Нашрияи Омӯзгор

Воситаи такмилбахши забономӯзӣ

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Дар аҳди Шӯравӣ дар мактабҳои Тоҷикистон зери дастури сиёсати идеологии замон ҳам забони русӣ ва ҳам адабиёти рус ҳамчун фанҳои бонуфуз дар алоҳидагӣ таълим дода мешуданд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии кишвари соҳибистиқлоламон танҳо забони русӣ ҳамчун фанни махсус омӯхта мешавад.

Воқеан ҳам, забони русӣ яке аз забонҳои бонуфузи олам буда, аз забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад. Бо ин забон мардуми ИДМ байни ҳам муошират мекунанд. Забони русӣ хеле тавонову ғановатманд мебошад ва тавассути он адабиёти ҷаҳонгир офарида шудааст. Донистани забони русӣ барои тоҷикон низ ба аҳамияти махсус молик мебошад. Ин забонро омӯхта, мо доираи муоширатамонро васеъ мекунем, адабиёти асили русиро ба забони  асл мехонем, дар сафарҳо бисёр монеаҳоро бартараф месозем. Махсусан, барои муҳоҷирати меҳнатӣ  донистани забони русӣ муҳим мебошад…

Ҳамчун фанни алоҳида омӯхта нашудани адабиёти рус ҳаргиз маънои қатъи назар аз ин адабиёти оламшумулро надорад. Омӯзгорони соҳибтаҷрибаю мумтози забони русӣ зимни таълими забони русӣ мекӯшанд, ки шогирдони худро ба қадри имкон аз мазмуну муҳтавои асосии адабиёти рус ва  ҳаёту эҷодиёти маъруфтарин  намояндагони он огаҳ намоянд, аз ин лиҳоз, ба онҳо маълумоти ҷолибу рангин дастрас созанд. Огаҳӣ аз дунёи маънавии шахсиятҳои барҷастаи олами адаби ҷаҳон, ба монанди Л.Толстой, Д.Достоевский, И.Тургенев, А.Чехов, Н.Гогол… барои хонандагони тоҷик басо муфид хоҳад буд.

Дар ҷараёни дарсҳои  забони русӣ дар мавридҳои мувофиқ дар бораи ин адибон ва осори онҳо нақл кардан мундариҷаи дарсро такмил мебахшад. Ҳамчунин, оид ба ҳаёт ва эҷодиёти адибони номвари рус ташкил намудани чорабиниҳои беруназсинфӣ (маҳфилу ҷашнвораву конфронсҳо) манфиатовар аст. Ин гуна тадбирҳоро, махсусан, ба ифтихори солгарди ҳаёти адибон оростан мувофиқ аст. Чунончи, соли гузашта 250-солагии адиби шуҳратёри рус Иван Андреевич Крилов дар саросари ҷаҳон таҷлил гардид. Ба ин муносибат конфронсу ҳамоишҳо баргузор шуданд, китобҳои адиб бознашр гардиданд. Дар Тоҷикистон низ дар сатҳи гуногун (дар аксар таълимгоҳҳо) ин санаи адабӣ таҷлил карда шуд.

Бояд гуфт, ки И.А.Крилов  дар таърихи адабиёти русу ҷаҳон ҳамчун масалнависи беҳамто  шинохта шудааст. Ӯ соли 1769 дар шаҳри  Маскав таваллуд ёфта, соли 1844 дар Санкт-Петербург аз олам даргузаштааст. Нахустин китоби масалҳояш соли 1809 ба нашр расида, зуд мақбули ҳамагон гаштааст. Масалҳои И.А.Крилов ифодагару маҳкумсози беадолатиҳои табақаҳои ҳукмрон нисбат ба мардуми заҳматкаш будаанд. Як силсила масалҳои ин адиби  мубориз ва ҳимоятгари халқи мазлум-«Гургҳо ва гӯсфандон», «Ду бочка», «Вабои ҳайвонот», «Асп ва савора», «Рақси моҳӣ», «Деҳқонон ва дарё», «Баргҳо  ва решаҳо», «Гург дар сагхона»… бо моҳияти баланди иҷтимоияшон  садсолаҳост, ки маъруфанд.

И.А.Крилов ҳаёти хеле ибратбахшу пурсамаре ба сар бурдааст. Ӯ то ба имрӯз яке аз нависандагони маҳбуби халқи рус ва яке аз масалнависони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ боқӣ мондааст…

Омӯзиши адабиёти рус тавассути дарсҳои забони русӣ ба вусъати ҷаҳонбинии хонандагон, огаҳии бештари онҳо аз адабиёти пешқадам  ва  такмили захираи луғавии шогирдон мусоидат хоҳад кард.

 

Дилрабо Икромова,

омӯзгори забони русии мактаби №19-и шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш