Нашрияи Омӯзгор

Ҳамсадои обшорон, ҳамғурури кӯҳсорон

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 155        Шарҳ: 0

 

Зиндагиномаи  ҳикматрезу пурҳаводиси инсони наҷиб, омӯзгори асил, санъаткори соҳибистеъдод,  Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Иброҳими Кобулӣ ҳамбастагии комиле бо муҳтавои  ин қитъаи баланду дилписанд ва ифтихорбарангези устод Лоиқ дорад:

Дар миёни кӯҳсорон кӯҳсонам зодаанд,

Бо ғурури қуллаҳо ҳамошёнам зодаанд.

Дар канори чашмае баҳри дамонам

зодаанд,

Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам

зодаанд.

Ӯ дар оғӯши деҳи хурде бо номи Сари пул (дар ноҳияи Тоҷикобод), дар домани кӯҳсорони пур аз чашмасор ба дунё омаду ба камол расид.  Волаву шефтаи табиати марғубу афсонагунаи зодгоҳ гардид, ба он сатҳе ки дигар ҳаргиз аз ин муҳити дилошӯб дур буданро напазируфт, ҳарчанд борҳо ба хотири рушди истеъдодаш ва минбари муносиб дарёфтанаш ба маркази ноҳияву ҷумҳурӣ барои зисти доимӣ даъваташ карданд. Сари санги кӯҳистонро беҳтарин минбар эътироф  бинмуд барояш ва иброз дошт, ки суруд болу пар дораду парвози баланд, суруд сарҳаду монеаҳоро намеписандад ва чун аз дил сар мезанад, ба дурии дуриҳо мерасад, тасхири дилҳо мекунад. Суруди хуш чун бӯи мушк аст; ҳаргиз пинҳон намонад.

Ва ин гуфтаҳои ҳакимонаашро Иброҳими Кобулӣ дар рӯзгоронаш, тавассути фаъолияти доманадораш собит сохт. Ӯ пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт ва чанде ба сифати котиби ҷамоату мусаҳҳеҳи рӯзномаи ноҳиявӣ кор кардан чиҳил сол дар мактаби деҳаи азизаш ба фаъолияти омӯзгорӣ гаравиду дар таълиму тарбияи насли наврас нақши шоиста гузошт.

Тамоми умр суруд ҳамрозу дамсози ӯ буд; ба василаи суруд дарду рози дил гуфт, ба василаи суруд наврасонро, ҷавононро тарбият кард, ба василаи суруд маъракаю ҷашну ҳамоишҳои мардумро шукӯҳ бахшид, ба василаи суруд шуҳратёр шуду ба сафарҳои эҷодӣ баромад, дар озмунҳову тантанаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзид.

Аввалин маротиба дар бисту дусолагиаш (соли 1946) сурудаш дар саросари кишвар танинандоз гардид. Он вақт иштирокдори озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон буд. Санъаткорони ҷавон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳузур доштанд дар ин озмуни бонуфуз. Иброҳим якчанд суруд бар матни шоирони классики тоҷик бисароид ва бо ҳунари овозхонию саҳнаороӣ, бо овози ширадору дилрабояш ҳамагонро мафтун кард ва сазовори баланди доварон шуду соҳибҷоиза гардид.

Иброҳими Кобулӣ мамнуну афрохтасар аз ин нахусткомёбии хеш он ҳангом, пеш аз ҳама, симои амаки хунёгараш, устоду раҳнамояш Борон Кобулиро пеши назар меовард ва батакрор арзи сипос мекард. Воқеан, Кобулиён дар деҳаи Сари пул ва деҳоти атрофи он хонадону авлоди обрӯманд, эътирофкардаи мардум буданд. Падари Иброҳим кишоварзе буд таҷрибадидаю маърифатандӯхта, модари ҳунарманду заҳматписандаш дар деҳа обрую эҳтиром дошт. Амакаш Борон Кобулӣ бо ҳунари волои сарояндагияш маҳбуби ҳамагон гашта буд. Ӯ Иброҳимро навозишу ситоиш карда, «ҷияни боистеъдоди амакаш, меросбари ҳунари амакаш» мегуфту дар маъракаҳои хурсандии аҳли деҳа дар канораш ҷой медод ва гоҳ-гоҳе дутор ё сеторашро рӯи дасти ҷиянаш гузошта, «канӣ, ту ҳам як-ду суруд хон» мегуфт ва бад-ин тариқ, ба нумӯи истеъдоди ӯ мусоидат мекард…

Баъд аз он озмуни барояш таърихӣ Иброҳими Кобулӣ ҷиддан ба сайқали истеъдодаш бикӯшид, эҷодиёти шоирони номварро амиқтар омӯхт ва сурудҳои тоза ба тоза эҷод кард. Тадриҷан дар саросари ҷумҳурӣ мухлисони зиёде пайдо намуду маъруфият дарёфт.

Соли 1957 дар Маскав Даҳаи адабиёту санъати тоҷик баргузор гашт, ки дар он Иброҳими Кобулӣ низ иштирок намуду ҳунарнамоӣ кард ва сазовори таҳсину кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон гардид. Чанд сурудро дар ин маъракаи фарҳангӣ ҳофизи ҷавон дар ҳамовозӣ бо устоди маъруфаш Акашариф Ҷӯраев тараннум намуд, ки якеаш суруди машҳури «Аз дараи Камароб» буду аҳли толорро ба ваҷд овард. Ҳофизи мумтоз Акашариф Ҷӯраев ҳунари баланду овози хуш ва хоксорию иродатмандии шогирдашро меписандиду аз  ояндаи неки ӯ дилпур буд…

Бори дуюм дар саҳнаи ҳунари шаҳри Москва Иброҳими Кобулӣ соли 1964 дар ҳамоиши тантанавие, ки ба ифтихори 40-солагии Тоҷикистон ороста шуда буд, ҳунарнамоӣ намуд ва боз ҳам ҳамагонро мафтуну толори бошукӯҳи ҷашнвораҳоро фараҳрез кард.

Акнун Иброҳими Кобулӣ дар радифи ҳофизони номвари кишвар ҷой дошту сазовори унвони баланди Ҳофизи халқии Тоҷикистон гардида буд ва сурудҳояш тавассути радиову телевизион пайваста садо медоданду  фараҳмандиву болидарӯҳӣ ба мардум эҳдо мекарданд. Ҳофизи хушилҳонро ҳаводоронаш ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ даъват менамуданду аз ҳунари волояш лаззат мебурданд, толорҳо лабрези шодию сурур мешуданду мухлисон батакрор нидо дармедоданд: «Як суруди тоза хон, қурбони овозат шавам!»

Чун омӯзгори хирадоин Иброҳими Кобулӣ қобилияти баланди дарку фаҳми шеърро дошт ва аз баҳри бекарони назми оламгири тоҷик дурдонаҳои нобро берун мекашид. Шеърҳоеро баргузидаву оҳанги мувофиқ баставу месароид, ки мазмуну муҳтавои муассиру ҳикматбор доштанду зуд корагари дилҳо мешуданд. Сурудҳои ӯ «Воизон, к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд» (ғазали Ҳофизи Шерозӣ), «Ку даме, к-аз дил маро оҳи парешон барнахост» (ғазали Зебуннисо), «Эй рехта савдои ту хуни дили моро» (ғазали Камоли Хуҷандӣ), «Ишқ як дунё шарар дорад, намедонӣ магар?» (ғазали Лоҳутӣ)… зуд байни мардум шуҳрат ёфтанду сари забонҳо гаштанд. Ин ҳофизи номвар, ҳамчунин, аз эҷодиёти Хайёму Ҷомӣ, Соибу Сайидо ва аз ашъори мардумӣ намунаҳои хеле ҷолибу дилрасро интихоб намудаву дар заминаи онҳо сурудҳои олиҷаноб сароидааст.

Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон,  Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат» Иброҳими Кобулӣ аз тоҷик буданаш, аз халқи азизаш, аз кӯҳсорони баланду обшорони мусаффои Ватани маҳбубаш ифтихор дошт. Сурудаҳояш собитгари ин нуктаанд. Вақте ки ҳофизи маъруф суруди «Халқи бузургворам» (шеъри Боқӣ Раҳимзода)-ро тараннум мекард, шунавандаро ҳисси ифтихор аз халқи азизу бунёдкору ободгараш фаро мегирифт ва беихтиёр бо сароянда ҳамовозӣ мекард:

Рӯзи барори корат ин шеър туҳфа

орам,

Афсӯс, беҳтар аз ин чизе дигар

надорам.

Бинмо қабул аз ман, халқи бузургворам,

Чун барги сабз инро бар ту ҳамесупорам.

Ту аз ману  ман аз ту, дигар сухан

надорам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ҳофизи ватанпарвар шукрона аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азизаш мекард ва аз ин боб ба шогирдонаш, ба дӯстону ҳаводоронаш бо ифтихор сухан мегуфт. Дар ин мавзӯъ чанд суруд ҳам эҷод кард. Соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шуд ва он рӯзе, ки ба ин муносибат Сарвари кишвар дасташро самимона фишурданду таҳсинаш гуфтанд, барои ҳамдиёрон суруди «Халқи бузургворам»-ро батакрор тараннум кард. Саропояшро ҳисси ифтихору қаноатмандӣ фаро гирифта буд.

Ҳофизи маҳбуби халқи тоҷик Иброҳими Кобулӣ соли 2000-ум дар 75-солагиаш тарки олам гуфту абадан ҷой дар дилҳо гирифт.

…Садои ӯ ҳанӯз аз баландиҳои кӯҳсорон ба гӯш мерасад. Сурудаш тасхири дилҳо мекунад, рӯҳафзоию илҳомбахшӣ менамояд, аҳли кишварро ба созандагию ҳамбастагӣ даъват месозад. Ӯ ҳамеша бо халқи бузургвораш аст.

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш