Нашрияи Омӯзгор

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 144        Шарҳ: 0

 

26 апрели соли равон қалби яке аз собиқадорони маориф, кимиёшиноси барҷаста, бунёдгузори литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ПВ» Ҳотамов Абдуфаттоҳ аз тапидан бозмонд. Даргузашти ин омӯзгори асил барои соҳаи маориф талафоти бузургест. Ӯ солҳои зиёд дар ин соҳа   фаъолият бинмудаву ҷиҳати рушду такомул ва пешрафти он талошҳои зиёд кардааст.

Ҳотамов А. 7-уми марти соли 1951 дар деҳаи Чамани шаҳри Ваҳдат дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаб ба факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳуҷҷат супурда, онро ҳамчун мутахассиси соҳаи кимиё ба итмом расонд.

Солҳои зиёд ҳамчун омӯзгори химия дар мактабҳои олии кишвар, аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф кор карда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони соҳаи маориф саҳми назаррас гузоштааст.

Моҳи октябри соли 2003 бо талошу заҳматҳои зиёд муассисаи таълимии типи нав-литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ПВ»-ро таъсис дод, ки ин таълимгоҳ то имрӯз фаъолияти пурбор дорад. Дар ин ҷо дарсҳо аз рӯйи барномаи махсус, ки бо стандартҳои таълимии кишвар мувофиқанд, ҷараён мегиранд. Забони омӯзиш русӣ буда, ба таълими фанҳои дақиқ, аз қабили физика, химия, биология, информатика, математика ва забони англисӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.

Аксари шогирдони муассиса дар донишгоҳҳои бонуфузи дунё идомаи  таҳсил намуда, иддае ба таҳқиқу пажӯҳиш низ машғуланд. Чанде пеш яке аз таълимгирандагони литсей дар ширкати овозадори Googie ба кор пазируфта шуд, ки дар ин, пеш аз ҳама, саҳми Абдуфаттоҳ Ҳотамов зиёд мебошад.

Таълимгирандагони литсей дар озмуну сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ширкат варзида, шарафи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар арсаҳои ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Аз парчамбардони миллат мебошанд. Табиист, ки иштирок ва ғолиб омадан дар олимпиадаҳо шавқи шогирдонро ба омӯхтан ва аз худ кардани илму донишҳои нав бештар мекунад ва онҳо барои боз ҳам муваффақтар шудан талош менамоянд.

Ҳотамов А. аз усулҳои навтарини таълим истифода бурда, дар муддати начандон тӯлонӣ литсейро ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ табдил дод.

Ба гуфтаи шогирдон, равоншод яке аз тарафдорони роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар буд. Бо ҳамин мақсад, дар литсей омӯзгорону мутахассисони барҷастаро гирди ҳам оварда, масъалаи роҳандозии таҳсилоти фосилавиро дар литсей баррасӣ мекард. Барои шогирдон ҳамеша дастрас буд, соатҳои зиёд бо бачаҳо нишаста, роҳҳои ҳалли масъалаҳоро аз фанҳои физика, химия ва риёзӣ нишон медод, меомӯхт. 

Ӯ муътақид буд, ки кӯдакон бояд ҳатман ба таҳсилоти томактабӣ пурра фаро  гирифта шаванд, зеро дар омода ва бедорсозии бачаҳо ба омӯзишу таълим нақши кӯдакистонҳо калидист. Ҳамчунин, Ҳотамов А. мегуфт, ки гузаштан ба таҳсилоти 12-сола барои наврасону ҷавонони кишвар амри зарурист, чунки дар тӯли 11 сол хонандагон имкони пурра аз худ кардани барномаи таълимиро надоранд.

Шодравон талош дошт, ки барои литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ПВ» бинои алоҳидае бунёд намояд, то ки хонандагон дар шароити боз ҳам беҳтару хубтар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Аммо барои амалӣ кардани ин нияти некаш марги бемаҳал фурсат надод…

Ёди неки ин омӯзгори варзида ва инсони шариф дар дилҳои дӯстону пайвандон, ҷовидонист:

Баъд аз вафот турбати мо аз замин маҷӯй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вафоти бемаҳали омӯзгори маъруф, собиқадори маориф, муассис ва сарвари литсей-интернати тоҷикӣ-русии "Ҳотам ПВ" Ҳотамов Абдуфаттоҳ андуҳгин буда, ба аҳли оила ва хешовандони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва таслият мекунанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш