Нашрияи Омӯзгор

Каҷрафтор ба манзил намерасад

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Дар ҳамаи давру замонҳо зуҳуроту мушкилоти гуногуне мавҷуд буданд, ки садди роҳи пешрафту тараққиёти бемайлони ҷамъият мегардиданд. Яке аз чунин мушкилоти ҷиддӣ дар ҷомеа фасод ва ришва маҳсуб мешавад, ки вобаста ба пешрафти ҷамъият дар ҳар марҳила бо қолабҳои нав ба маҷрои зиндагии инсонҳо ворид мешавад.

Коррупсия яке аз масъалаҳои печидаи ҷомеаи муосир ба шумор рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омада, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди коррупсия 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. 9 декабри соли 2003 дар як конфронси байналмилалии сиёсӣ зиёда аз сад давлати дунё ба Коневенсияи мазкур аъзо гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ 25 сентябри соли 2006 ба ин конвенсия ҳамроҳ гардид ва ба ин васила санади мазкур ба  низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки инсон ҳамеша мехоҳад, то ҳар чӣ зудтар ва бо роҳи соддатаре ба орзуву омоли худ даст ёбад ва ё бо ҳар роҳе бошад, ба давлату сарвати бештар дастрасӣ пайдо кунад. Маҳз ҳамин табиати инсонӣ боиси рушд намудани зуҳуроти номатлуби ришвадиҳиву ришваситонӣ дар ҷомеа мегардад. Аммо, мутаассифона, инсонҳо баъзан ба хотири манфиатҳои инфиродии худ манфиати ҷамъияту давлатро нодида мегиранд, ки ин омил метавонад паёмадҳои ҷидди дошта бошад. Зеро афзоиши ин падида боиси касодии иқтисоди давлатҳо гардида, дар роҳи амалӣ шудани нақшаву ҳадафҳои давлатӣ монеа эъҷод менамояд.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб иқдому ташаббусҳои муайянеро ба кор гирифтааст.  Чунончи, бо мақсади муборизаи густурда бо коррупсия дар ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 бори аввал барномаи зиддикорупсионии давлатии «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012»-ро қабул кард ва амалӣ гардонд. Бо дарназардошти натиҷаҳои хуби бадастомада дар доираи татбиқи стратегияи мазкур дар марҳилаи баъдӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расид. Дар муқаддимаи стратегияи мазкур омадааст:  «Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсати роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад».

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои барои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкорнамоӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, муносибат ва бархӯрди қонунӣ бо ҷараёни коррупсия дар доираи ду санади меъёрии ҳуқуқии дигар - Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 319,320) ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Санадҳои зикршуда ҷанбаҳои мухталифи муносибату бархӯрд бо ин зуҳурот, инчунин, меъёрҳои қонунии ҷазоро нисбат ба ашхосе, ки ба чунин кирдор даст мезананд, муайян кардааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани бархӯрди ҷиддӣ бо омоли коррупсионӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми январи соли 2007 ниҳоди махсуси назоратӣ ташкил шудааст, ки сиёсати давлатиро дар самти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия татбиқ менамояд.

 Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи кутоҳи соҳибистиқлолии худ баҳри пурра решакан намудани ҳолату омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда корҳои муайянеро ба анҷом расонида, дар самти мубориза бо ҳама гуна омоли номатлуб ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидааст.

Хусрав Ҷалилзода,

муовини раиси суди

иқтисодии вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш