Нашрияи Омӯзгор

Рисолати бузурги тарбият

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 107        Шарҳ: 0

 

Асоси давлат ва пойдории он аз оилаи солим, ки худ ҷузъи нахустини ҷамъият аст, оғоз меёбад. Хусусан, маданияти оиладорӣ ва мустаҳкамии оила ба мавҷудияти давлати пайдор мусоидат мекунад. Маҳз дар оилае, ки дар асоси меҳру муҳаббат сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳамдигар ташкил ёфтааст, ин ҳолат ба чашм мерасад.

Меваи ҳар як оила фарзанд аст, ки на танҳо ояндаи волидайни худ, инчунин, ояндаи давлату миллат низ ба ҳисоб меравад. Тифле, ки бо меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ тарбия меёбад, дар оянда чун шахси меҳрубону хоксор, фозилу донишманд ба воя мерасад. Муҳити солими оила аз ҷаҳонбинӣ, хирад, дониш, маълумот, маданият ва худшиносии волидайн сарчашма гирифта, боиси ташаккул ва инкишофи маънавии фарзандон мегардад. Бахусус, нақши зан-модар дар тарбия ва ташаккулу ҷаҳонбинии фарзандон ниҳоят бузург аст. Аз модари оқилаву доно ва бомаърифат фарзанди боақлу бофаросат ва меҳнатдӯст ба воя мерасад.

Волидайни бофарҳанг барои дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ шудани фарзанд ҳамаи чораҳоро меандешанд, робитаи худро бо муассисаи таълимӣ мустаҳкам намуда, бо омӯзгорони фарзанди худ алоқаи зич пайдо мекунанд. Фарзанди худро ба китобхонӣ, илмомӯзӣ, касбомузӣ, дӯстиву рафоқат, ҳурмати калонсолон, дӯст доштани Ватани маҳбуб, шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва фарди созандаю ободкор шудан роҳнамоӣ мекунанд. Хонандагоне, ки дар муҳити солим ба воя расидаанд, доимо табъи болида, чеҳраи хандон, хотири ҷамъ, муносибати дӯстона бо атрофиён доранд. Ба дарсҳо ва маҳфилҳо иштироки фаъолона доранд. Дар  чорабиниҳои умумимактабӣ мунтазам иштирок намуда, ҳамаи супоришҳои устодонро бо масъулияти баланд  иҷро менамоянд. Бо созмони талабагӣ, бо маркази таҳсилоти иловагӣ ва бо китобхонаҳои мактаб низ алоқаи зич доранд. Аксари чунин хонандагон баҳри ободонии маърифатгоҳ низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Гумроҳ кардани чунин ашхос душвор аст. Он хонандагоне, ки худ дар мактаб чандон муваффақ набуданд, оянда дар оиладорӣ низ ба мушкилот дучор мегарданд. Баъди оилаи мустақил барпо кардану фарзанддор шудан дар тарбияи маънавии фарзанди хеш душворӣ мекашанд. Дар чунин оилаҳои носолим, ки баҳсу мунозираи ноҷо, нокифоягии дониш ва маърифат мавҷуд аст, пеш аз ҳама, тарбияти фарзанди бечора дар зери хатар аст. Кӯдаке, ки дар ин гуна оила ба воя мерасад, мисли ҳамсолони худ чизи бисёреро донистан мехоҳад. Вақте ба саволи худ аз волидайн ҷавоб намегирад, ҳатто барои кунҷковиаш сарзаниш мекунанд, ӯ рӯй ба кӯча меорад ва ҷавоби саволҳояшро  аз кӯча меҷӯяд. Ва оҳиста-оҳиста аз оилааш дур шуда, бачаи кӯча мешавад. Дар оянда чунин наврасон ки дар муҳити носолим тарбия гирифтаанд, ба ҷамъияту давлат фоида оварда наметавонанд. Тарбияи насли наврас дар қатори волидайн ҳамчунин ба зиммаи омӯзгорон низ вогузор аст. Ҳатмист, ки пеш аз ҳама, масъулияти  роҳбарони синфҳо баланд бардошта шуда, онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.

Роҳбарони синфҳо бояд фаъолияти оилаи ҳар як шогирди худро мавриди омӯзиш қарор дода, оилаҳои носолимро муайян намоянд; барои баланд бардоштани сатҳи муҳити маънавии падару модарон чораҳо андешанд; таҷрибаи пешқадами оилаҳои фаъолро, ки фарзандонашон тарбияи хуб доранд, байни дигар волидайн паҳн намоянд; бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вохӯриҳо, чорабиниҳо, маҷлисҳои падару модарон гузаронанд; вохӯрии занҳои фаъолро бо модарони хонандагон ташкил намоянд; бахшида ба қадршиносии падару модар ва оила бо иштироки падару модарон соатҳои тарбиявӣ ташкил намоянд.

 

Мунаввара НАЗАРОВА,

омӯзгори мактаби

№68 –и шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш