ мегузаронанд. Дар ин раванд истилоҳоти вожаҳои нақлиёти обӣ дар забони англисӣ ба таври муваффақ мавқеи худро соҳиб гардидааст.  Яъне,  ҷойгузин будани истилоҳҳои соҳаи нақлиёти обӣ дар давлатҳои бо забони англисӣ гуфтугӯкунанда, пеш аз ҳама, ба тағйироти радикалие, ки умуман дар системаи давлатдорӣ рӯй додаанд, вобастагӣ дорад.  Вожаҳои нав дар раванди тағйироти баамаломада пайдо шуданд. Масалан,   киштии гузара -bac. slip. ferry. float  floater raft  traject –паром.

Пайдо шудани вожаҳои нави обӣ ба мафҳумҳои пештар вуҷуддоштаи соҳаи нақлиёт ягон тағйироти куллӣ ворид накарда, балки онро ҳамчун истилоҳҳои асосӣ ва таърихӣ қабул намуд (рынок-бозор, банки-бонкҳо, биржи- биржаҳо), ки онҳо имрӯзҳо ҳам мавриди истифода қарор доранд.

Таркиби истилоҳот дар забонҳои пажӯҳишшаванда мудом тағйир ёфта меистанд. Пайдо шудани вожаҳои нав бошад, назар ба гум шудани онҳо тезтар ба вуқӯъ мепайвандад. Истилоҳот-неологизмҳо, вожаро  ба худ касб намудаанд, дар луғати имрӯзаи забон ҳамчун вожаи сермаҳсул истифодашаванда  солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонанд.

 

Фирӯзҷон Арабзода,

омӯзгори Донишгоҳи

давлатии Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш