Нашрияи Омӯзгор

Иродатмандӣ омили рафъи балоҳост

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 157        Шарҳ: 0

 

Муроҷиати доктор Ораш Алоӣ аз има ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои мубориза бар зидди коронавируси COVID-19

Бемории бо номи COVID-19  омилаш вируси куруно аст, ки барои олимони ҷаҳон шинос мебошад. Он дар шароити имрӯза тағйир ёфта, ҷаҳиши генетикӣ кардааст ва бемории нав эҷод намудааст. Ин вирус дар соли 2002 намуди нав пайдо кард ва бо номи «СОРС» аз ҳайвоноте, ки шир медиҳанд ва аз парандагон ба инсон гузаштааст.  Баъд дар соли 2012 бо номи «МЕРС» дар кишвари Арабистон пайдо шудааст.  Ҳоло бошад, намуди сеюми беморист, ки бо номи COVID-19  ба инсон сироят менамояд. Яъне, мо ин бемориро хуб мешиносем. Ин вирусҳо барои он, ки зиндагӣ кунанд ва паҳн шаванд, ниёз ба як организми зинда ё макони зинда доранд. Ин макон барои COVID-19 шуш мебошад. Вирусҳо ба шуш аз роҳи бинӣ ва даҳон ворид мешаванд. Онҳо сипас дар  шуш паҳн мешаванд. Аммо бадани инсон то ҷойе метавонад, аз он ҳимоя мекунад. Механизми ҳимоявиаш ҳаракат карда, ба мубориза кардан ва аз байн бурдани вирус оғоз мекунад. Дар  ҷанги байни вирус бо иммунитети инсон дар шуш мушкилоти кимиёвӣ ба вуҷуд меояд, ки дар баъзе афрод ба марг оварда мерасонад. Бар асоси таҳқиқоти ҷаҳоние, ки шудааст, мо медонем, ки 85 фоизи шахсони ба COVID-19 гирифторшаванда бе ягон табобат сиҳат мешаванд. Вале 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар ниёз аст, ки дар беморхона  бистарӣ шаванд. Аз 1 то 3 фоиз  дар баъзе ҳолатҳо фавт менамоянд. Мо ба як беморие рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар шушҳо пайдо шуда, ориза медиҳад. Башар ба ин намуди беморӣ фақат 3-4 моҳ аст, ки мубтало шудааст.

Мо ҳозир намедонем, ки ҳарорати замин вақте гарм мешавад ё ин ки сатҳи замин аз сатҳи баҳр баланд ё паст мегардад, ин беморӣ чӣ гуна таъсир мерасонад? Барои ин ниёз аст, ки каме вақт гузараду тобистон бубинем чи мешавад. Лекин, чанд нуктаи муҳимро мо медонем. Агар вирус аз даҳон хориҷ шавад, дар фазое, ки берун аз даҳон аст, аз 1 то 3 соат дар фазо наметавонад зинда бимонад. Агар дар даст бичаспад ва даст ба дастаҳои дар ё дастқапҳои автобус ё ҷойҳои дигар бирасад, вирус метавонад то чанд рӯз зинда бимонад. Бар зидди ин вазъият мо ҳоло табобати хос надорем.

Пешгирӣ аз вирус, новобаста аз он ки дар   кадом шаҳру ноҳия ҳастем, бисёр муҳим аст. Ман дар Ню-Йорк, ки ҳастам, мебинам, ки бо вуҷуди имконоти зиёди пешгирӣ доштан беш аз 170 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки сабаби асосиаш риоя накардани қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ мебошад. Мо медонем, ки вирус аз даҳон хориҷ мешавад, бо ин сабаб даҳонро бояд пӯшонем. Агар ниқоб дорем, истифода барем. Агар ниқоб набошад, ҳамзабонони азизи тоҷики ман, ташвиш накашанд, метавонанд аз пахта ва матоъ  истифода карда, худашон ниқоб созанд ва пеши даҳонашонро маҳкам намоянд.

Тамоми дунё ин қоидаҳоро бояд риоя кунад. Мо бо як беморие сарукор дорем, ки ҳеҷ халқе, ҳеҷ кишваре аз он иммунитет надоштааст. Ба ин сабаб бояд ҳама аҳолии ҷаҳон даст ба дасти ҳам бидиҳем, то ин ки ин бемориро битавонем назорат намоем. Аввалан, новобаста аз   нишонаҳои беморӣ мо бояд донем, ки  30 то 50 фоизи шахсони  гирифтори   COVID-19   бе аломат ҳастанд. Яъне, шахс метавонад вирусро дошта бошад ва онро ба дигар кас гузаронад, вале худаш ягон нишона ё ташвиш надошта бошад.

Мушкиле, ки дар Ню-Йорк ва ҷаҳон пеш омад, ин буд, ки одамон гумон карданд, ки ҳар касе ҳарорати баданаш баланд ва ё сулфа дорад, ба COVID-19 мубтало гардидааст. Аз ин рӯ,  касонеро, ки ҳарорати баланд доштанд ва ё сулфа мезаданд, ба карантин фаро гирифтанд. Баъди он аниқ карданд, ки  ин беморӣ паҳншаванда аст. Сабабашро таҳқиқ карда, маълум намуданд, ки аз 30 то 50 фоизи афроди бидуни аломат дар баданашон вирус доранд ва онро ба дигарон интиқол медиҳанд.

Ин нукта барои шаҳрвандони муҳтарами ҳамзабони тоҷик низ бисёр муҳим аст. Новобаста аз он ки шумо нишонаи беморӣ доред ё надоред,   сулфа мезанед ва  ё не, ҳарорататон баланд шудааст ё на,  ҳама бояд масъалаҳои аввалияи беҳдоштиро риоя намоянд. Якум, даҳонро бо ниқоб пӯшонанд. Дувум, дастҳоро бо собун ва маҳлул шустушӯ  кунанд. Агар илоҷаш бошад, аз дастпӯш истифода баранд. Зеро ҳар вақт дастони шумо ба дастаи дар, пул, девор, чашм ва ё ҷойҳои дигар мерасанд, сироят меёбанд. Сеюм, дар маконе, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, 2 метр фосиларо риоя намоянд.

Дар Ню-Йорк фақат фурӯшгоҳҳое бозанд, ки хӯрока мефурӯшанд. Боқӣ мактабҳо, донишгоҳҳо идораҳо ҳама дар таътил мебошанд. Дар фурӯшгоҳе, ки хӯрока мегиред, бояд 2 метр фосиларо риоя кунед. Ин амал дар дохили нақлиёт ҳам бояд риоя шавад. Сабаби зиёд паҳн шудани беморӣ дар Ню-Йорк дар дохили метро ва автобусҳо риоя нагардидани ин меъёр ба шумор мерафт, чунки дар ин ҷойҳо масофа байни одамон хело наздик буданд. Дар ҷойҳои серодам шумо, якум аз ниқоб истифода намоед, дувум чашмҳоро  пӯшонед ва сеюм дасткашакро ба дастонатон кашед. Дастҳоро бо собуну оби гарм шӯед ва аз сачоқи муштарак истифода набаред. Новобаста аз он ки нишонаи беморӣ доред ё на, ин қоидаҳоро бояд ҳатман риоя намоед.  Касоне, ки сулфа доранд ва ҳарорати баданашон баланд аст, бояд дигар берун набароянд. Онҳоро зарур аст, ки дар як ҳуҷраи алоҳида танҳо бошанд.

Савол ба миён меояд, ки мо кай ба беморхона бояд  биравем? Дӯстони азиз! Нигоҳ кунед, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, неруи давлат- Вазорати тандурустӣ ва табибон – ҳама дар хидмати мардуманд. Лекин мардум ҳам бояд риоя кунанд, то онҳо битавонанд хизматрасонияшонро бо касоне, ки ниёзи ҳатмӣ доранд, бирасонанд. Ҳамаи касоне, ки мубталои COVID-19 мешаванд, ниёз нест ба беморхона бираванд. Шахсе, ки сулфа дорад, ҳарорати баданаш баланд аст, ё тез-тез нафас мекашад ва ё дар як дақиқа аз  25 бор нафас мекашад, бояд дар   хонаи алоҳида зиндагӣ кунад ва ба касоне, ки дар он хона ё ҳавлӣ ҳастанд, робита накунад. Дарро пӯшад ва ҳатман тиразоҳоро боз намояд. Аҳли оила вақте хӯрок меоранд, онро ҳатман пушти дар гузоранд ва аз ниқоб итифода намоянд ва дастҳоро бо собун шӯянд. Агар ҳарорат аз 39 дараҷа боло рафт ё ин ки нафасҳо дар як дақиқа аз 25 маротиба боло шуд, он вақт бояд ба табиб муроҷиат кунанд.   То ин вақт барои  аз тест гузаштан низ ниёз вуҷуд надорад. Ҳатто ниёз ба истифодаи ягон антибиотик ҳам нест.  Оби гарм бинӯшанд ва қоидаҳоро риоя кунанд, баъд аз 2 ҳафта хуб мешаванд.

Ҳамзабонони гиромӣ! Мо медонем, ки ин беморӣ метавонад  то 5 фоиз дар баъзе мавридҳо то 3 фоиз фавт дошта бошад. Ҳеҷ кас мурдан намехоҳад ва табибон ҳам мехоҳанд, ки одамон саломат бошанд. Дар ин вазъият муҳим он аст, ки оё мо битарсем ва  ё ҳушёр бошем? Албата бояд ҳушёр бошем. Вақте ки беморӣ омадааст ва он марговар аст, мо бояд хуб бидонем, ки чӣ кор   кунем? Агар битарсем, дар натиҷа хато мекунем. Шахсе, ки сулфа  ё ҳарорати баланд дорад,  дучори ташвиш мешавад ва сарсону саргардон ба ин ё он беморхона меравад. Шумо дар ин ҳолат бояд ба табибони худатон боварӣ дошта бошед, итминон ҳосил кунед, ки онҳо тавсияҳоеро, ки вазорати тандурустӣ тасдиқ кардааст, ба шумо медиҳанд. Изтироб ҳеҷ кореро ҳал намекунад.

Огоҳӣ мушкилотро ҳал мекунад. Огоҳии мо бояд чӣ бошад? Агар нишонаҳои ин бемориро дар худ эхсос кардед, дар хона бимонед. Агар аломатҳои ин бемориро надоред, боз ҳам ду ҳафтаи дигар дар хона бимонед. Ба хотире, ки  ҳарчанд шахсон бо ҳам наздик бошанд, ин вирус ҳамон қадар зуд паҳн мешавад. Дар шаҳри Ню-Йорк мо 7  ҳафта боз дар хона ҳастем. Фақат ба хотири иҷрои вазифаи табибии худ ба беморхона меравем. Бубинед, дар Ню-Йорк рӯз то рӯз теъдоди сироятёфтагону фавтидагон  кам шуда истодаанд. Дар шаҳри Ухани Хитой ҳам ҳамин тавр аст. Пас, худи мардум ҳам бояд дар ин самт кумак кунанд. Ягон давлатеро дар ҷаҳон наметавон пайдо кард, ки дар танҳоӣ коронавирусро идора  карда бошад. Ё вазорати тандурустӣ дар танҳоӣ муқобили ин бемории марговар истодагарӣ  карда бошад. Бояд ҳамкории зич миёни мардум, давлат ва созмонҳои ҷаҳонӣ  ба роҳ монда шавад.

Амрикое, ки дар самти тавлиди  доруворӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи олам аст, дар ин самт бо Аврупо, Чин ва Ҷопон ҳамкориҳои муштарак дорад.

Ҳамзабонони гиромӣ! То имрӯз ягон табобати қатъӣ барои COVID-19  пайдо нашудааст. Доруи Рендесвир, ки аксаран иддао доранд, ки бар зидди COVID-19  ҳаст, ягон асос надорад. Қаблан ин дору дар бемории эбола истифода мешуд. Ин дору фақат метавонад шиддати ин бемориро кам  ва давраи онро кутоҳ кунад. Пас, бояд гуфт, ки зарурат ба харидорӣ ва истифодаи ин дору ба беморони COVID-19 нест. Тақрибан 90 дарсад гирифторони ин беморӣ маводи доруворӣ истифода намебаранд. Бештари маврид ин беморӣ бидуни ягон табобат  хуб мешавад. Он 10 фоиз ашхосе, ки ба беморхона мераванд, 5 дарсадаш хизматрасонии муосир мехоҳанд ва фавти онҳо ба хотири вокуниши системаи дифоии бадан бар вирус аст. Доруҳои зиддивирусии дигар барои онҳо таъсирбахш нахоҳанд буд. Мо саъй мекунем, ки шушҳояшонро аз ин вирус нигоҳдорӣ намоем, то онҳо битавонанд аз ин марҳала гузаранд. Мутаассифона, дар онҳо фавт зиёд аст. То имрӯз ягон доруи аниқ надорем. Доруҳоро фақат барои касоне, ки  ба  марҳалаи шадид наздик мешаванд, табибон тавсия медиҳанд. Касоне, ки ташхисашон  COVID-19  мебарояд, ниёз ба табобат надоранд. Танҳо мебояд шуурнокӣ ва фаҳмиши худро боло баранд. Дар хона танҳо бимонанд, то ин бемориро ба дигарон интиқол надиҳанд.

Аз  замоне, ки  вирус  вориди  бадан  мешавад, то вақти аломатҳо  падидор шудан ду ҳафта мегузарад. Дар ҳафтаи аввал аломатҳо  пайдо  шуда, тадриҷан паст  мешаванд.  Дар ҳафтаи дуюм шахсе, ки   бемории  COVID-19-ро   дорад, аз ин беморӣ раҳо ёфта, онро ба  дигарон низ  сироят намекунад. Аммо эҳтимол  дорад, ки сулфааш боқӣ монад ва чанд  ҳафта  тӯл  кашад. Шояд чанд фоизи беморон бӯй ва мазаро эҳсос накунанд. Вале  мардум бояд ташвиш  надошта бошад. Аз  замоне, ки  аломатҳо  паст  мешавад, ду ҳафтаи дигар  на  худаш  бемор аст ва  на  бемориро  паҳн  мекунад. Дар ин ҳолатҳо бояд ҳама қоидаҳои беҳдошти  аввалияро риоя намояд. Ин  хеле  муҳим  аст.

Шарт  нест, ки  шумо  аломати беморӣ  доред ё  не. Вале бояд дар тӯли ду  ва ё се ҳафтаи  оянда, ки  марҳилаи шурӯъ ва паҳншавии COVID-19  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, бояд ҳар як шахс қоидаҳои  беҳдоштиро риоя намояд.

То имрӯз  мо ягон санад  ё ягон ҳодисаи дубора гирифтор шудани одамонро ба COVID-19 исбот накардаем. Имкон  дорад, дӯстон    дар  баъзе  вебсайтҳо  хонда  бошанд, ки  масалан  ду се  нафар  дар  Кореяи Ҷанубӣ  гуфтанд, ки  дуюмбора  гирифтори ин беморӣ шудаанд. Ё мисоли дигар, дар Бразилия ду нафар баъди беморӣ боз аз тест гузаштанд ва тесташон бо аппарати «Писсиор» гузаронида шуд. Баъди чанд вақт тесташон хато баромад. Аз ин  рӯ мо наметавонем зуд дар бораи дурустии баъзе тестҳо бовар намоем.  Ин ҳам моро ба ташвиш бояд наоварад.

Муҳим  он аст, ки  мо  бояд донем, ки  кай  ба  кор  мебароем. Ҳеҷ як кишвар наметавонад тамоми сокинонашро дар хона нигоҳ дорад, фаъолияти корхонаву фабрикаҳоро манъ намояд, зеро одамон барои зиндагии худ бояд кӯшиш кунанд. Ҳатто дар Амрико ин масъала ниҳоят ҷиддӣ дар ҳоли баррасист.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, агар шумо хоҳед, ки ба табибон кумак намоед ва ё аз ин беморӣ раҳо ёбед, дар хона бимонед ва қоидаҳои беҳдоштии шахсиро қатъиян риоя намоед.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш