Нашрияи Омӯзгор

Дар мавсими гармо оби тираро чӣ тавр тоза менамоянд?

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 141        Шарҳ: 0

 

- Оби тираро дар зарфи сирдор гирифта, дар ҷойи баланд гузоред, дар поёни он зарфи холӣ гузоред. Баъд як пора матои растанигиро гирифта, як канорашро дар зарфи холӣ монед. Дар муҳлати муайян ба зарфи холӣ, бо ёрии матои растанигӣ оби тоза ҷамъ мешавад ва барои истеъмол тайёр аст;

- агар шумо якчанд бодоми майдакардашударо ба оби тира андозед, обро тоза мекунад;

- дар вақти истифодаи оби ифлос, сирпиёз, сирко, пиёзи бехӣ истеъмол намоед, зарари онро ба ислоҳ меоварад;

- усули осонтари тоза намудани оби ифлос ва тира якчанд бор ҷӯшонидани он, ҳамроҳ намудани шарбати турши меваҳо ё сирко мебошад.

2.Дар табиат оби ифлосро чӣ тавр тоза менамоянд?

- Ба хоки тозаи ҷои зист обро якҷоя карда, як муддат нигоҳ медоранд, то ки хок таҳшин шавад;

- Ба оби дағал (дурушт) вино ё намак андохта истеъмол кардан мумкин аст.

Аҳмад Шоев,

омӯзгори география,

 биология ва экология дар

мактаби №3-и шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш