Нашрияи Омӯзгор

Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 97        Шарҳ: 0

 

аз  13 майи соли 2020,

№1670, ш. Душанбе

Дар бораи муайян намудани пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан боздоштани раванди таълим

Бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2020, №2к/38-25 ва аз 01.05.2020, №2к/43-24 мутобиқи моддаи 33 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 33 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145) ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 27 апрели соли 2020 бо назардошти ҳолати баамаломада муваққатан боз дошта шавад.

2. Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асосӣ пардохт карда шавад.

      3. Рухсатии меҳнатии навбатии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ тибқи тартиби зайл амалӣ карда шавад:

3.1. Кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатм иштирок намекунанд, аз 15 майи соли 2020 ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода шаванд;

3.2. Омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 вобаста мебошанд, тибқи муқаррарот ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода шаванд;

3.3. Кормандони маъмурӣ ва дигар кормандони хурди техникӣ  мувофиқи тартиби ҷадвали рухсатиҳои меҳнатии тасдиқнамудаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода шаванд.

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода гузошта шавад.

Асос: Протоколҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2020, №2к/38-25 ва аз 01.05.2020, №2к/43-24.

 

Вазир                                     М. Имомзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш