Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии судманд

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 144        Шарҳ: 0

 

15-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюти  доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуда, қайд карданд, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти маориф ва илм дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ ва Протоколи ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон - Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия забони ҷопонӣ таълим дода мешавад.

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни наттоқони забони ҷопонӣ баргузор мегардад. Инчунин, донандагони забони ҷопонӣ ҷиҳати таҳсил ва такмили забономӯзӣ ба Ҷопон сафарбар гардида, омӯзгорони соҳибзабон ва соҳибкасби ин забон ҷиҳати таълими забони ҷопонӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои болозикр аз Ҷумҳурии Ҷопон ҷалб карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2019 бо ташаббуси сафорати Ҷопон дар Душанбе ва маблағгузории ин кишвар дар Тоҷикистон се муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва ноҳияи Файзобод бо маблағи 3,6 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

 

М.Убайдуллоева


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш