Нашрияи Омӯзгор

Асари бузурги бостонӣ

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

Нисбат ба фанни география аксари хонандагон таваҷҷуҳи махсус доранд ва мехоҳанд, ки онро ҳар чӣ бештар фаро гиранд. Дар ҳақиқат, олами атрофи мо ва паҳнои минтақаю ҷаҳон хеле ҷолибу рангин буда, воқеияти зиёди шоистаи омӯзиши васеъ дорад.

География яке аз илмҳои қадимӣ маҳсуб меёбад ва диққати олимонро садсолаҳост, ки ба худ мекашад.  Мутахассисон географияро ҳамчун илме тавсиф бахшидаанд, ки комплексҳои ҳудудии табиӣ ва истеҳсолиро бо мақсади самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ меомӯзад. Дар забони тоҷикӣ ба ҷои вожаи «география» вожаи «ҷуғрофия»-ро низ истифода мебаранд, ки ин иртибот ба номи қадимии фанни мазкур дорад. Аз аҳди бостон дар соҳаи география асарҳои зиёде навишта шудаанд. Албатта, омӯхтани ҳамаи онҳо барои як нафар аз имкон берун аст, аммо донистани мазмуну муҳтавои як қисм осори географӣ ба таври фишурда бошад ҳам, барои омӯзгори ин фан амри зарурӣ мебошад. Аз ҷумла, барои омӯзгорони география муфид аст, ки оид ба яке аз асарҳои бостонии географӣ, ки ба қалами Страбон мансуб мебошаду «География» ном дорад, маълумот дошта бошад. Страбон ҷуғрофиёдон ва таърихнигори маъруфи Юнони Қадим буда, асари мазкурашро тақрибан соли 7-уми мелодӣ таълиф кардааст. Мувофиқи ахбори маъхазҳои қадимии юнонӣ «География»-и Страбон аз 17 китоб иборат буда, дар он дар асоси санаду далелҳои фаровон мавқеи ҷойгиршавии кишварҳову вилоятҳо, мардуму халқиятҳои сокини онҳо, масофаву масоҳат, шароити табиӣ, иқлим ва монанди инҳо тавсиф ёфтааст. Ду китоби аввали «География» моҳияти назариявӣ доранд. Мавзӯи баҳси китобҳои дигар ба ин гуна аст: китобҳои 3-6; Испания, Галлия, Британия, Италия, Ситсилия, китобҳои 7-10; Аврупои Шимолӣ ва Шарқи, нимҷазираи Балкан ва Юнон, китобҳои 11-14; кишварҳои шимолӣ ва шарқии назди баҳри Сиёҳ ва Осиёи Хурд, китобҳои 15-17; Ҳиндустон, Баҳрайннаҳрайн, Арабистон ва Миср.

Мутаассифона, нусхаи пурраи ин асари бузург то ба замони мо нарасидааст. Нусхаи номукаммали он соли 1472 ба забони лотинӣ нашр шудааст.

Барои навиштани «География» Страбон солҳои зиёди умрашро сарфи сафари қитъаҳои олам карда, аз китобхонаҳои бонуфузи замонаш истифода бинмудааст.

«География» мувофиқ ба ҳадафи муаллифони ҳамчун асари  дастурамали мардумшиносӣ ва раҳнамои ҷуғрофию таърихӣ иншо гардидааст. Ин асар таҳқиқоти доманадори нодир буда, маълумоти зиёдеро фаро мегирад, ки ба илмҳои таъриху фалсафа, этнографияву геометрия ва адабиёт низ  мутааллиқанд.

Олимони ҷуғрофиёдони асрҳои 15-16 барои тасвири харитаи мукаммали Замин аз «География»-и Страбон ба таври фаровон истифода кардаанд. Ин асар соли 1994 ба забони русӣ тарҷума ва дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст. Шиносоӣ бо он барои худомӯзии омӯзгорони география хеле муфид хоҳад буд.

Ризқия Ибрагимова,

омӯзгори географияи мактаби №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш