Нашрияи Омӯзгор

Аз дида ба дилҳо рафт

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 109        Шарҳ: 0

 

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара аз даргузашти нобаҳангоми устоди донишгоҳ, донишманди шинохта, адабиётшиноси варзида, доктори илми филология, профессор Фарҳод Ҳусейнзода сахт андуҳгин буда, ба пайвандонаш аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд. Марги устод Фарҳод Ҳусейнзода барои Донишгоҳи давлатии Данғара ва кулли дӯстону наздиконаш талафоти азим аст.

Фарҳод Ҳусейнзода зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд буда, 13 майи соли ҷорӣ дар 55-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Шодравон Ф.Ҳусейнзода дар тайёр намудани мутахассисони риштаи адабиётшиносӣ нақши шоиста дошт. Ҳамзамон, дар донишгоҳ нақши боризи устод дар омода намудани шогирдон ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баръало эҳсос мешуд. Мавсуф муаллифи беш аз 100 кори илмӣ буда, аз онҳо доираи васеи мутахассисони ватаниву хориҷӣ истифода мебаранд. Рисолаҳои илмӣ ва китобу дастурҳои таълимии “Шеъри анҷуманафрӯз” (Душанбе, 2007), “Назаре ба достонҳои тамсилии адабиёти атфол” (Душанбе, 2008), “Фурӯғи шамъи маҳфилҳо” (Душанбе, 2010), “Дар тангнои асолат ё паҳнои беасолатӣ” (Душанбе, 2010), “Асолат дар забони мардум” (Душанбе, 2012), “Адабиёти маърифатоин ва тарбияи фарзанд” (Душанбе, 2018) ва “Забони тоҷикӣ” (дар ҳаммуаллифӣ, Душанбе, 2019) ба килки суханпардози ин донишманди шинохта мансубанд.

Ф.Ҳусейнзода дар тӯли фаъолияти пурсамар ба омода кардани омӯзгорон ва филологҳои оянда машғул буд ва то ба имрӯз даҳҳо шогирдаш дар расонаҳо, телевизионҳо, радиову маҷаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ фаъолият намуда, устодро роҳнамои хуби кори худ медонанд.

Профессор Ф.Ҳусейнзода солиёни зиёд (1994-2008) ба ҳайси мудири кафедраи забонҳо, декани факултаи забонҳо, муовини ректор оид ба таълим ва илми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент кор карда, солҳои 2008-2013 вазифаи сардори раёсати маорифи шаҳри Панҷакент, солҳои 2013-2015 ходими калони илмии кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2015 то ба нафаси охирин вазифаи мудирии кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғараро бар уҳда дошт.

Устод Фарҳод Ҳусейнзода дар тӯли фаъолияти беш аз 30-солаи хеш хизматҳои арзанда ва мондагоре анҷом дод, ки дар таърихи илми тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад гардид.

Раёсат, иттифоқҳои

касаба ва ҳайати омӯзгорони

Донишгоҳи

давлатии Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш