Нашрияи Омӯзгор

Падаронро азиз бояд дошт

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 126        Шарҳ: 0

 

Дар тарбияву ба камол расондани фарзанд волидайн нақши муҳиму аввалиндараҷа доранд. Танҳо бо навозишу меҳри беандоза, тарбияи дурусти волидайн фарзанд дар ҷомеа соҳибэҳтиром мегардад.  Дар бораи хидмати падару модар дар тарбияи фарзанд аҳли илму адабамон осори ҳикматбору таъсиргузор таълиф кардаанд. Дар ин осор муҳаббату садоқати фарзанд ба волидон ва эҳтиром ба онҳо ситоиш мешавад. Дар васфу арҷгузории модар шоирону нависандагон асарҳои зиёде эҷод кардаанд, аммо дар бораи падар камтар асар чоп шудааст. Аз ин рӯ, гирд овардани шеъру ҳикоя ва андарзҳои судманд дар бораи падар иқдоми наҷибест, ки аз ҷониби омӯзгорон Муҳаммадраҳим Тошпӯлодов ва Ҷамолиддин Амирхонов амалӣ гардидааст.  Маҳсули заҳмати ин омӯзгорони фаъол китоби «Панди падар» мебошад, ки чанде пеш дастраси хонандагон гардид. Воқеан, падар дар баробари модар дар тарбияи фарзанд саҳми мондагор дошта, ҳар ду дар ҳамбастагӣ пайваста талош менамоянд, ки фарзандашро ба таври шоиста ба камол расонанд.

Дар қисми аввали маҷмӯа шеъру пандҳо аз шоирони классикии форсу тоҷик – устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурулмаолии Кайковус, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Камолиддини Биноӣ, Сайидои Насафӣ, Соиб ва ғайра ҷой дода шудааст. Маълум мегардад, ки муаллифон барои фароҳам овардани порчаҳои назмиву насрӣ асарҳои зиёдеро мутолиа кардаанд. Масалан, аз Саъдии Шерозӣ дар насиҳати падар ба писар қитъаи зерин оварда шудааст:

Падар, ки ҷони азизаш ба лаб расид, чӣ,

гуфт?

Яке насиҳати ман гӯш дор, ҷони падар:

Ба дӯст гарчи азиз аст, рози дил макшой,

Ки дӯст низ бигӯяд ба дӯстони дигар.

Дар қисми дуюми порчаҳои назмӣ аз адибони муосири тоҷик – Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Муъмин Қаноат, Бозор Собор, Лоиқ Шералӣ, Сайдалӣ Маъмур, Гулназар, Гулрухсор, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб ва ғайра  фароҳам оварда шудааст. Воқеан, шеърҳои гирдовардашуда пурмазмуну маърифатомӯз буда, дар замири хонандагон меҳру муҳаббат ва самимият нисбат ба падарро афзун менамоянд. Дар ин замина порчаи шеърии Файзулло Ансорӣ  бамаврид оварда шудааст:

Падаронро азиз донистан

Шарафу эътибори ҳар инсон.

Падаронро азиз донистан

Шарти аввал барои фарзандон!

Дар қисмати охири китоб намунаи диктант, нақли хаттӣ ва эссеҳо дар мавзӯи падар ҷой дода шудааст.

Китоби «Панди падар» барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва алоқамандони шеъру адаб ва умуман, барои доираи васеи хонандагон манфиатбор аст.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш