Нашрияи Омӯзгор

Бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин мегарданд

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Барои бо либоси ягонаи мактабии босифат таъмин намудани толибилмон муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо марказ ва коргоҳҳои дӯзандагии кишвар шартномаи ҳамкорӣ мебанданд.

Раванди бастани шартномаи нақшаи либоси мактабӣ (шуъбаи маориф ва коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ) ба ҳолати 1 – уми апрели соли 2020 аз 376343 (ҷуфт) нақшаи пешбинигардида 60408 (ҷуфт) шартнома баста шудааст.

Имрӯз раванди бастани шартномаҳо миёни дигар муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ идома дорад. Баҳри назорати сифати маҳсулоти омодашаванда (либоси ягонаи мактабӣ) гурӯҳҳои махсус аз раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллӣ масъул гаштаанд. Шартнома баҳри таъминоти либоси ягонаи мактабӣ дар мувофиқа ва ҳамкории зич бо кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад.

 

Кумаки иқтисодӣ ба мактаб - интернатҳо

Соҳибкорони ватанӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони  алоҳида ба маблағи 226 ҳазору 573 сомонӣ ба мактаб - интернатҳои вилояти  Хатлон давоми соли 2020 кумакҳои молиявӣ расониданд.

Соли таҳсили 2019-2020 дар вилояти Хатлон 15 мактаб - интернат фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 2 адад кам мебошад. 4 муассиса мақоми ҷумҳуриявиро дорост. Хусусан, аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Кӯлоб ва Ш.Шоҳин 1 муассиса мақоми вилоятӣ - интернати наздимактабии Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, 1 муассиса хонаи бачагони ноҳияи Фархор, 1 интернати бачагони болаёқат воқеъ дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, 1  мактаб - интернати ёрирасон дар деҳаи С.Зарипови шаҳри Кӯлоб ва 7 муассисаи дигар интернатҳои маҳаллии ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Арали Восеъ, Танобчӣ ва Кангурти Темурмалик, Вахш ва Муъминобод мебошанд. 

Фаъолияти мактаб - интернати кӯдакони ятим №1 - и ноҳияи Кӯшониён, интернати наздимактабии ноҳияи Ховалинг бо қарори раисони ноҳияҳои мазкур қатъ карда шуд. Ин боиси 2 адад кам гардидани муассисаҳои мазкур дар вилояти Хатлон гардид. Ҳамзамон, бо қарори раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ литсей-интернат ба литсейи хонандагони болаёқати №1 табдил дода шуд.    

Дар 15 мактаб - интернати вилояти Хатлон 2576 нафар кӯдакону наврасон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 556 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

 

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш