Нашрияи Омӯзгор

Роҳи пуршараф ва ибратомӯзи адиб

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

Нависанда ва рӯзноманигори шинохта Абдуғаффори Партав дар адабиёти тоҷик тайи солиёни зиёдест, ки заҳмат кашида, асарҳои  ҷолибу хонданӣ таълиф намудааст.

Адиби сермаҳсул пайроҳаи эҷодии худро аз маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» шурӯъ карда, баъдан дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва  санъат» фаъолияти густурда доштааст. А.Партав тайи чанд сол дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Русский язык в школе» кор кардааст.  Бояд зикр намуд, ки нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда бо номи «Деҳи баланд» бо пешгуфтори адабиётшинос, шодравон Атахон Сайфуллоев чоп шуда, минбаъд пайдарпай асарҳои калонҳаҷми ӯ пешкаши хонандагон ва ҳаводорони эҷодиёти шавқангезу рангини адиб гардидаанд. Китобҳои «Аҳли дил», «Нури дида», «Сарои канора», «Истиқбол», «Кадхудо», «Ниниро об мебурд», «Илм фидоӣ мехоҳад» аз ин қабил маҳсуб ёфта, Абдуғаффори Партав, ҳамчунин, дар тарҷумаи асарҳои адибони оламшумул, аз ҷумла, А.Чехов, Ч.Айтматов ва нависандагони гурҷӣ қувваозмоӣ намудааст. Қиссаҳои «Ғубори роҳ», «Санам» ва романи «Иёр»-и нависанда баҳси гарму ҷӯшонеро дар байни адабиётшиносону ноқидони сухан ва хонандагон ба вуҷуд овардааст. Адабиётшиноси сермаҳсул Шодӣ Шокирзода фаъолияти зиёда аз 40-солаи эҷодии адиби тавоноро дар китоби «Оинадори муҳаббату зебоӣ» таҳлилу баррасӣ намуда, ба асарҳои ӯ баҳои сазовор додааст. Дар мақолаҳои «Оинадори муҳаббату зебоӣ», «Ҳақиқат дар ҳама ҷо шарт», «Зиндагӣ идомаи ҳастист» муаллифи монография  сабку шева, услуби эҷодӣ ва забони осори Абдуғаффори Партавро мӯшикофона таҳлилу баҳогузорӣ намуда, андешаҳои нависандагону адабиётшиносони маъруф, аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Холиқ Мирзозода, Атахон Сайфуллоев, Гулназар, Асадулло Саъдуллоев, Шамсиддин Солеҳов, Сафар Сулаймонӣ, Ирина Каримова, Ҳамроқул Шодиқулов ва чанди дигарро дар хусуси навиштаҳои адиб иқтибос овардааст.

Ба таъкиди Шодӣ Шокирзода, «Абдуғаффори Партав соҳиби дили бузург аст, диле, ки собиру шикебо ва дар роҳи мақсуд устувор, саршори меҳру муҳаббат, таровату зебоӣ, шодмонию саодат аст ва мехоҳад ҳамаи фазилату некиҳои оламро бо мардум қисмат намояд, тавассути калом дар дилҳои эшон тухми вафову меҳр бикорад».

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш