Нашрияи Омӯзгор

Фароштурук – қосиди баҳор

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 142        Шарҳ: 0

 

Бо ибтикори олимони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский фароштурук соли 2020 «Парандаи сол» эълон гардид. Ин иқдом ба он хотир аст, ки фароштурук солҳои охир кам шудааст ва ба ғамхории инсон ниёз дорад.

Ин паранда дар кураи Замин ба ҷуз қитъаҳои Антарктида ва Австралия дар ҳамаи қитъаҳо дучор мешавад. Аз ҷиҳати биологӣ ба қатори гунҷишкшаклон ва оилаи фароштурукҳо тааллуқ дорад.

Дар Тоҷикистон фароштурукҳоро ҳам дар водиҳо ва ҳам дар ноҳияҳои кӯҳистон дучор омадан мумкин аст. Ҳатто дар Помир то баландии 4000 м вомехӯранд.

Вай дар байни аҳолӣ бо номҳои парасту, абобил ва достак  маъмул аст. Дар Тоҷикистон 181 намуди парандаи мавсимӣ ё кӯчанда вомехӯрад. Фароштурукҳо низ ба ҳамин гурӯҳи парандагон тааллуқ доранд.

Тибқи маълумоти парандашиносон дар қаламрави Тоҷикистон 7 намуди фароштурукҳо дида мешаванд. Ба онҳо фароштуруки боронкаш (соҳилӣ), ҳақиқӣ (шаҳрӣ), парасту (касатка ё деҳотӣ), хурд, думпараст, миёнсурх (харсангӣ) ва кӯҳӣ мансубанд.

Фароштурук парандаи зебо, тезпарвоз ва муқаддас аст. Суръати парвозаш дар як соат ба 100 – 120 км мерасад. Дарозии баданаш ба 12 – 24 см расида, 16 – 30г вазн дорад. Барои парасту пойҳои кӯтоҳ хос аст. Ранги тахтапушташ арғувонӣ, сабз, сиёҳтоб, кабудтоб буда, зери шикамаш сафед мебошад.

Фароштурук лонаи худро дар девор, шифти хонаҳо, зери бомгӯша, шохҳо, зери замин, ковокии дарахтон ва ғайраҳо мегузорад, ки шакли онҳо ба нимкура ва кӯза шабоҳат доранд. Лонаро аз хас, лой, навдаи растаниҳо, пар ва мӯй месозанд.

Баъдан давраи тухмгузорӣ оғоз мегардад. Дар як сол 1-2 маротиба, тухм мегузорад. Давраи якуми тухмгузорӣ аз 3 то 7 тухм ба моҳҳои май – июн рост меояд, ки теъдоди тухмҳо аз 2 то 6 донаро ташкил медиҳанд. Давраи дуюми тухмгузорӣ моҳи август аст. Дар ин давра 4 – 5 дона тухм гузошта мешавад.. Бояд гуфт, ки муҳлати тухмгузорӣ ва теъдоди тухмҳо вобаста ба намуди фароштурукҳо фарқ мекунад. Нигоҳубини тухмҳо дар лона 16 – 23 рӯзро ташкил дода, баъдан чӯҷаҳо ошёнаро тарк мекунанд. Ранги тухмҳо сафед, сурхчатобу бурранг буда, доғҳои бунафш доранд.

Дарозии тухмҳо 17 – 22 мм ва паҳноияшон ба 12 – 15мм мерасад. Фароштурук туъмаи худро ҳангоми парвоз ба даст меорад. Туъмаи фароштурук магас, хомӯшак, шапалак, гамбуск, сӯзанакҳо ва баъзан тортанак ба ҳисоб мераванд. Фароштурукҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд, ватанашон Африқои тропикӣ, Арабистон, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ маҳсуб меёбад.  Онҳо ҳазорҳо километрро тай намуда, ба кишвари мо ворид мегарданд.

Омадани фароштурукҳо ба Тоҷикистон тибқи мушоҳидаи орнитологҳо ба даҳаи аввали моҳи март рост меояд. Ҳатто ба маҳалҳои атрофи шаҳри Душанбе омадани парасту ба 4 – 10 –уми март рост меояд. Кӯчиши баҳории фароштурук то аввалҳои моҳи май идома меёбад. Дар моҳҳои апрел ва май кӯчиши аз ҳама зиёди онҳо ба қайд гирифта шудааст. Муайян шудааст, ки парвози фароштурукҳо рӯзона (аз соати 8 то 19) ва асосан, нисфирӯзӣ сурат мегирад. Парвози амудии парастуҳо аз 8 то 150 метрро ташкил медиҳад. Кӯчиши тирамоҳии (бозгашт) фароштурукҳо аз охирҳои моҳи август сар шуда, то аввалҳои ноябр давом мекунанд.

Ҳамин тариқ, фароштурукҳо баҳорон меоянду тирамоҳ боз ба ватанашон, макони зимис-тонгузаронияшон бармегарданд. Ин раванди таҳаввулоти олами парандагон буда, ҳазорҳо сол то ҳанӯз идома дорад.

Бо ин фароштурукҳо аз омад – омади баҳор ба мо мужда ва хушбахтӣ меоваранд. Онҳо парандагони зебо буда, ба ҳусни табиати мо ҳусни нав зам мекунанд. Илова ба он, онҳо ҳашароти зараррасонро нобуд намуда, ба мардум фоида мерасонанд.

Ҳамзамон парасту қобилияти муайян кардани вазъи ҳавои маҳалро дорад. Яъне, агар ба сатҳи замин паст парвоз кунанд, ҳаво бад ва агар баланд паранд, ҳавои хубро интизор шудан мумкин аст.

Мутаассифона, солҳои охир шумора ва маҳалли сукунати фароштурукҳо коҳиш ёфт. Ба ин, пеш аз ҳама, таъсири омилҳои инсонӣ сабаб гардидааст. Тарҳу симои хонаҳои истиқоматӣ дигар шуд ва мардум намехоҳанд, ки парастуҳо дар маконҳояшон ошёна гузоранд.

Илова ба ин, шахсоне ҳастанд, ки ин парандаи зеборо, ки аз масофаи ҳазорҳо километр ба маҳалли мо меоянд, бераҳмона нобуд месозанд.

Дар нобудшавии фароштурукҳо омилҳои табиӣ (бахусус, иқлим) низ нақш дорад. Масалан, сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ ва тирамоҳӣ боиси камшавии парастуҳо мегарданд. Аз ин лиҳоз, баҳри ҳифзу афзун намудани фароштурукҳо муносибати хайрхоҳона дошта бошем, баҳри ҳифзу афзун намудани онҳо ғамхорӣ намоем, чунки парандагон дӯстони мо мебошанд.

 

Ҷумахон Баротов,

географ – биолог, номзади илмҳои география,  мудири

кафедраи география ва сайёҳии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш