Нашрияи Омӯзгор

Зебоӣ неруи тавоност

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 112        Шарҳ: 0

 

Олим, мутафаккир ва шоири бузурги олмонӣ Гёте гуфтааст: «Зебоӣ ба ҳар куҷое, ки ворид шавад, меҳмони азиз аст ва самимона пазироӣ хоҳад шуд». Нависандаи маъруфи рус Л.Толстой дар ин боб ҳикмати машҳуре дорад: «Зебоӣ ҷаҳонро наҷот мебахшад».

Дар ҳақиқат, зебоӣ унсури муҳими ҳаёти инсонҳост, он ба зиндагӣ маънии тоза мебахшад, онро ба ҷилва меорад, пуртароват месозад. Аз ин ҷост, ки дар ҷараёни таҳсил дар мактабҳо, махсусан, дар зинаи аввали таҳсилот тарбияи зебоипарастӣ ба аҳамияти махсус молик мебошад ва онро тарбияи эстетикӣ низ мегӯянд. Ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ бояд фаҳмонд, ки зебоӣ чист ва чаро бояд ҳама чиз зебо бошад, зебоиро бояд дарк кард, парастид ва ҳатто зебоиро бояд офарид. Нахуст ба шогирдон бояд «алифбои зебоӣ»-ро омӯхт, ки он чунин аст: худро ва муҳити худро тоза нигоҳ доштан, ҳама ҷо ба тозагӣ риоя кардан, либоси шинаму зебо пӯшидан, ба дурустии рафтору гуфтори худ диққат додан, дар бораи воситаҳои зебоиофарӣ маълумот доштан… Шогирдонро талқин бояд кард, ки зебоии ҳама ашёи табиатро бубинанд, ба ҳама чиз аз мавқеи зебоӣ бингаранд, зебоии муҳит, зебоии манзараҳо, зебоии одамон, зебоии моҳу офтобу ситораҳо, зебоии кӯҳу саҳрою дарёҳо, зебоии фаслҳои сол, зебоии ашёи хониши худро дарку эҳсос карда тавонанд, аз тамошои зебоӣ ҳаловат баранд. Махсус таъкид бояд кард хонандагонро, ки дар инсон бояд ҳама чиз - аз либосу рафтор то гуфтору пиндор зебо бошад. Ба онҳо бояд мафҳуми «зебоии ботин»-ро шарҳ дод. Яъне одоби инсон, ақлу фаросаташ дар муайянсозии сатҳи зебоии ӯ мавқеи аввалдараҷа дорад. Носири Хусрав, шоир ва донишманди бузурги тоҷик, гуфтааст:

Ҳар кӣ бе сирати хуб аст накусурат,

Ҷуз ҳамон сурати девораш  манигар!

Рафтори ношоиста, сухани нохуш ва андешаи ботил ҳусни зоҳирии инсонро ба ҳеҷ баробар мекунад, боиси хиҷолатзадагии ӯ ва ранҷишу нафрати дӯстону атрофиёнаш мегардад. Нависандаи маъруфи рус Ф.Достоевский гуфтааст: «Ҳусн ҳусн нест, одоб ҳусн аст». Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ин ҳама андарзу ҳикматҳои барҳақу омӯзандаро бояд ба шогирдон шарҳ диҳад, албатта, дар заминаи мисолҳо аз рухдодҳои зиндагӣ.

Воситаи дигари тарбияи зебоипарастӣ (эстетикӣ) шинос намудани хонандагон бо ҳунарҳои зебои мардумӣ, чун кулолӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, рассомӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, ресандагӣ, зардӯзӣ мебошад. Суҳбатҳо дар бораи ҳунармандони варзида ва асрори дастони пурэъҷози онҳо барои шогирдон хеле муассир хоҳанд буд. Ҳамчунин, ҷалб кардани хонандагон ба маҳфилҳои гуногун, саёҳат ба табиат, тамошои намоишгоҳҳо, осорхонаҳо, устохонаҳо… тадбирҳои пурсамар маҳсуб меёбанд.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба тарбияи зебоипарастии хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ баргузор намудани чорабиниҳои зерин муҳим ва муфид мебошад:

- ироаи маълумоти умумӣ оид ба зебоиҳои табиату ҷамъият ва ашёи атроф;

- ироаи маълумот дар бораи осори адабиёт ва санъат;

- ироаи маълумот вобаста ба ҷаҳони мусиқӣ, опера ва балет, сирк, театр;

- ироаи маълумот дар хусуси муҷассамаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, эҷоди аҳли ҳунар;

- ироаи маълумот дар бораи осори адабиёт ва санъат;

- аҳлона таҷҳизонидани дарсгоҳ, таҳияи рӯзномаи деворӣ, суратномаҳо, гӯшаҳои гуногун;

- машғул шудан ба гулпарварӣ;

- иштирок дар озмунҳои гуногун вобаста ба тарғибу тавзеҳи зебоӣ…

Зебоипарастӣ ва дарки зебоӣ барои таҳсили шоиставу бомуваффақият ба хонандагон мададгор хоҳанд буд.

Назира ХОЛОВА,

ҷонишини директор оид ба синфҳои

ибтидоии  литсейи ДССХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш