Нашрияи Омӯзгор

Манфиатҳои об

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 115        Шарҳ: 0

 

Обро чӣ тарз истеъмол намудан мумкин аст, ки фоидаовар бошад?

1.Судбахш аст – ним соат пеш аз ноништаи пагоҳӣ каме оби нимгарм нӯшед.

2.Дар давоми рӯз, дар ҳар 15-20 дақиқа каме об нӯшед, ин кори гурдаро ба таҳлил меоварад.

3.Фишори хунро муътадил мекунад ва узвҳои баданро тоза менамояд.

4.Оби гарм хӯрокро ба поёни меъда оварда, ташнагиро мешиканад.

5.Нӯшидани оби баҳр барои фалаҷ шифобахш буда, баданро хароб мекунад.

6.Оби шӯр ва талх хоришак ва ишкамравиро бартараф менамояд.

7.Ба миқдори кам нӯшидани оби хунук иштиҳо меоварад ва мушаки меъдаро мустаҳкам мекунад.

8.Нӯшидани оби хунук ба одамони солими мизоҷашон гарм фоидаовар аст.

9. Нӯшидани оби гарм барои бемориҳои сардард, саратони гулӯ, ҷароҳати шушдошта  манфиатовар аст.

10.Истеъмоли оби гарм меъдаро тоза намуда, ташнагиро бартараф менамояд, пешоброн буда, дарди бадан ва хориши онро ба ибро меоварад.

11.Нӯшидани об дар шаб (пеш аз хобравӣ) зараровар аст. Агар ташнагӣ дар шаб пайдо шавад, каме сабр кунед, хоб равед, баъди хоб кардан ташнагӣ бартараф мешавад.

12.Олимон муайян намудаанд, ки оби кӯлҳои кӯҳӣ ва чашмаҳо шифобахш буда, организми одамони калонсолро ҷавон менамояд.

Фароҳамсоз Аҳмад Шоев,

омӯзгори география,  биология ва экологияи мактаби №3, шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш