Нашрияи Омӯзгор

Адабиёти бадеӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

Дар мактаб, пеш аз ҳама, дар ҷараёни дарсҳо бо мақсади таълиму тарбияи фарогиру босамари хонандагон аз воситаҳои гуногун, методҳои муассир ва тадбирҳои рангин васеъ истифода бурда мешавад.

Омӯзгорон бар он мекӯшанд, ки таваҷҷуҳи шогирдонро ба омӯзиш ҳар чӣ бештар ҷалб намоянд, машғулиятҳо барои онҳо шавқовару ҷолиб бошанд. Албатта, истифодаи ҳамаи методҳо дар дарсҳо дар ин ё он сатҳ самаровар хоҳад буд, ҳамаи методҳо барои бештар ҳадафгир гардидани машғулиятҳо корбаст мешаванд. Вобаста ба таҷрибаву маҳораташ ва мувофиқ ба мазмуну мундариҷаи дарс (мавзӯъ) омӯзгор ин ё он методу усули таълимро интихоб менамояд. Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ таълиму тарбияро бидуни истифодаи ҳамешагию бавусъат аз адабиёти бадеӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Адабиёти бадеӣ қувваи тавонои тарбиявӣ, манбаи бузурги омӯзиши ҳаматарафа эътироф шудааст. Дар таълими тамоми фанҳо аз имконоти ин адабиёт ба таври шоиста метавон истифода кард. Ин нукта барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ истисно нест. Истифода аз адабиёти бадеӣ дар ин синфҳо ба боло рафтани шавқу завқи хонандагон нисбат ба таҳсил мусоидат мекунад. Намунаҳои мақбулу мувофиқи ин адабиётро илова ба он маводе, ки дар китобҳои дарсӣ оварда шудаанд, омӯзгор бояд дарёфтаву интихоб созад ва мавриди истифода қарор бидиҳад. Муҳаққиқони соҳа адабиёти кӯдаконаро мувофиқи синну сол ва психологияи хонандагон чунин гурӯҳбандӣ кардаанд:

1.         Барои кӯдакони синни томактабӣ, 2. Барои кӯдакони синни хурди мактабӣ, 3. Барои кӯдакони синни миёнаи мактабӣ, 4. Барои наврасон (синни калони мактабӣ).

Салоҳ он аст, ки истифодаи адабиёти кӯдакона дар синфҳои ибтидоӣ аз рӯй овардан ба эҷодиёти шифоҳии халқ (фолклор) оғоз ёбад. Дар фолк-лори тоҷик барои кӯдакон афсонаю ҳикояту шеъру чистону тезгӯякҳои зиёде мавҷуд аст. Онҳо хеле содаю самимӣ, равону шавқовар гуфта шудаанд, ҷанбаи амиқи тарбиявӣ доранд. Ба шунидани афсонаву пораҳои шеърии халқӣ хонандагони зинаи аввали таҳсилот ҳанӯз то ба мактаб омадан мароқ пайдо мекунанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки аксари кӯдакони мо дар канори модару дар кӯдакистон афсонаҳои зиёди мардумӣ, аз ҷумла, «Бузаки ҷингилапо»-ю «Бибигамбусак», «Рӯбоҳ ва лаклак»-у «Мусича»-ро шунидаанду дӯст доштаанд. Фолклор заминаи мусоидест барои ба омӯхтану фаҳмидани адабиёти бадеӣ омода намудани кӯдакон. Адабиёти кӯдаконаи тоҷик таърихи дерин дорад. Адибони мо аз қадим кӯшидаанд, ки барои фарзандон низ асарҳо эҷод намоянд. Ин гуна асарҳо бештар хусусияти панду насиҳатӣ доштанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин осор «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус мебошад, ки садсолаҳо боз хонандагонашро дар ҷодаи ростию накукорӣ, инсондӯстию шарафмандӣ даъват менамояд.

Дар асри 20 адабиёти кӯдаконаи тоҷик ҳамчун як шохаи махсуси адабиёт ташаккул ёфт. Як гурӯҳ адибоне ба майдон омаданд, ки махсус барои бачаҳо эҷод намуданд. Дар оғоз адибони маъруф устод С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, А.Деҳотӣ, П.Толис дар қатори асарҳо барои калонсолон барои кӯдакон низ осори ҷолиб иншо карданд. Наслҳои нави адибони мо ин анъанаи онҳоро марҳила ба марҳила идома бахшиданд…

Дар сурати мутолиаи пайваста ва ҷустуҷӯву интихоби муваффақона омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ метавонанд адабиёти бадеиро ҳамчун як сарчашмаи таъсиргузори таълиму тарбия мунтазам ва самарабахш истифода намоянд.

 

Нигина МИРЗОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

гимназияи хусусии «Тоҷикистон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш