Нашрияи Омӯзгор

Зарби худро озмудан зиндагист

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 140        Шарҳ: 0

 

Дар ин дунёи пурҳаводис ва пуршебу фароз рисолати шахсеро нисбат ба шахси дигар саҳлу сода пиндоштан салоҳ нест, вале бо ин ҳама, ба иттифоқи аҳли хирад, суханофарию сухангустарӣ рисолатест басо сангин ва гоҳе тоқатфарсо.

Ҷое дар ин маънӣ хонда будам; оне, ки ба кори эҷод, эҷоди каломи бадеъ мегаравад, дидаю дониста қадам ба арсаи заҳматбору ҷонгудоз мегузорад, тамоми зиндагиашро бо сӯхтану пухтан, азму талош, бурду бохт пайванд мекунад. Нависанда табиатан ҳаргиз созиш бо оромӣ надорад ва ҳатто дар он лаҳзаҳое, ки ба назар осуда метобад, ҳаргиз фориғ аз гирудори ҳастӣ нест, даруни дил фиғони бесадо дорад, даруни дил меҷӯшаду ба таркише замина фароҳам меоварад. Басо печидаву мураккабу пурасрор аст ҷаҳони маънавии нависанда. Адиби маъруфи тозакор ва эъҷознигори рус Константин Паустовский яқин дар заминаи таҷрибаи эҷодгарии хеш навиштааст: «Нависандаро ба ин кори пурмашаққат ва шарафманду зебо чӣ водор менамояд? Пеш аз ҳама, майлу амри дил, даъвати дили худи нависанда водор мекунад. Ҳисси виҷдону эътимод ба оянда нависандаи ҳақиқиро ором намегузорад, ки ӯ дар замин чун гули бе рангу бӯ зиста, рангорангии андешаву эҳсоси дили лабрези худро ба ғояти олиҳимматӣ пешкаши одамон насозад». Ин насрпора аз китоби бисёр писандидаи «Садбарги зарин» иқтибос шуд, китобе, ки дар саросари ҷаҳон маъруфият дорад ва онро аз русӣ ба тоҷикӣ нависандаи номвару пуркори тоҷик Бахтиёр Муртазо баргардон кардаву ба ин васила барои ҳазорон қаламкаши тоҷик, ба вижа, барои навсафарони ҷодаи эҷоди бадеӣ ҳаққи устодӣ пайдо бинмудааст. Ин адиби хушсалиқа дар дарозои арсаи эҷод ба кори тарҷума кам даст ёзидааст, вале дар интихоби асар барои тарҷума хеле мулоҳизакорӣ ва саррофӣ кардааст. Пас аз омӯзиши амиқу дақиқи муҳити маънавӣ ва табиати хонандаи тоҷик ба хулосае расидааст, ки маҳз фалон асар барои тарҷума муфиду пазирои дилҳост. Ва албатта, ин маврид хориқаи табиати худи адиб низ нақшгузор мегардад.

Бахтиёр Муртазо чун дар муҳити созгор, дар хонадони ашхоси маърифатоину хирадгаро ба камол расидааст, аз хурдӣ майлу рағбат ва меҳру муҳаббат ба китоб, ба мутолиаи пайвас-та, ба суханони ноб, ба хомаю нома ва машқи эҷод доштааст. Яқинан, барвақт дарк ҳам кардааст, ки нависандагӣ корест сангин ва борест вазнин, вале чун дар ҷодаи писандидаи хеш устувору иродатманд будааст, пушт ба ҷода натофтааст, балки ҳама монеаҳову мушкилоту нокомиҳои аввалқадамҳояшро бурдборона паси сар кардаву ба паҳнои адабиёт роҳ ёфтаву ин ҷо тадриҷан мавқеи хосаи хешро пайдо бинмудааст. Он ҳама нуктаҳои ҷолибу ҷозибе, ки дар «Садбарги заррин» доир ба заҳмати адиб ва рӯзгорони пурҳаводиси ӯ, дар хусуси сеҳри қалам ва асрори эҷод омадааст, ҳамбастагие бо ҳаёту эҷодиёти Бахтиёр Муртазо доранд. Азму иродаи қавӣ, ҷустуҷӯҳои бардавом ва пайваста роҳрави хастагинопазири ҷодаи эҷод будан бо зиндагиномаи ӯ тавъам афтода. Ифодаи маъмули «нависанда ифодагари рӯҳияи замон аст»-ро муҳтавои осори ин адиби мумтоз низ собитгар аст. Замоне, ки дар нашрияҳои кишвар («Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият», «Садои Шарқ», «Минбари халқ», «Садои мардум»…) дар вазифаҳои гуногун (аз ходими адабию мудири шуъба то сармуҳаррир) кор мекард, аз пайи таҳқиқи номаҳо, барои вохӯрӣ бо одамони наҷиб, бо мақсади тафсири воқеаҳо гоҳ пиёдаву гоҳ савора ба тамоми манотиқи ҷумҳурӣ рафт, шоҳиди ҳаводиси зиёде шуд, неку бадро амиқтар биомӯхт, дӯстони зиёде пайдо кард, кӯлбори эҷодиашро пурбортар бинмуд. Ҳамеша гӯш ба набзи замон дошт. Дар бузургтарин корзорҳои кишвар – неругоҳҳои барқи обии «Норак»-у «Роғун», сохтмонҳои азим дар Бешканду Ёвон паҳлу ба паҳлу бо бунёдкорон заҳмат кашид, то моҳияту аҳамияти ин иншооти азимро дақиқтар дарк созад, рӯҳияи коргаронро амиқ биомӯзад, қаҳрамонони ҳақиқиву арзандаи осорашро дарёбад, бо чашми хеш ба воқеият бингарад. Бо ҳамин аҳдофи неку замоне берун аз Тоҷикистон низ рафт ва ҷараёни бунёди чанде аз иншооти муқтадири собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба мушоҳида гирифт, муддате ҳамрозу дамсози коргарони қавибозую соҳибиродати яке аз бузургтарин коргоҳҳои садаи бист – бунёди роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) гардид, рози дили онҳоро бишнавид, ҷомадони сафариашро пур аз дафтари ёддоштҳо кард. Нависандаи пӯёву ҷӯёи тоҷик алорағми дигарон аз кулли сафарҳояш на пулу молу либосу палос, балки даста-даста китобу баста-баста авроқи қаламкашида меовард ва аз ин худро хеле болидахотиру қаноатманд эҳсос мекард. Ҳатто айёме, ки дар Афғонистони ҷангзада хидмат мекард, барканор аз ин вижаатвораш набуд; аз оғӯши обу оташ низ китобу коғаз берун овард.

Он нукта зикркарданист, ки дар тамоми сафарҳояш Бахтиёр Муртазо на як қаламкаши озодалибосу боғурур, балки як шахси либоси одӣ бар тан, хоксору ботаҳаммул буд, бо ҳама самимона суҳбат меорост, дилёбӣ мекард, ҳамкорӣ менамуд… Дар арсаҳои заҳмати коргарон дар паҳлуи онон гоҳе белу каланд дар даст, кулоҳи оҳанӣ бар сар, либоси коргарӣ ба тан дошт, маротибае чанд дасту пояш лат ҳам хӯрданд, баъзан бисёр хаста ҳам мегашт, ҳатто борҳо гирифтори беморӣ ҳам шуд, вале иродааш нашкаст, қаламаш нашкаст, азмаш нашкаст, зеро неку медонист ва падари маорифгустараш низ таъкид карда буданд, ки «Бе азми дурусту саъйи комил Касро нашавад мурод ҳосил»…

Устод Бахтиёр Муртазо, ки инак, синнаш ба 80 расидааст, барои адабиёти тоҷик, барои халқу Ватани азизи хеш, барои густариши хираду маърифати мардум хидмати мондагору пурарзишеро сомон бахшид. «Агарчи нисфи умри беҳтаринаш дар сафар бигзашт», китобҳои зиёде эҷод кард, мақолаҳои зиёде бинвишт. Китобҳояш «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Эҳёи Бешканд», «Нақби Истиқлол», «Ҷавпазак»… аз ҷониби хонандагон гарм истиқбол дарёфтанду сазовори баҳои баланди адабиётшиносон гардиданд. Замоне ин адиби тозакор ифтихори шогирдии нависандагони маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеъулло Наҷмиддинов, Шодон Ҳаниф, Муҳиддин Хоҷазодро дошт, имрӯз худ пири очеркнигорону публитсистони кишвар эътироф гардида. Барҳақу неку фармудаанд:

Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод

гардад,

Расад рӯзе, ки худ устод

гардад.

Воқеан, аҳли таҳқиқ ва устодони каломи бадеъ ба эҷодиёти Бахтиёр Муртазо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд. Ба ҳамаи навиштаҳои ӯ тақризҳо ба нашр расидаанд, рӯзноманигорон бо иштиёқи том бо ин адиби боҷасорат мусоҳибаҳо меороянд. Чанде пеш китобе бо номи «Дар шинохти Бахтиёри Муртазо» ба нашр расид, ки дар он намунаҳо аз нигоштаҳои адабиётшиносону муҳаққиқон ва рӯзноманигорон перомуни шахсияту эҷодиёти адиб гирд оварда шудаанд ва дар маҷмӯъ, чеҳраи равшану нуронии нависандаи маҳбуби тоҷикро инъикос менамоянд.

Устод Бахтиёр Муртазо дар тамоми марҳилаҳои ҳаёти файзрези худ ҳамқисмату ҳамдаму ҳамқадами халқи азизаш будаас-ту рисолати нависандагиашро дар сатҳи баланд ва басо дилписанд иҷро бинмудааст ва хушо, ки имрӯз низ идомаи фаъолият дорад.

Чун Константин Паустовский аз адибони писандидаи устод Бахтиёр Муртазо аст, дар хотимаи гуфторамон низ иқтибосе аз ин нависандаи маъруфи рус меоварем: «Шахсе, ки чашми одамонро андаке ҳам бино накарда бошаду равшаноӣ набахшад, ӯро нависанда наметавон гуфтан». Дар иртибот ба ин маънӣ қотеона метавон гуфт, ки устод Бахтиёр Муртазо чун нависандаи воқеиятнигор бо нури сухан равшанӣ ба ҷодаҳои ҳаёт бахшидааст, ӯ мудом дар хидмати мардум аст, нависандаи мардумист.

PS: Аҳли қалами ҳафтаномаи “Омӯзгор” нависандаи шинохта, устод Бахтиёр Муртазоро ба муносибати 80-умин солгарди умри пурбаракаташон табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ ва идомаи бомуваффақияти фаъолият таманно доранд.

Абдурауф МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш