Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад. Аз  ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монанд. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши ин гуна мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Ин иқдоми наҷибона тамоми мардуми кишварро рӯҳбаланд гардонид. 

Мавриди зикр аст, ки ноҳияҳои мо бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффои худ қалби ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро тасхир менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи мавзеъҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мо мебошад. Дар баробари ин, дар рустоҳои мо занони ҳунарманд дар дӯхтани либосҳои атласу адрас, намадрезӣ, қолинбофӣ, корҳои қаннодӣ, сохтани кӯза, танӯри бобоӣ маҳорати баланд доранд. Аммо онҳо имконият надоштанд, ки маҳсули дастранҷи худро ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароранд. Сарвари кишвар роҳи дурахшонро барояшон кушоданд. ҳар як ҳунарманд бе пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ҳунарҳои миллии худро ба гардиши бозори дохиливу хориҷӣ бароварда, маҳсулоти худро муаррифӣ менамояд.

Метавон гуфт, ки ташкилу тараққӣ додани соҳаи туризм ва бунёд намудани иншооти санаторию курортӣ дар ҷумҳурии мо аҳамияти ҳам сиёсию иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳам маънавӣ дорад. Зеро дар замони муосир туризм ба яке аз соҳаҳои тараққикарда табдил ёфта истодааст. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи туризм ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ доранд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, табиӣва таърихӣ, азхудкунии  ҳарчи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори туристӣ, тарбияи ҷавонони баландихтисоси соҳа метавонад туризмро ба яке аз манбаҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад.

 

Саиднеъматулло Саидқулзода,

омӯзгори географияи

коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш