Нашрияи Омӯзгор

Низоми сегона манфиатбахш аст

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 97        Шарҳ: 0

 

Аз рӯйи тести  байналмилалии PISA, ки ҳамасола дар байни тамоми хонандагони муассисаҳои таълимии ҷаҳон баргузор мегардад, давлатҳое ба мисли Хитой, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ дар қатори  ғолибонанд.

Сабаби дастболоии ин кишварҳои Осиё дар заҳматқаринии мардуми он аст. Барои мисол, дар Кореяи Ҷанубӣ ҳаёти  кӯдаконро бидуни омӯзиши пайваста тасаввур кардан аз имкон берун аст. Хонандагон то нисфирӯзӣ дар мактаби давлатӣ таҳсил мекунанд, баъди зуҳр, одатан, ҷониби мактабҳои хусусӣ мешитобанд. Ин низоми сегона  ба кӯдакон ва наврасони Кореяи Ҷанубӣ имкон медиҳад, ки дар қатори беҳтарину лаёқатмандтарин хонандагони ҷаҳон бошанд. Дар ин кишвар, ҳатто, хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ду баст таълим  мегиранд. Тасаввур кунед, ки тифлакони мо рӯйи бистари ноз кайҳо ба хоби ширин рафтаанду кӯдакони Кореяи Ҷанубӣ дар айни омӯзишанд.

Табиист, ки дар ин кишвар аксари хонандагон  аз ин тарзи зиндагӣ эҳсоси хастагӣ мекунанд, вале онҳо вақте натиҷаи талошҳои хешро мебинанд, хурсанд мешаванду азобҳоро фаромӯш месозанд. Мактаббачагон дар ин мамлакат дар як шабонарӯз 13 соат дарс мехонанд. Яъне, онҳо соати дуи шаб хоб мераванду шаши саҳар аз хоб мехезанд. Метавон гуфт, ки дар Кореяи Ҷанубӣ манбаи даромад вуҷуд надорад. Онҳо, ҳатто, барои зист замини кофӣ надоранд. Манбаи ягонаи даромад худи одамҳоянд. Агар хоҳанд, ки дар байни дигарон муваффақ бошанд, бояд ҳарчӣ бисёртар омӯзанд. Албатта, ин муваффақият бо баҳои гарон ба даст меояд. Вале бо вуҷуди ин, Кореяи Ҷанубӣ тавонистааст дар сабқати ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ба хотири заҳматдӯстӣ сазовор гардад. Воқеан, ин муваффақият беасар нест.

Марде аз молдорону тавонгарон Суқротро айб кард. Суқрот ба вай гуфт, ки агар ман хоҳам, ки ҳамчун ту зиндагонӣ кунам, битавонам, агар ту хоҳӣ, ки чун ман зиндагонӣ кунӣ, натвонӣ. Фикр мекунам, ин ривоят дигар ба ҳеҷ шарҳу баён ҳоҷат надорад.

Суҳроб Бобокалонов,

омӯзгори калони кафедраи

информатика ва  фанҳои

табиӣ-риёзии ДДЗТ ба номи

Сотим Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш