Нашрияи Омӯзгор

Худомӯзӣ  худафрӯзист

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 96        Шарҳ: 0

 

Барои пурмазмуну шавқовар гузаронидани дарс муаллим бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки пайваста омӯзад ва ҳунару маҳорати касбии хешро такмил бахшад. Барои худомӯзӣ ва сайқал додани дониши омӯзгорон, пеш аз ҳама, истифодаи ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор» ва «Мактаб» ба мақсад мувофиқ мебошад. Шахсан ман, ки аз фанҳои забон ва адабиёт 22 сол боз дарс медиҳам, аз рӯзномаву маҷаллаҳои мазкур ҳамеша истифода мебарам. Мақолаҳои методӣ ва дигар маводи нашрияҳои номбурда ҷолибу омӯзанда буда, барои хотирмону шавқовар гузаронидани ҳар як мавзӯи дарсӣ ёрирасони беминнати мананд.

Худомӯзӣ худафрӯзист, бинобар ин, омӯзгоре, ки пайваста меомӯзад, метавонад бо фурӯғи дониши хеш роҳи хонандагонро дар ҷодаи илму маърифат мунаввар гардонад. Танҳо ба барномаи таълимӣ қаноат намуда, ба комёбӣ ноил шудан аз имкон берун аст. Омӯзгор пайваста тарзи кор ва услуби  дарсгузарии худро бояд такмил диҳад ва дар дарс аз асбоби аёнию техникӣ мунтазам истифода барад. Инчунин, омӯзгорро мебояд кабинетҳои фаннӣ ташкил карда, онҳоро бо асбоби аёнӣ муҷаҳҳаз гардонад. Робита ва муносибати худро бо падару модарон мустаҳкам намуда, дар кори таълиму тарбияи фарзандонашон маслиҳатгари беҳтарин бошад. Маҳз бо ҳамин роҳҳо омӯзгор дар кори донишомӯзии хонандагон саҳми арзанда гузошта метавонад.

Ба андешаи ман, аз баъзе семинарҳое, ки хушку бемаҳсуланду чандин рӯз мегузаранд, мутолиа ва истифодаи мақолаҳои методии ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Мактаб» «Маърифати омӯзгор» ва «Маорифи Тоҷикистон» ба муаллим зиёдтар нафъ мебахшад.

Меҳриниссо НАЗАРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш