Нашрияи Омӯзгор

Ҳурмати Камол

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

Тавсифи адабиёти асри 14-и тоҷик бе зикри номи Камоли Хуҷандӣ имконнопазир аст. Зиндагии ин шоири тавоно ба айёми тохтутозҳои Тухтамишхон даромехт ва ӯ аз Хуҷанд бурун рафту ҳаводиси мухталифи таърихӣ ба суроғаш омаданд. Чангу ғубори ин ҳама дар гуфтаҳояш нишастааст. Шоири овозадори мо ҳар куҷое буд, хоҳ дар Сарой, хоҳ дар Табрез (воқеан, Табрезро ватани дуюми худ интихоб карда буд) ва хоҳ дар Самарқанду Шош (Тошканд) ва ҷойи дигар пайваста ёд аз шахсиятҳои фарҳангию адабӣ ва олимону ихлосмандонаш намуда, гоҳе аз эшон изҳори сипос ва гоҳе дигар арзи дилмондагӣ мекунад.

Албатта, ёди ошноён кардани шоир бесабаб нест, зеро онҳо бо ягон пораи рӯзгори ӯ алоқаманданд.

Барои мисол, Шайх камол ёд аз Алодин (Алоуддин), ки бо ӯ ошноӣ дошт, мекунад ва шӯхиомез мегӯяд:

Дӣ азизе ба Алодин мегуфт,

Ки аз ин нукта шудастам ғамнок,

К-он кӣ Ҳофиз набувад, хок хӯрад,

Ҳама аъзош чу ояд ба мағок.

Дар гуфтори поён ба тариқи саволи афсӯсомез самти хаёлашро ба Шамси Таб-резу Мавлоно равона менамояд:

Магӯ, к-арбоби дил рафтанду шаҳри ишқ

шуд холӣ,

Ҷаҳон пур Шамси Табрезист, марде ку

чу Мавлоно?

Лаҳзае, ки ашъори Камол мехонем, бо ишораҳои ирфонӣ ошно мешавем ва на ҳар кас шояд Мустафоро бифаҳмад. Шоир ин ҳангом боз аз Абӯҷаҳл ёд карда, ба ин андеша мерасад:

Фақеҳам тавба фармояд ба шаръи

Мустафо аз ту,

Абӯҷаҳл инчунин нодон агар бошад, аҷаб

бошад.

Ёдовар мешавем, ки Мустафо яке аз лақабҳои Расули акрам Муҳаммад (с) мебошад, вале Абӯҷаҳл марди осиест, ки аз ислом рӯ гардонд ва машҳур ба ҷоҳилию тиҳимағзӣ шуд.

Ҷое Камоли таърихдон фикрро ба сӯи Ҷалолуддин Шоҳшуҷои Музаффар мебарад, аммо аз лақаби ӯ кор мегирад, ки дар шеъри шоирони классики мо Абулфаворис аст:

Нашуд ба таври ғазал ҳаминони мо Ҳофиз,

Агарчи дар сафи султон Абулфаворис шуд.

Шайх Камол хонандаашро ба сайри олам мебарад ва дилдодагони ашъораш дар Басраю Ироқ қарор мегиранд ва ба орифи машҳур Ҳасани Басрӣ мулоқот мекунанд:

Омад Ҳасани дигар ба Басра,

Нахлаш рутаби дигар баровард.

Дар рафти қироати ғазал мутолиакунанда ба шахсияте чун Боязид вомехӯрад ва таваққуф мекунад: Боязид кист? Дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» омада: «Боязид – Абӯязиди Бастомӣ лақаб ба Султон–ул-орифин, аз орифони номии эронӣ дар асри IX мелодӣ, ки аз хонадони парастандагони оини зардуштӣ буд, падараш ислом овард ва ӯ низ».

Бо дусад лофи каромат гар рухаш бинӣ,

Камол,

Боз бифрӯшӣ ба ҷоме хирқаи сад Боязид.

Аҳли таҳқиқ ба исбот расондаанд, ки ғазали Камол асосан аз 7 байт иборат аст ва дар ин ҷода Шайх аз Салмону Ҳофизу Имод ёдрас мекунад, ки шоирони маъруфи замони худ буданд.

Камоли қадршиноси аҳли сухани воло ҷо-ҷо дар мисраю байтҳои мувофиқ аз Саъдии муаллими ахлоқ хаёлгирӣ мекунад:

Эй дил, зи сели хун, ки шуд аз чашми мо

равон,

«Шодӣ макун, ки бо ту ҳам ин моҷаро

равад».

Низомиро пос медорад ва мегӯяд:

Камол, ин панҷ байт он «Панҷ ганҷ» аст,

Ки монда ёдгоре аз Низомӣ.

Аттор шоири орифест, ки Шайх Камол ба ӯ ихлоси том дошт:

Он ошиқи дилсӯхта имрӯз Камол аст,

К-аз гуфтаи ӯ гармии Аттор биёбӣ.

Камоли эътиқодманд хонандаро ба зиёрати Мавлонои Балхӣ даъват мекунад, ки нишоне аз ҳамон ихлосмандию эътирофкуниҳост:

Ба Туркистон биё, он хок дарёб,

Агар дар Рум Мавлоно наёбӣ.

Камоли Хуҷандӣ ба Камоли Исфаҳонӣ ҳам арҷ мегузорад. Эҷодиёташро меписандад. Ҳатто иқрор мекунад, ки миёни ашъори ҳар ду “Нест фарқе, магар мӯе чанд”.

Аз ин ҳурматдорӣ аён мегардад, ки ашхоси соҳибистеъдоду хирадоин аз нигоҳи адабию таърихию орифӣ дар қалби Камоли Хуҷандӣ маъво гирифта, ӯ меҳри холис ва инсонгаронаашро дар ғазалу қасидаҳояш бо хатти заррин ва гуфтори рангину дилнишину хотирмон ба зевари назми болиғ кашидааст.

«Камоли Хуҷандӣ... яке аз барҷастатарин устодони назм мебошад. Ғазалҳои ӯ равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ғазалҳои Ҳофизро ба хотир меоранд... Комёбии бас пурарзиши ин давра (асри 14) ғазалиёти Ҳофиз ва Камол будаанд», - изҳор медорад Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров.

Ин баҳои баланд мебошад. Инро аз гуфтаҳои Ҳофиз нисбат ба Камол низ ҳис менамоем, ки ба ғазали машҳури «Гуфтам ба чашм» баҳои муносибу арзанда додааст.

Ва Шайх камол ҷое мувофиқ дар сувари хаёлаш аз Ҳофиз мададҷӯ мегардад:

Расид боди масеҳодам, эй дили бемор,

“Барор сар, ки табиб омаду даво овард”.

Ҳамин тавр, аз нигоҳи эҳтирому дӯстиву намакшиносӣ қадр кардани бузургони адаб ва шахсиятҳои маъруфи замонаш яке аз хусусиёти шахсияту эҷоди Шайх Камоли Хуҷандӣ будааст.

Камол, донаи дил ба кабӯтаре дарбоз,

Ки номае ба ту аз ёри ошно овард.

Чун шоири бузургвор посдору эътирофсози номи неки гузаштагону ҳамзамонони маъруфаш буд, худ низ солҳост, ки барои аҳли адаб ва хонандагони сершумор маҳбубу накуном монда.

 

 Маъруфи ҲИСОМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш