Нашрияи Омӯзгор

Якуми май – иди меҳнаткашон

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 174        Шарҳ: 0

 

Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - якуми майро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун рӯзи ид муқаррар кардааст. Ҷашнгирии иди 1 май таърихи қадима дорад.

Ҳанӯз дар Рими қадим ба хотири шукуфоии гулҳои рангоранги баҳорӣ, махсусан, олиҳаи баҳор – Флора якуми майро бо тантанаву шукӯҳ ҷашн мегирифтанд. Маросими идонаро дар баробари шукуфоиву намоиши гулҳои гуногуни баҳорӣ суруду оҳанг, рақсу тарона ва базмҳо оро медоданд. Иди май ба мардум, махсусан, ба бонувон, ки онҳо Флораро ҳамчун олиҳа ҳомии хеш меҳисобиданд,  хеле писанд буд.  Римиён баъди забти дигар кишварҳо ин оини идонаи худро густариш доданд.  То ин муддат якуми майро келтҳо (ирландиҳо, галлҳо, бритҳо ва ғайра) ҷашн гирифта, гулханҳо низ меафрӯхтанд. Шабонгаҳ, дар арафаи ид, болои талу теппаҳо ва зери дарахтони муқаддас оташ афрӯхта, тулӯи офтобро ҳамчун нишонаи ворид шудани гармии тобистон ва эҳёи табиату ҳаёт бо базму рақсу шодию нишот истиқбол мегирифтанд. Чорвои хонагиро ба саҳро бароварда, аз Офаридгор офияту зиёдшавии саршумори онҳоро металабиданд.

Баъди аз ҷониби римиён муҳосира гардидани аксари кишварҳои Аврупо ҷашни олиҳа – Флора моҳияти умумиқитъавӣ пайдо мекунад ва баъдтар олмониҳову скандинавиҳо бо афрӯхтани гулхан, ки гӯё бадию сеҳрро аз маҳалли истиқоматашон дур мекарда бошанд, иди майро ҷашн мегирифтагӣ шуданд.

Якуми май иди ягон дину мазҳаб набуда, аз вобастагӣ ба ҳама гуна мақомот ва ҳизбу гурӯҳҳо озод мебошад. Дар ин маврид хулосаи рӯзномаи англисии «Гардиан»-ро зикр кардан бамаврид аст: «Иди май ягона идест, ки калисову ҳукумат натавонистанд ҷашнгирии онро зери назорати хеш бигиранд».

Дар асрҳои миёна англисҳо иди майро бо оинҳои хоси миллии худ ҷашн мегирифтанд. Бегоҳӣ зану мард ба сайри дашту саҳро баромада, субҳи барвақт бо дастагулҳову навдаҳои сершоху барг баргашта, баробар бо тулӯи офтоби оламоро иди майро истиқбол мегирифтанд. Гирди дарахти рамзии «дарахти май» базми идона ороста, шоҳу маликаи майро интихоб карда, рақсу бозӣ ва хушҳолӣ мекарданд. Бо баргузории чунин ҷашн мардум бар он бовар буданд, ки маҳсулнокии зироатҳои кишту кор ва боғу киштзор зиёд шуда, сернаслии одамону ҳайвонот меафзояд. 

Дертар ҷашнгирии якуми май шакл ва мазмуни худро дигар карда, ба иди байналмилалии мардумӣ табдил ёфт. Соли 1644 парлумони Англия ҷашнгирии «дарахти май»-ро барҳам дода, бо барқарор шудани монархия дар соли 1660 онро аз нав ҷашн мегирифтагӣ шуд. Солҳои баъдӣ, бо вуҷуди аз даст додани мавқеъ ва моҳияти оммавии худ, якуми майро дар аксари кишварҳо ҳамчун иди меҳнаткашон ҷашн мегирифтанд. 

Сабаби пайдоиши чунин намоиши оммавии меҳнаткашон, ки боиси марги чанд нафар аз эътирозчиёни он гардид, меҳнати тоқатфарсои коргарони корхонаи Чикагои Америкаи Шимолӣ бар зидди соҳибони корхонаҳои саноатӣ буд. Соҳибони заводу фабрикаҳо ғайр аз рӯзи якшанбе коргаронро 16 соат кор фармуда, ҳаққи меҳнати ночиз медоданд. Барои беҳтар кардани зисту зиндагонии коргарон Федератсияи иттифоқҳои касабаи Америка ва Канада пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми майи соли 1886 сар карда, рӯзи кории 8-соата муқаррар карда шавад. Ин иқдом аз ҷониби коргарони корхонаҳои саноатии дигар кишварҳо, аз қабили Англияву Россия, Франсия, Италия, Испания ва Голландия ба нишони корпартоиву намоишҳои оммавӣ ҷонибдорӣ ёфт. Соли 1889 дар шаҳри Парижи Франсия Конгресси ҳизбҳои сиёсии сотсиалистии ҷаҳон баргузор гардид. Конгресси мазкур қарор қабул намуд, ки ба хотири муқаррар шудани рӯзи кории ҳаштсоата 1-уми майи соли 1890 роҳпаймоии эътирозии умумиҷаҳонӣ баргузор карда шавад.

Аз он ба пас, ҳар сол меҳнаткашони рӯи олам дар якҷоягӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касаба барои боз ҳам беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ, зисту зиндагонӣ, рушди истеҳсолот, қадршиносии аҳли меҳнат, ба инобатгирии манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба ба намоишҳо мебароянд.

 

Раҷабалӣ  Сангов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш