Нашрияи Омӯзгор

Корнамоиҳои ҷанговарон фаромӯш намешаванд

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

 

Аз нигоҳи олимону муҳаққиқон ва таърихшиносон дар таърихи инсоният Ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз ҷангҳои мудҳиштарин ба ҳисоб меравад.

Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ ИҶШС ба хотири ҳифзи Ватан бар зидди истилогарони фашист бархос-танд. Ҷанги хонумонсӯз ҷони чандин миллион фарзанди халқу миллатҳои гуногунро ба коми худ фурӯ бурд. Имсол расо 75 сол пур мешавад аз Пирӯзии бузург бар фашизм. Дар ин ҷанг беш аз 72 давлати хурду бузург иштирок карда, набардҳои хунин ва амалётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтааст. Дар ин ҷанг зиёда аз 60 миллион нафар ҷони худро талаф доданд. Аз Тоҷикистон қариб 260 ҳазор нафар дар қатори дигар даъватшудагони собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ дар ин ҷанг иштирок намуданд ва 90 ҳазори онҳо дар ин ҷанги ҷаҳонӣ ҷони худро талаф додаанд. Барои корнамоиҳо ва мардонагӣ нишон додан ба 54 нафар шаҳрванди Тоҷикистон унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. 18 нафари дигар дорандаи ордени «Шараф» буда, даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, корнамоиҳои Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қарабоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов ва дигар ҷанговарони тоҷик ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромӯш намешаванд.

Бояд қайд кард, ки дар он давра на танҳо мардон, балки занону духтарон ҳам ба фронт фиристода мешуданд. Аз инҳо лётчикзан Ойгул Муҳаммадҷонова, санитаркаи одӣ А. Исоева, духтур Софя Ниёзова, ҷанговарон Аслия Маҳмудова, Маҳбуба Турсунова ва дигарон дар баробари мардон корнамоиҳо нишон додаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд кардаанд: «Дар Рӯзи ғалаба мо мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳои онҳоеро, ки Ватанро ҳифз ва ҳаёти осудаҳолонаро таъмин намудаанд, қадр намуда, ба хотири онҳо сари таъзим фуруд меорем». Суханони самимии Сарвари давлат мо, омӯзгоронро водор месозад, ки аз таърихи гузаштаи худ сабақ бигирем ва кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем.

Гулнора ҒАФФОРОВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи

 мактаби №1-и

шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш