Нашрияи Омӯзгор

Омили муассири таълим

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Дар шароити рушди бемайлони ҷаҳонӣ, ҷорӣ гардидани муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, афзудани китобхонаҳои электронӣ, адабиёти тозанашр, шабакаи интернет, радио, телевизион ва дигар расонаҳои иттилоотӣ, мусаллаҳ будани хонанда танҳо бо дониши ба истилоҳ “академӣ” кифоя набуда, таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи он дар амал яке аз муҳимтарин роҳҳои иҷтимоишавии кӯдакону наврасон ва расидани онҳо ба ҳадафҳояшон дар зиндагӣ мебошад. Дар ин раванд баҳри бо суръат рушд намудани соҳаи маорифи кишвар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобила ва судманди худро дар самтҳои гуногун, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ба роҳ мондааст. Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1 яке аз барномаҳое мебошад, ки фаъолияти он ба рушди соҳаи маориф равона гардидааст.

Бо дарназардошти талаботи фавқуззикр ва рушди бемайлони соҳаи маорифи кишвар Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1(БДТБ ) низ дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то барои амалӣ гардидани ин иқдомҳо кумаки худро расонад.

Яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории БДТБ-1 дар соҳаи маорифи кишвар аз он иборат аст, ки то дар самти омода кардани хатмкунандагони болаёқати мактаб, эҷодкор, рақобатпазир бештар саҳми худро гузорад. Бо ин мақсад БДТБ-1 ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба таҳияи барномаҳои таълимӣ дар асоси салоҳиятҳо таҳия шуда, ба ташаккул ва рушди салоҳиятҳои иртиботӣ (муошират), ҳамкорӣ, ҳалли мушкилот, эҷодкорӣ ва омӯхтан барои аз худ намудан ҳамкории судманд ва мутақобиларо бо соҳаи маорифи кишвар ба роҳ мондааст. Бояд гуфт, ки барномаи таълими ба салоҳиятҳо нигаронидашуда кӯдаконеро ба воя мерасонад, ки онҳо ҳувияти миллии мусбат доранд, шавқманд ва бовариноканд, ташаббускору устуворанд, бо дигарон хуб муносибат мекунанд, воситаҳои муштаракро ба таври самарабахш истифода менамоянд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Таҷдиди назар ба барномаҳои таълимӣ, такмили китобҳои дарсӣ, таҳияи стандартҳо ва роҳнамоҳои омӯзгор барои дигар фанҳои зинаи умумии таҳсилот аз қабили чунин чорабиниҳоянд, ки БДТБ-1 дар амалӣ гаштани онҳо саҳм мегузорад. Дар раванди омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти муаллифони китобҳои дарсӣ, бо донишҳои нави назариявӣ ва амалӣ мусаллаҳ намудани онҳо дар самти татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1 (БДТБ) нақши муҳим дорад. Аз тарафи барномаи мазкур, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудааст, семинарҳои омӯзишҳои зиёде дар манотиқи гуногуни кишвар бо ҷалби мутахассисони соҳа баргузор шуданд.

Яке аз принсипи асосии БДТБ-1 муносибати босалоҳият ба таълим мебошад, ки ба тарзи нави иртибот ба таълим ва ташаккулу рушди салоҳиятҳои хонандагон нигаронида шудааст.

Таълим ва омӯзиш қисми таркибии ҳаёти иҷтимоӣ, ҷомеа ва фарҳангу муҳит мебошад. Хонандагон дар мавриде бештар ба омӯзиш майл мекунанд, ки шавқу завқи онҳо ба эътибор гирифта мешавад. Омӯзгорони эҷодкор ва навовар метавонанд фарогирии ҳамаи хонандагонро ба таълиму омӯзиш ва якдигарфаҳмӣ таъмин намоянд.

Робита бо оила ва аҳли ҷомеа дар таълиму омӯзиши хонанда аҳамияти муҳим дорад. Омӯзгорон бояд бо ҷомеа ва волидон ҳамкории дурустро ба роҳ монда, онҳоро ҳамчун шарикони асосӣ бипазиранд. Волидон низ дар бораи дониши фарзандонашон маълумот ба даст меоранд ва талоши хешро барои пешрафти таълими фарзандонашон равона мекунанд.

 

М. ГУЛҲАЁ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш