Нашрияи Омӯзгор

Домани мақсуд ба даст орем

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 138        Шарҳ: 0

 

Вазифаи таълим ва тарбия ҳамчун ҷузъи таркибии маориф дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз он иборат аст, ки шаҳрвандони сатҳи маърифатнокиашон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта, соҳиби дониши амиқ, маҳорат, малакаи касбӣ тайёр намояд, ки онҳо бо ғояҳои сулҳдӯстӣ, инсонпарварӣ, адолати иҷтимоӣ, риояи арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҷомеаи кунунӣ, ҳуқуқ ва қонунҳо фаро гирифта шудаанд.

Яке аз вазифаҳои пурифтихори мактаб он аст, ки тарбияи инсондӯстонаи насли наврас, ташвиқу тарғиби пайванди наслҳоро ба роҳ  мемонад, ҳисси шаҳрвандии шогирдонро бедор менамояд. Ин ба он мақсад аст, то ки онҳо уҳдадорӣ ва ҳуқуқи худро дар назди халқу меҳани азизи хеш, ҷомеа ва давлат фаҳманд ва ба меъёрҳои олитарини инсонӣ такя намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ фаъолона ширкат варзанд.

Бояд шогирди мактаб дарк кунад, ки дониши имрӯз гирифтааш бори гарон набуда, тӯшаи роҳ аст. Он дар  чорсӯи зиндагӣ ба кор меояд ва дар баробари ин вай бояд ба хубӣ эҳсос намояд, ки дар ҷодаи ҳаёт роҳи  росту  ҳамвор нест. Бинобар он, инсон қодир аст, ки зиндагиро тағйир дода, ҷомеаро ободу шукуфон бисозад. Фикр мекунам, татбиқи амалии вазифаҳои мазкур, қабл аз ҳама, ба омилҳои зерин вобастагии зич дорад:  тағйирпазирии мазмуну мундариҷаи маълумот ва роҳу усулҳои таълиму тарбия; мавқеъ, нақши тафриқа ва муштарак дар мазмуни маълумот; инсондӯстӣ ва демократикунонии ҷараёни таълиму тарбия.

Вобаста ба ин, дар фасли ёздаҳуми қонун «Дар бораи маориф»  омадааст, ки мактаби таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се зина иборат аст: зинаи якум, мактаби маълумоти ибтидоӣ (синфҳои 1- 4); зинаи дуюм – мактаби асосии маълумоти ҳамагонӣ (синфҳои 5 – 9); зинаи сеюм – таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10 – 11). Дар байни ин зинаҳо, албатта, таълими ибтидоӣ пояи ташаккули шахсият, таҳкурсии минбаъдаи омӯзиш ва парвариш мебошад. Вай ҳамчун муайянкунандаи комёбӣ ва нокомии мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти минбаъдаи онҳо нақши муҳим мебозад.

Аз ин ҷиҳат волидони хонандагони ин зинаи таҳсилотро лозим аст, ки робитаро бо мактаб ва омӯзгорони фаннӣ, роҳбарони синфи онҳо боз ҳам мустаҳкам гардонда, барои шахси минбаъд донишманду дорои саводи кофӣ гардидани онҳо мусоидат намоянд.  Коре кардан даркор, ки фардо онҳо барои азхуд накардани асосҳои илму дониш аз падару модар, устодон ва умуман, шахсони онҳоро иҳотакарда домангир нашаванд.             

Кавгинисо  ИСОЕВА,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии мактаби №58,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш