Нашрияи Омӯзгор

Сайёҳӣ рушд мекунад, агар…

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 145        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати  ҳайратангез ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои наву муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дошта, таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон – дӯстдорони сайру саёҳат ва шаҳрвандонро ҷалб кардааст.

Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандони мамлакат низ кашфношуда боқӣ мондаанд.

Аслан, миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат ва фарҳанг мебошад, бахусус, наврасон ва ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба боздиди ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд.

Дар мамлакатҳои Чин, Корея ва Тайланд аз 100 сайёҳ ҳамагӣ 20-30 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, боқимонда сайёҳони ватанӣ буда, пайваста ба омӯзиши таъриху фарҳанги худ машғул мебошанд. Яъне, онҳо ба минтақаҳои гуногуни кишварашон мунтазам сайру саёҳат мекунанд. Зимнан, маданияти сайёҳӣ – ин на танҳо доштани дониш оид ба рукнҳои ихтисосии сайёҳист, балки иттилоотнокию бархӯрдор будан аз фарҳанг, таърих, тамаддун, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои муосир, маконҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои таърихии фарҳангӣ, ҷойҳои табобатӣ, истироҳатӣ, фароғатӣ ва ғайра мебошад.

Воқеан, агар аз як тараф барои рушди соҳаи сайёҳӣ, захира ва имкониятҳои сайёҳӣ шароити инфрасохторӣ зарур бошад, аз тарафи дигар нақши калидиро дар ин самт захираи инсонӣ- неруи зеҳнӣ дар шакли маданияти сайёҳӣ ташкил медиҳад.

Якум, иштироки дастаҷамъ-онаи сохторҳои ҷомеа, аз ҷумла, бахши хусусӣ (соҳибкорон) ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи босамари қонунгузории соҳаи сайёҳӣ-таҳияи лоиҳаҳо, нақшаҳои амал, хатсайрҳо, ташкили инфрасохтори сайёҳии хос ба намуди хизматрасонии худ ва ғайра, ки дар шароити ҷомеаи демократӣ дорои аҳамияти махсус мебошад.

Дуюм, ташвиқу таблиғи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ бар асоси стандартҳои байналмилалӣ. Дар бозори сайёҳӣ, бо назардошти ҷолибият ва аҳамияти иқтисодии он ҳар кишвар талош бар он меварзад, ки сайёҳонро ба  истифодаи захираҳои худ (барои ташриф) ҷалб созад, маблағҳои зиёд харҷ карда шуда, воситаҳои таблиғотӣ дар шакли ташкили ҳамоишҳои фарҳангию илмии байналмилалӣ, бозиҳои варзишии олимпӣ, каналҳои махсуси телевизионӣ, рӯзнома, маҷаллаҳо, сомонаҳо дар шабакаи Интернет ва ғайра ба роҳ монда шаванд.

Сеюм, омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ. Дар ҷумҳурӣ дар сохтори муассисаҳои ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ факултаҳо ва кафедраҳои махсусгардонидашуда оид ба омодасозии кадрӣ дар соҳаи сайёҳӣ амал мекунанд, аммо ин хеле кам аст. Гузашта аз ин, дастовардҳои тадқиқотӣ ва илмию амалии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ кам ба назар мерасанд, ки такмили ихтисос ва бозбинии барномаҳои таълимӣ тақозо мегардад…

 

Мавлуда Расулова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №39, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш